Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Ҳоло дар бозорҳои истеъмолии мамлакат фаровонии молҳои озуқаворӣ ба мушоҳида мерасад.

                                                                                    Эмомалӣ Раҳмон

 Дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ 98,4% иҷро шуд.

Пахта яке аз маҳсулоти содиротии давлат ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида, ҳосилнокии он меафзояд.

Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 187500 га дар назар дошта, дар рўзҳои наздик кишти он ба анҷом мерасад. Кишоварзон аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, кишти пахтаро то санаи 04.05.2018 ба 184574,4 га расониданд, ки 98,4%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16961 га зиёд мебошад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз кишт барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода буд. Имрўзҳо маъракаи кишти пахта дар сар то сари кишвар бо суръат идома дошта дар арафаи анҷомёби аст.

Яке аз аввалинҳо шуда, кишоварзони вилояти Хатлон иҷроиши дурнамои кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ 100% иҷро намуданд, ки аз кордонӣ ва меҳнати софдилонаи онҳо дарак медиҳад.

Ҳоло кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки имсол низ агратехникаи парвариши пахтаро дуруст ба роҳ монда, чун соли қаблӣ аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд.

 Маъракаи кишти зироатҳо баҳории идома дорад

Мувофиқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ майдони 104908 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ дар назар дошта шуда, то санаи 04.05.2018 дар майдони 100438 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузоронида шудааст, ки 96%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 7820 га пешбинӣ гардида, то санаи 04.05.2018 дар майдони 8009 га кишти он гузаронида шудааст, ки 102 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11387 га зиёд мебошад. Инчунин дар майдони 16995 га сабзавоти барвақтӣ кишт карда шудааст, ки баробари 102 фоизи иҷроиши дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7606 га зиёд мебошад.

Коркарди кимиёвии зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» то санаи 04.05.2018 майдони умумии паҳнгаштаи малах дар ҷумҳурӣ 76724 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он майдони 55366 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар ин маърака 669 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардиданд. Инчунин, баҳри мубориза бар зидди малах 35 трактори дорупошӣ (ОВХ), дастгоҳи аэрозолӣ ва 505 дорупошаки дастию моторӣ исифода гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки имрўзҳо техникаву мошинолотҳои муосир  кори мутахассисони соҳаро бениҳоят осон намуда, ба онҳо имкон фароҳам овард, то мавзеҳои муайянгаштаи малахро саривақт муайян намуда, коркарди онро ба роҳ монанд.

Имрўзҳо майдони паҳнгаштаи малах дар вилояти Хатлон 59735 га, вилояти Суғд 9118 га, ВМКБ 80 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7791 гектарро ташкил медиҳад, ки мутахассисони соҳа барои мубориза бар зидди малах аз ҳама имкониятҳои лозима самаранок истифода бурда, майдонҳоро аз ҳашароти зараррасон тоза карда истодаанд.

 Бунёди боғу токзор

bogh, hisorБаҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, № 793 Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бунёди боғу токзорҳои нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин муташаккилона идома дорад.

Мувофиқи дурнамо имсол дар майдони 3255 га бунёди боғу токзори нав дар назар дошта шуда, то санаи 04.05.2018 дар майдони 2477 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 76,1%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Бунёди боғҳои нав дар ҷумҳурӣ 2313 га (82,4%) буда, майдонҳои токзор бошад 164 га (36,6%)- ро ташкил медиҳад.

Имрўзҳо бунёди боғу токзорҳои нав дар вилояти Хатлон 1144 га 97,7%, Суғд 645 га 256% ва НТҶ 653 га 36,9%-ро ташкил дод, ки ҳамаи онҳо дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд гардидаанд.

Читайте также: