Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати тухмипарварӣ ва дастовардҳои селексионӣ то санаи 01.10.2015 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 65029 тонна тухмии зироатҳои кишоварзӣ захира карда шудааст, ки 47582,8 тоннаи онро ғалладонагиҳо ташкил медиҳад. Аз ин нишондод 42826,4 тоннаи он гандум, 3326,4 тонна ҷав, 338,7 тонна шолӣ 515,6 тонна ҷуворимакка, 369,0 тонна лубиёгиҳо буда, 206, 7 тонна дигар ғалладонагиҳоро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, то санаи мазкур дар ҷумҳурӣ 6,8 тонна полезиҳо, 2,4 тонна юнучқа, 65, 3 тонна сабзавот ва 17372,0 тонна картошкаи тухмӣ захира карда шудааст.

Дар вилояти Хатлон ҳамагӣ 30753 тонна тухмии зироатҳои кишоварзӣ захира карда шудааст, ки 30749,4 тоннаи онро тухмии ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка дар бар мегирад.

Дар вилояти Суғд низ маъракаи захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ идома дошта, то санаи зикршуда, ҳамагӣ 24905,1 тонна тухмии зироатҳои кишоварзӣ захира карда шудааст, ки 10010 тоннаи онро ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ то санаи мазкур 9371,7 тонна тухмии зироатҳои кишоварзӣ захира карда шудааст, ки 6823,4 тоннаи онро ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка ташкил медиҳад.

 295113 тонна пахта дар ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ карда шуд

Тибқи дурнамо, имсол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта 398220 тоннаро ташкил медиҳад ва мувофиқи маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ то санаи 30.10.2015 дар ҷумҳурӣ дар як рӯз ба миқдори 4574 тонна ва аз аввали мавсим 295113 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 74,1 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар рафти ҷамъоварии ҳосили пахта 132927 нафар чинакчиён машғули кор мебошанд.

Аз аввали мавсим то ба имрӯз кишоварзони вилояти Хатлон пешсаф буда то санаи зикршуда, ба миқдори 218533 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки баробари 79,4 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилояти мазкур барои ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта 100351 нафар чинакчиён сафарбар карда шудааст.

Кишоварзони вилояти Суғд низ муташаккилона машғули ҷамъоварии ҳосили пахта мебошанд, ки то таърихи 30.10.2015 ба миқдори 70344 тонна ҳосили пахта ба даст овардаанд, ки 62,8 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Баҳри ҷамъоварии ҳосили беталафи пахта айни замон 29021 нафар чинакчиён машғули кор мебошанд.

Ҳамчунин, маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ идома дошта, то санаи зикршуда, пахтакорони ин ноҳияҳо 6236 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 56,8 фоизро дар бар мегирад ва дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта 3555 нафар чинакчиён сафарбар карда шудаанд.

 Ҳосили ангур ва полезиҳо

Мувофиқи маълумотҳои раёсати Растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 30.10.2015 ба миқдори 82242 тонна мева ва 68244 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10094 тонна зиёд мебошад.

Ҳамзамон, соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар кишти полезиҳоро гузаронидаанд. То санаи 30.10.2015 майдони 17893 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2213 гектар зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214,7 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11,7 сентнерӣ зиёд мебошад.

Ҳосили умумии полезиҳо то санаи зикршуда, ба миқдори 384212 тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65849 тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот

Имсол, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21219 гектар кишти картошка гузаронида шудааст. Мувофиқи маълумотҳои Раёсати растанипарварӣ то санаи 30.10.2015 майдони 20649 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2846 гектар зиёд мебошад.

То санаи 30.10.2015 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 474779 тонна картошка истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 71980 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 229,9 сентнериро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 сентнерӣ зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28233 гектар кишти сабзавотро гузаронидаанд, ки то таърихи 30.10.2015 майдони 27752 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4067 гектар зиёд мебошад. То имрӯз, дар ҷумҳурӣ ба миқдори 660639 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 118398 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 238,1 сентнериро ташкил медиҳад ва нисбати соли гузашта 9,1 сентнерӣ зиёд мебошад.

 

Читайте также: