Ҷамъбасти Иди «Асал ва харбуза-2015»

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолии пойтахт санаи 29 августи соли ҷорӣ дар бозорҳои “Маҷмааи савдои Пойтахт-90, “Бозори Шоҳмансур”, “Бозори Саховат”, майдони назди “Карияи Боло” ва “Бозори Деҳқон” “Иди Асал ва харбуза-2015»-ро доир  намуд. Дар ин чорабинӣ, асосан  беҳтарин кишоварзони вилоятҳо ва  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ширкат намуда, навъҳои беҳтарин ва хушсифати асалу харбуза ва маҳсулоти аз асал омодагардидаро ба намоиш ва фурӯш бароварданд.

Дар баробари асалу харбуза дигар маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла  тарбуз, гӯшт, тухм, картошка, пиёз, помидор, бодиринг, каду, ангур, себ ва нок бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш бароварда шуд, ки ин иқдом барои ғанӣ гардонидани дастурхони сокинон ва меҳмонони пойтахт мусоидат менамояд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 90,4 тонна асал, 144 тонна харбуза ва 70 тонна дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ бо нархҳои 20,25 фоиз арзон нисбати бозор ба фурӯш бароварда шуд. 

Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ба анҷом расид

Баъд аз ҷамъоварии ҳосили аввал кишоварзони ҷумҳурӣ муташаккилона ба кишту кори такрории зироатҳои кишоварзӣ машғул шуданд, ки дар натиҷа онро санаи 28.08.2015 ба анҷом расониданд. Тибқи нақша имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 74700 гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ то санаи 28.08.2015 дар майдони 75726 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 101,4 фоизи нақша буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6113 гектар зиёд мебошад.

Аз майдони умумии кишти такрорӣ 31571 гектарро кишти ғалладонагиҳо, 14143 гектар кишти ҷуворимакка барои дон, 6150 гектар шолӣ, 11278 гектарро дигар ғалладонагиҳо ташкил дод.

Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ то имрӯз дар майдони 213 гектар кишти картошка, 7856 гектар сабзавот, 3210 гектар полезӣ, 2910 гектар зироатҳои техникӣ ва 29967 гектар кишти такрории хӯроки чорво гузаронида шудааст.

 Ҳосили ангур ва полезиҳо фаровон гардидааст

Тибқи маълумотҳои фаврии раёсати Растанипарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ то санаи 28.08.2015 ба миқдори 31351 тонна мева ва 61186 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст. Истеҳсоли ангур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2163 тонна зиёд мебошад.

Ҳамзамон, соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 18024 гектар кишти полезиҳо гузаронида шудааст, ки то санаи 28.08.2015 майдони 15075 гектари он ҷамъоварӣ карда шудаст. Ҷамъоварии ҳосили полезиҳо нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 1769 гектар зиёд мебошад. То имрӯз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 303237 тонна полезиҳо истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 44731 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 201,2 сентнериро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,9 сентнерӣ зиёд мебошад.

 Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Имрӯзҳо, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо муташаккилона идома дарад. Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 324194 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст, ки то санаи 28.08.2015 майдони 287499 гектари он даравида шудааст. Майдони 283305 гектари он куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35327 гектар зиёд мебошад. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо миқдори 765816 тонна буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 81357 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 27,0 сентнериро ташкил медиҳад.

Кишоварзони вилояти Хатлон имсол дар майдони 143337 гектар кишти ғалладонагиҳоро гузарониданд. Айни замон майдони 140615 гектари он даравида шудааст, ки ба 98,1 фоиз баробар буда, ҳосили умумии он 463350 тоннаро ташкил дода дар муқоиса ба соли гузашта 27347 тонна зиёд мебошад. Майдони 138617 гектари он куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5711 гектар зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 33,4 сентнериро ташкил медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.

Дар вилояти Суғд дар майдони 112765 гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида шудааст ва майдони 92287 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст. Ҳосили умумӣ то санаи 28.08.2015 миқдори 164657 тоннаро ташкил дода, нисбати соли гузашта 55028 тонна зиёд мебошад. Ҳолсилнокӣ аз ҳар як гектар 17,9 сентнериро ташкил медиҳад.

 Рафти ҷамъоварии ҳосили картошка ва сабзавот

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати Растанипарварӣ имсол дар дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 21219 гектар кишти картошка гузаронида шудааст. То санаи 28.08.2015 майдони 8495 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1599 гектар зиёд мебошад.

Ҳамзамон, то имрӯз дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ ба миқдори 182567 тонна картошка истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37166 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 214,9 сентнериро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 сентнерӣ зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.

Соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 28233 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст, ки то имрӯз майдони 20720 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2341 гектар зиёд мебошад. То санаи 28.08.2015 дар ҷумҳурӣ ба миқдори 502778 тонна сабзавот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 88997 тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 242,7 сентнериро такшил дода, нисбати соли гузашта 17,5 сентнерӣ зиёд мебошад.

 

 

Читайте также: