Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Tasviri zamini koridashudaДавраи сабзиши ниҳолҳои пахта

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 15.05.2017 дар майдони 173018 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13721,2 га зиёд мебошад. Дар натиҷаи риояи дурусти корҳои агротехникӣ, имрўзҳо майдонҳои кишти пахта хуб нашъунамо ёфта, сабзиш то ба 5-6 барга расидааст. Айни замон, давраҳои афзоиши ниҳолҳои пахта оғоз гардида, ғизодиҳии давраи аввал бо сурат идома дорад.

SabzavotИстеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавати тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кўшиш менамояд, ки майдони умумии гармхонаҳои доимамалкунанда тибқи нақша сол аз сол зиёд гардида, ҳосилнокии он дучанд гардад. Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони умумии гармхонаҳо ба 66 га расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 га зиёд мебошад. Кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода бурда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 36 га, бодиринг 12 га ва дигар сабзавотҳо 19 га кишт намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 15.05.2017 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 627 тонна помидор, 262,5 тонна бодиринг ва 268,8 тонна маҳсулоти дигар сабзавотҳо, ҷамъ 1158 тонна маҳсулоти тару тоза ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда шуд.

Kisht

Маъракаи кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ идома дорад

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ то санаи 15.05.2017 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 205735 га кишти зиратҳои баҳорӣ гузаронидаанд, ки 81 % иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин то имрўз, дар ҷумҳурӣ майдони 108694 га кишти баҳории ғалладонагиҳо гузоронидаанд, ки 85 %-и иҷроиши нақшаро ташкил дод. Ҳоло дар ҷумҳурӣ дар майдони 27203 га сабзавот кишт карда шудааст, ки майдони 12158 гектари онро кишти сабзавоти барвақтӣ ташкил медиҳад. Аз майдони умумии кишти сабзавот 823 га карам, 3086 га сабзӣ, 13447 га пиёз ва майдони 3867,5 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳад.

TracktorОмодагии техника ва мошинолоти кишоварзӣ ба кишту кори баҳорӣ

Пешбурди соҳаи кишоварзӣ аз ҳолати коршоямӣ ва дастрасии техникаи кишоварзӣ вобастагии калон дорад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 01.05.2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 26040 тракторҳои гуногунтамға мавҷуд буда, 19233 — тои он омодаи корҳои саҳроӣ мебошад. Барои боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ дар саҳро, соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 235 адад техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 63 тракторҳои гуногунтамға, 5 комбайнҳои ғалладарав, 65 испорҳои тракторӣ, 10 картошкашинонак, 8 картошкаканак, 8 тухмипошаки ғалла, 18 алафдаравакҳо, 1 комбайни ҷуворимаккағундор, 2 ядакҳои тракторӣ ва дигар техникаву мошинолотҳои тракторӣ ворид карда шуд.

Барои таъмин намудани кишоварзон бо мошинолотҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 76 Маркази хизматрасонии техникӣ (МХТ) фаъолият мекунанд. Аз ин миқдор дар вилояти Хатлон 35, вилояти Суғд 22, ВМКБ 8 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11 то фаъолият доранд.

МалахМубориза бар зидди малах

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» то санаи 12.05.2017 майдони умумии паҳнгаштаи малах дар ҷумҳурӣ 61277 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17447 га зиёд мебошад. Аз ин нишондод, дар майдони 41758 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар ин маърака 1093 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб гардиданд ва баҳри мубориза бар зидди малах 31 адад трактори дорупошӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 592 дорупошаки дастию моторӣ ва 11 автомашинаи тамғаи Тайота AU8115М мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Барои пешгирии саривақтии паҳншавӣ ва зарароварии малах ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо ва чарогоҳҳо дар вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пайваста аз ҷониби мутахассисони вазорат семинарҳои-машваратӣ баргузор карда мешавад.

Имрўзҳо майдони паҳнгаштаи малах дар вилоятҳои Хатлон 46096 га, Суғд 7581 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7750 гектарро ташкил медиҳад. Айни замон, кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри мубориза бар зидди малах аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода намуда истодаанд.

Читайте также: