Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Кишоварзӣ самти муҳими таъминкунандаи аҳолӣ бо маводи озуқа ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, инчунин заминаи боэътимоди ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб мешавад.                                                               

                                                                                                                                                                                                                                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ 62,1% иҷро шуд.

Пахта яке аз маҳсулоти содиротии давлат ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида ҳосилнокии он меафзояд. Кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки соли ҷорӣ дурнамои майдони кишти пахта, ки 187500 гектарро ташкил медиҳад дар рўзҳои наздик саривақт иҷро намуда, дар оянда аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, кор дар ин самт бо маром идома дорад. Кишти пахта имрўзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо суръат идома дошта, 1867 адад техника бо тухмипошакҳо ба кишти пахта сафарбар карда шудааст.

Кишоварзон аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, то санаи 10.04.2018 кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ ба 116405 га расониданд, ки 62,1 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳури майдони умумии гармхонаҳо ба 76,9 га расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10,9 га зиёд мебошад. Кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 35,44 га, бодиринг 13,99 га, ва дигар сабзавотҳо 15,53 га кишт намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 06.04.2018 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 281,1 тонна помидор, 106,7 тонна бодиринг ва 191,0 тонна маҳсулоти дигар сабзавотҳо ҷамъ 578,8 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шуда, барои фурўш ба бозор бароварда шуд.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Мувофиқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ майдони 104908 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ дар назар дошта шуда, то санаи 06.04.2018 дар ҷумҳурӣ дар майдони 79055 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузоронида шудааст, ки 75,4 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 179 га зиёд мебошад.

 

 

 

Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 7820 га пешбини гардида, то санаи 06.04.2018 дар майдони 8009 га кишти картошкаи барвақтӣ гузаронида шудааст, ки 102 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6712 га зиёд мебошад. Инчунин дар майдони 16995 га сабзавоти барвақтӣ кишт карда шудааст, ки баробари 102 фоизи иҷроиши дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6392 га зиёд мебошад.

Бунёди боғу токзор

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, № 793 Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бунёди боғу токзорҳои нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин муташаккилона идома дорад.

Тибқи дурнамо имсол дар майдони 3255 га бунёди боғу токзори нав дар назар дошта шуда, то санаи 06.04.2018 дар майдони 2052 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 63,0%-и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад. Бунёди боғҳои нав дар ҷумҳурӣ 1909 га (68,0%) буда, майдонҳои тогзор бошад 143 га (32,0%)- ро ташкил медиҳад.

Имрўзҳо бунёди боғу токзорҳои нав дар вилояти Хатлон 1031 га 88,1%, Суғд 563 га 2,2 маротиба ва НТҶ 458 га 25,9 фоизро ташкил дод, ки ҳамаи онҳо дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд гардидаанд.

Читайте также: