Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Angur

Бунёди боғу токзор

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30. 12.2015, № 793 “Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” имрўзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бунёди боғу токзорҳои нав муташаккилона идома дорад. Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 4063 га боғу токзор бунёд карда мешавад. То санаи 24.04.2017 дар ҷумҳурӣ дар майдони 3591 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки баробари 88,4 фоизи иҷрои дурнамо мебошад.

Кишоварзон аз тамоми имкониятҳо истифода карда, бунёди боғу токзорҳоро дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин идома дода истодаанд. То имрўз кишоварзони вилояти Хатлон 1499, Суғд 1550 га боғу токзори нав бунёд карданд, ки ба 128,1, 149,8 %-и иҷрои дурнамо мебошад. Боғу токзорҳо пурра дар талу теппаҳои ба нами таъмин буда бунёд карда шудааст.

BalgariИстеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳоли бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кушиш менамояд, ки майдонҳои умумии гармхонаҳои доимамлкунандаро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда ҳосилнокии онро дучанд гардонад. Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони умумии гармхонаҳо ба 66 га расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 га зиёд мебошад. Кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода бурда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 36,0 га, бодиринг 12,3 га ва дигар сабзавотҳо 18,9 га кишт намуда ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 24.04.2017 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 345,6 тонна помидор, 191,6 тонна бодиринг ва 153,2 тонна дигар сабзавот, ҷамъ 690,4 тонна маҳсулоти тару тоза ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда шуд.

Kisht

Кишти пахта дар ҷумҳурӣ

Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст. Тибқи дурнамо соли ҷорӣ кишоварзони ҷумҳурӣ майдони кишти пахтаро ба 173 003 га расониданианд. Барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби мутахассисони соҳа гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, 1814 адад техника бо тухмипошакҳо ба кишти пахта сафарбар карда шудааст.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ бо маром идома дода истодаанд. То санаи 24.04.2017 дар майдони 156862 га кишти пахта гузарониданд, ки 90,7 % -и иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад. Имрўз дар маъракаи кишти пахта кишоварзони н. Данғара бо иҷрои 108,3 % и дурнамо н. Шаҳритуз бо иҷрои 105,0 %-и дурнамо, н. Хуросон бо иҷрои 104,3 % -и дурнамо, н. Бохтар бо иҷрои 104,4 %-и дурнамо, н. Ёвон бо иҷрои 103,5 % —и дурнамо, н. Дустӣ бо иҷрои 103,1%-и дурнамо, н. Қургонтеппа бо иҷрои 101,7 %-и дурнамо н. Фархор бо иҷрои 101,1 % и дурнамо, ва н. Сарбанд бо иҷрои 100 %-и дурнамо пешсаф мебошанд. Кишоварзони вилояти Хатлон дар маъракаи кишти пахта фаъол буда тавонистанд иҷроиши дурнаморо 100 % иҷро намоянд.

SabzavotМаъракаи кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ идома дорад

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ то санаи 24.04.2017 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 90098 га кишти баҳории ғалладонагиҳо гузоронидаанд. Инчунин то имрўз, дар ҷумҳурӣ дар майдони 8052 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки дар ин маърака кишоварзони вилояти Хатлон пешсаф буда, тавонистанд майдони кишти картошкаро ба 3694 га расонанд. Ин нишондод дар вилояти Суғд ба 2884 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 1414 га расонида шуд.

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 24.04.2017 дар ҷумҳурӣ дар майдони 21845 га сабзавот кишт карда шудааст, ки майдони 12158 гектари онро кишти сабзавоти барвақтӣ ташкил медиҳад. Аз майдони умумии кишти сабзавот 724 га карам, 2675 га сабзӣ, 12854 га пиёз ва майдони 2536 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳад.

Читайте также: