Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Tasviri zamini koridashudaДавраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ кишоварзони ҷумҳурӣ то санаи 05.06.2017 дар майдони зиёда 174681 га кишти пахта гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12123,5 га зиёд мебошад. Айни замон майдонҳои пахтазор пурра баромада, чорабиниҳои агротехникӣ дар он мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

Имрўзҳо майдони 10203 га пахтазор дар ҳолати аз 1-2 баргаи ҳақиқӣ, 37305 га дар ҳолати 3-4 барга, 53504,4 га дар ҳолати 5-6 барга, майдони 1537 га дар ҳолати шонабандӣ ва майдони 1537 дар ҳолати гулкунӣ мебошад. Инчунин, дар майдони 173966 га коркарди байни қаторҳо, 126977 га озуқадиҳӣ ва майдони 163132 га оби нашъунамо дода шудааст.

BoghДурнамои бунёди боғу токзор 103 % иҷро шуд

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 12.2015, № 793 “Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” кишоварзони ҷумҳурӣ то санаи 05.06.2017 дар майдони 4195 га боғу токзори нав бунёд карданд, ки баробари 103,2 %-и иҷрои дурнамо мебошад.

Соли ҷорӣ кишоварзон аз тамоми имкониятҳо истифода карда, боғу токзорҳоро пурра дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд намуданд. То имрўз кишоварзони вилояти Хатлон 1579 га ва Суғд 1550 га боғу токзори нав бунёд карданд, ки мутаносибан ба 135 — 149,8 %-и иҷрои дурнамо баробар мебошад.

KishtКишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ идома дорад

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ то санаи 05.06.2017 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 410759 га кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронидаанд, ки 96 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин, то имрўз дар ҷумҳурӣ майдони 121782 га кишти баҳории ғалладонагиҳоро гузаронидаанд, ки 95 %-и иҷроиши нақшаро ташкил дод. Кишти картошка бошад дар майдони 20882 га гузаронида шудааст, ки 93 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар майдони 30061 га сабзавот кишт карда шудааст, ки майдони 12158 гектари онро кишти сабзавоти барвақтӣ дастрасии мардум бо маводҳои аввалияи озуқаворӣ ташкил медиҳад. Аз майдони умумии кишти сабзавот 4978 га помидор, 1987 га бодиринг, 883 га карам, 3564 га сабзӣ, 13981 га пиёз ва майдони 4668 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳад.

Sabzavot_2Истеҳсоли сабзавот аз гармхонаҳо

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ имсол дар ҷумҳури майдони умумии гармхонаҳои доимоамалкунанда ба 66 га расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 га зиёд мебошад. Кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 35 га, бодиринг 12 га ва дигар сабзавотҳо 19 га кишт намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 05.06.2017 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 698,9 тонна помидор, 354,2 тонна бодиринг ва 378,7 тонна маҳсулоти дигар сабзавотҳо, ҷамъ 1432 тонна маҳсулот тару тоза ҷамъоварӣ карда, ба бозор бароварда шуд.

 Tracktor-2Оғози кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

Имсол тибқи дурнамо кишти такрорӣ дар ҷумҳурӣ 74490 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 461 зиёд мебошад. То санаи 05.06.2017 дар ҷумҳурӣ 4668 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 6 фоизи иҷрои дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 492 га зиёд мебошад.

Дар ҷумҳурӣ асосан кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз ёфтааст, ки тибқи дурнамо имсол кишоварзони вилоят дар майдони 47000 га кишти такрории зироатҳои кишоварзиро мегузаронанд. То санаи 05.06.2017 дар майдони 4668 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.

chorvodoriРушди соҳаи чорводорӣ

Соли ҷорӣ дурнамои наслгирӣ аз моли майда 331761 сарро ташкил медиҳад. То санаи 30.05.2017 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ 329804 сар насл гирифта шудааст, ки 99,4 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад, ки ба 100 — сар меш ва модабуз 88 сари бараю бузғола рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9529 сар зиёд мебошад.

Читайте также: