Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Ҷавонон давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти кишвари азизамон саъю талош намуда, дар бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

                                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

 

Бунёди майдончаи варзишӣ аз ҷониби Вазорати Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ. Раҳмон рӯз аз рӯз кишвари соҳибистиқлоламон ободу зебо гардида, мардуми он дар як рӯҳияи якдигарфаҳмӣ ва фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд.

Хушбахтона, имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба солимии насли наврас таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мегардад ва дастгирию ѓамхорӣ дар ин самт пайваста идома дорад. Соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди кӯчаи Севастопол, назди бинои истиқоматии №18-и шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуд. Ин имкон медиҳад, ки боз як гӯшаи шаҳр зебо гардад ва аз ҳама муҳим барои ба варзиш машѓул шудани кӯдакону наврасон шароит муҳайё шавад.

Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, зимни ифтитоҳи майдонча ба сифати корҳои сохтумончиён баҳои баланд дода, ба роҳбарияти вазорат барои бунёди майдончаи мазкур изҳори миннатдорӣ намуд. Майдончаи варзишӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои муосир сохта шуда, кӯдакону наврасон аз он пайваста истифода мебаранд. Сокинони биноҳои назди майдонча аз ѓамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти шаҳри Душанбе изҳори хушнудӣ намуда, аҳамияти онро дар солимии ҷомеа, бахусус кӯдакону наврасон муҳим арзёбӣ намуданд. Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки бо маром идома дорад, барои тарбияи насли солим заминаи воқеӣ гузошта, дар баланд бардоштани шуурнокиву ташаккули наврасону ҷавонон нақши муассир мегузорад.

Читайте также: