Ахбороти ҳафтаинаи кишоварзӣ

Парвариши сабзавотҳо дар гармхонаҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растнипарварӣ то санаи 10.04.2015 дар майдони 88,14 гектар гармхонаҳои доимӣ кишти сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24,7 фоиз  зиёд мебошад. Аз ҳисоби кишти умумӣ майдони 39,29 гектар помидор, 24,55 гектар бодиринг ва 24,30 гектарро дигар сабзавотҳо ташкил медиҳад. То имрӯз аз гармхонаҳои доимии ҷумҳурӣ ба миқдори 445,3 тонна помидор, 291,3 тонна бодиринг ва 282,3 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Мубориза бар зидди малах

Тибқи маълумотҳлои фаврии Корхонаи воҳиди давлатии “Мубориза бар зидди малах” ҷиҳати пешгирӣ намудани паҳншавии малах то санаи 10.04.2015 дар ҷумҳурӣ майдони умумии паҳнгаштаи малахҳо 9445 гектарро дар бар мегирад, ки дар майдони 2792 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Тухмгузорӣ ва паҳншавии малах бештар дар ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Бохтар,Ҷиликул, Шаҳритус ва ноҳияи Рӯдакӣ мушоҳида шуд. Айни замон, баҳри коркарди кимиёвӣ дар ҷумҳурӣ 195 адад дорупошаки дастӣ ва моторӣ истифода шуда, 284 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шудааст.

 Наслгирии чорво

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварии вазорат аз саршумори умумии моли майда дар мавсими наслгирии имсола то санаи 10.03.2015 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ    249, 6 ҳазор сар насл гирифта шудааст, ки  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6327 сар зиёд мебошад. Наслгирӣ ба 100 сар меш 74 сар рост меояд.

Наслгирии чорво дар вилояти Хатлон 100,4 фоиз, ноҳияи Турсунзода 104,6 ва ноҳияҳои Рӯдакӣ 99,9, Ваҳдат 96,2 ва ноҳияи Рашт 95,6 фоиз иҷро гардидаст.

Читайте также: