Ахбороти ҳафтаинаи кишоварзӣ

Бунёди боғу токзорҳо

 Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ аз мусоид омадани обу ҳаво самаранок истифода намуда, баҳри бунёди боғу токзорҳо чораҳои амалӣ андешида истодаанд. Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то санаи 11.01.2015 дар ҷумҳурӣ дар майдони 72 гектар боғу токзорҳои нав бунёд карда шудааст. Аз ин ҳисоб 18 гектар боғи зардолу, 11 гектар ток ва боқимонда 44 гектар дигар намуди мевагиҳо ташкил медиҳад

То имрӯз дар хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон 47 гектар, Суғд 2 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 23 гектар боғу токзорҳо бунёд карда шудааст. Бунёд ва  барқарорсозии боғу токзорҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

Рафти шудгори замин дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ

БезымянныйБинобар маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ майдони 605,6 ҳазор гектар шудгори заминҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад. То санаи 11.01.2015 дар ҷумҳурӣ, майдони 452,7 ҳазор гектар шудгори заминҳо гузаронида шуд, ки баробари 74,8 фоизи дурнамо буда, ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16652 гектар зиёд мебошад.

Дурнамои шудгори заминҳо дар вилояти Хатлон майдони 301,8 ҳазор гектар, вилояти Суғд 203,7 ҳазор гектар, ВМКБ майдони 7812 гектар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 92,2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. То имрӯз дар вилояти Хатлон дар майдони 263,1 ҳазор гектар (87,2%), Суғд 112,9 ҳазор гектар (55,5%), ВМКБ 5349 гектар (68,5 %) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 71245 гектар (77,2%) шудгори заминҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст.

 Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растнипарварӣ то санаи 1.01.2015 дар майдони 87,49 гектар гармхонаҳои доимӣ кишти сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24 гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби кишти умумӣ майдони 39,24 гектар помидор, 24,35 гектар бодиринг ва 23,90 гектарро дигар сабзавотҳо ташкил медиҳад. То имрӯз аз гармхонаҳои доимии ҷумҳурӣ ба миқдори 146,8 тонна помидор, 79,2 тонна бодиринг ва 97,5 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

Рушди ҳамкориҳои КВД “Мадад” бо ширкатҳои хориҷӣ

Корхонаи воҳиди давлатии «Мадад» тибқи шатрнома бо ширкатҳои ЮТО-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ширкати «Велес-Агро»-и Украина дар соли гузашта ба миқдори 63 адад трактор, 2 адад комбайни ғалладаравӣ, 85 адад испори тракторӣ, 52 адад алафдаравак, 12 адад дорупошак, 11 адад нуриандоз, 12 адад тойбанд-тагрезчин ва ғайра ба ҷумҳурӣ ворид намуда ба хоҷагиҳои кишоварзӣ пешниҳод намуд.

Тибқи Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ КВД «Мадад» дар соли гузашта дар якҷоягӣ бо ширкати «Дифун»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой сохтмони корхонаи муштараки «Маркази хизматрасонии сервиси»-и техникаҳои кишоварзии истеҳсоли Хитойро дар шаҳри Душанбе ба итмом расонида ба истифода дод, ки айни ҳол фаъолият дорад.

Читайте также: