Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷа ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Оғози кишти пахта дар ҷумҳурӣ

Пахта яке аз маҳсулоти содиротии давлат ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида ҳосилнокии он меафзояд. Кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки соли ҷорӣ дурнамои майдони кишти пахтаро ба 187500 га расонида, аз ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад. Кишти пахта имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, 1867 адад техника бо тухмипошакҳо ба кишти пахта сафарбар карда шудааст.

Кишоварзон аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, то санаи 2.04.2018 кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ ба 42378 га расониданд, ки 22,6 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳури майдони умумии гармхонаҳо ба 76,9 га расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10,9 га зиёд мебошад. Кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 35,44 га, бодиринг 13,99 га, ва дигар сабзавотҳо 15,53 га кишт намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 30.03.2018 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 260,1 тонна помидор, 96,7 тонна бодиринг ва 190,5 тонна маҳсулоти дигар сабзавотҳо ҷамъ 547,3 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шуда, 

 

барои фурӯш ба бозор бароварда шуд.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Мувофиқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ майдони 104908 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ дар назар дошта шудааст, ки то санаи 30.03.2018 дар ҷумҳурӣ дар майдони 72634 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузоронида шудааст, ки 69,2 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 7820 га пешбини гардида, то санаи 30.03.2018 дар майдони 8009 га кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст, ки 102 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5131 га зиёд мебошад. Инчунин дар майдони 16995 га сабзавоти барвақтӣ кишт карда шудааст, ки баробари 102 фоизи иҷроиши дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4423 га зиёд мебошад.Бунёди

 

Бунёди боғу токзор

 

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, № 793 “Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бунёди боғу токзорҳои нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин муташаккилона идома дорад.

Тибқи дурнамо имсол дар майдони 3255 га бунёди боғу токзори нав дар назар дошта шуда, то санаи 30.03.2018 дар майдони 1613 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 49,6%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад. Бунёди боғҳои нав дар ҷумҳурӣ 1498 га (53,4%) буда, майдонҳои тогзор бошад 115 га (25,8%)- ро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо бунёди боғу токзорҳои нав дар вилояти Хатлон 934 га 79,8%, Суғд 386 га 153,2 % ва НТҶ 293 га 16,6 фоизро ташкил дод, ки ҳамаи онҳо дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд гардидаанд.

Омодагии техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба кишту корӣ бахорӣ

Пешбурди соҳаи кишоварзӣ аз ҳолати коршоямӣ ва дастрасии техникаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 01.03.2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 26355 тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 2191 тои он тракторҳои шудгоркунанда мебошад. Барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ дар се моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 590 техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 164 трактор, 129 ядаки тракторӣ, 24 тойбанд-тагрезчин, 181 испорҳои тракторӣ, 24 картошкашинонак, 18 картошкаканак, 15 тухмипошаки пахта, 5 дорупошаки тракторӣ, 10 коҳҷамкунан, 14 коҳмайдакунак, 6 пиёзчинак ва инчунин 31 адад техникаҳои ёрирасони кишоварзӣ аз он 15 экскаватор ва 16 адад техникаи борбардор ворид карда шудааст. Барои таъмин намудани кишоварзон бо мошинолотҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 81 Маркази хизматрасонии техникӣ (МХТ) фаъолият мекунанд. Аз ин миқдор дар вилояти Хатлон 35, вилояти Суғд 25, ВМКБ 8 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 то фаъолият доранд.

Ярмарка — фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ

Бо мақсади дастгирии сокинони шаҳри Душанбе ҷиҳати нигоҳ доштани болоравии нарху навои маҳсулотҳои ниёзи аввалияи мардум дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар бозори «Меҳргон», Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо», кӯчаи Ҳусейнзода, 36 (назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), майдончаи назди бозори «Қарияи боло» -и КВД «Оид ба истеҳсол, харид ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозори «Ховарон» аз 10 то 20.03.2018 ярмарка -фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 595 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, биринҷ, гӯшт, шир, тухм ва дигар маҳсулотҳо аз нархи бозор нисбатан 25-30 % арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Инчунин дар Фестевал-озмуни ҷумҳуриявӣ “Кулчаканд- лазатбахши хонаи мо”, ки рӯзи 7 марти соли ҷорӣ дар майдончаи назди бозори “Ёвар”- шаҳри Душанбе доир гардид хоҷагиҳои кишоварзие, ки роҳбарии онро занон ба дӯш доранд аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, фаъолона ширкат варзида, маҳсули дастони худро пешкаши сокинон ва меҳмононӣ ин чорабинӣ гардониданд.

Вазорати кишоварзӣ минбаъд низ барои баланд бардоштани рӯҳияи идонаи сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати ташкили ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи ҷашнҳои ҷумҳуриявӣ чорҳои судманд меандешад.

Читайте также: