Ҷамъбасти истеҳсолоти кишоварзӣ дар 6 моҳи соли 2016

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар шашмоҳаи аввали соли 2016 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вобаста ба соҳаи кишоварзӣ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016” ба роҳ монда, бо мақсади ташаккули истеҳсолоти рақобатпазиру самаранок ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин самт як қатор корҳои амалиро ба анҷом расонид.

Дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Барномаҳои рушди соҳаи моҳипарварӣ, парандапарварӣ ва тухмипарварӣ омода карда шуда айни замон, дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Ҳисоботи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи XVI-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ шунида шуда, ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Белоруссия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе баҳри рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи баланд доир карда шуд.

Кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироатҳои кишоварзӣ

Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат барои ҳосили соли ҷорӣ дар майдони 190200 га кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагиро гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 4411 га зиёд буда, мутаносибан 113 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.

Инчунин, тибқи маълумотҳои оморӣ дар 6 моҳи соли 2016 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони 392431 га кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла ғалладона 122414 га, зироатҳои техникӣ 180270 га, картошка 17985 га, сабзавот 29571 га, полизӣ 16176 га ва зироатҳои хӯроки чорво 25864 га гузарониданд, ки мутаносибан аз 1,9 то 66,1 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳои пешакии ҷамъбастии шакли 4 кишоварз хоҷагиҳои пахтакори ҷумҳурӣ дар масоҳати 162616 га кишти пумбадона гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2974 га зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ барои соли истеҳсолии 2016 бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ, дар масоҳати 836591 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6096 га зиёд буда, кишти зироатҳои ғалладона 327 га ё ин ки 100,1 фоиз, зироатҳои техникӣ 1943 гектар 101 фоиз, картошка 1817 гектар 104,6 фоиз, сабзавот 3026 гектар 105,5 фоиз, зироатҳои хӯроки чорво 164 гектар 100,2 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардидааст.

Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он

Дар ин давра, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 586926 тонна, картошка 181789 тонна, сабзавот 481005 тонна, полизӣ 154396 тонна, меваҷот 69397 тонна, ангур 1494 тонна, гӯшт 65918 тонна, шир 337020 тонна, пашм 4355 тонна, асал 533 тонна, моҳӣ 348 тонна ва тухм 144,8 млн. дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба ғайр аз тухм, дигар маҳсулотҳо мутаносибан аз 2,8 фоиз то 2,3 маротиба зиёд истеҳсол гардидааст.

Дар 6 моҳи соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 5298,1 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,9 фоиз зиёд гардида, суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 15,2 ва 3,2 фоизро ташкил дод.

Кишоварзони ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷи кишвар 87324 тонна сабзавот, аз ҷумла 86163 тонна пиёз, 708 тонна лӯбиёгӣ, 581 тонна биринҷ, 6538 тонна меваҷоти тару тоза ва 15223 тонна меваи хушк ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳо содирот карданд.

Кишти такрории зироатҳо

Имрӯзҳо, кишоварзони ҷумҳурӣ баъди рӯёнидани ҳосили якуми зироатҳои кишоварзӣ, ҷиҳати самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корам, аз ҷумла заминҳои обӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзиро гузаронида истодаанд. Тибқи нақша соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 74029 га кишти такрорӣ пешбинӣ гардида буд. Дар асоси маълумотҳои оморӣ то санаи 11.07.2016 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 63048 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4176 га зиёд буда, 85,2 %-и нақшаро ташкил медиҳад.

Парвариши сабзавотҳо дар гармхонаҳо

Яке аз роҳҳои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол ва замина гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории кишвар ин зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 63,24 га гармхонаҳои доимамалкунанда кишти сабзавоти барвақтиро гузаронидаанд, ки аз ин ҳисоб 985 тонна маҳсулотҳои сабзавотӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг ва дигар сабзавотҳоро истеҳсол намуда, ба бозорҳои истеъмолии кишвар пешкаш намудаанд. Масоҳати майдонҳои гармхонаҳои доимамалкунанда ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти сабзавотӣ дар гармхонаҳо мунтазам рӯ ба инкишоф мебошад.

Бунёди боғу токзорҳо

Дар 6 моҳи аввали соли 2016 бо мақсади дар амал татбиқ намудани “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳо гузаронида шуд, ки зиёда аз 1,8 млн бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда, сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо пешкаши харидорон карда шуд.

Дар ин давра кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 4635 га боғу токзорҳои нав бунёд намудаанд, ки баробари 113,6 фоизи нишондоди барнома мебошад. Аз майдони умумии боғу токзорҳои нав 4209 га боғ ва 426 га-ро токзор ташкил медиҳад, ки 1296,3 гектари он дар талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд карда шудааст.

Захираи тухмӣ, илм ва дастовардҳои илмӣ

Барои харидории тухмии хушсифат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ 1,5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, ба ноҳияҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ, барои хариди картошкаи тухмӣ, пешниҳод карда шуд. Ин иқдом барои зиёд гардидани истеҳсоли картошка дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Дар ин давра 7 навъи зироатҳои кишоварзии олимони АИКТ, аз он ҷумла 3 навъи пахта, 2 навъи гандум, 1 навъи ҷуворимакка ва 1 навъи қаламфури селексияи ватанӣ минтақабоб гардонида шуда, 2 навъи зироатҳои кишоварзӣ ояндадор дониста шуданд.

Барои санҷиш ва минтақабобкунӣ 7 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва 2 гибриди кирмаки абрешим ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо супорида шуд. Ҳамчунин, 13 навъи дарахтони мевадиҳанда, ангур ва зироатҳои сабзавотӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар асоси дастовардҳои илмӣ оид ба офаридани навъҳои зироатҳои серҳосил ва доруҳои байторӣ олимони АИКТ соҳиби 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 1 патент гардиданд.

Натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур бо ба чоп расонидани 12 китоби дарсӣ, 40 дастури таълимӣ, 2 монография, 150 мақолаҳои илмӣ татбиқи хешро ёфтанд. Дар 6 моҳи соли 2016 аз ҷониби олимони донишгоҳ навъҳои нави картошкаи Баҳромӣ ва Амиршо интихоб ва барои санҷиши минбаъда дар навъсанҷии давлатӣ омода карда шуданд. Картошкаи навъи Ғончӣ соли сеюми озмоиши давлатиро муваффақона гузашта, бо доштани аломатҳои маҳсулнокии хеш нисбат ба дигар навъи назорати фарқ кард. Гандуми мулоими навъҳои «Сипар», «Меҳргон», «Лочин» ва третикалеи «Юсуфӣ» дар соли дуюми омӯзиш дар навъсанҷии давлатӣ қарор дорад.

Дар соли таҳсили 2015-2016 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро 1257 нафар мутахассис, аз рӯйи 31 ихтисос хатм намуда, барои фаъолият ба истеҳсолоти кишоварзӣ равона карда шуданд.

Ҷиҳати ба роҳ мондани хати истеҳсоли доруҳои ватанӣ, аз ҷумлаи 2 антигелментик, 2 доруи зиддимикробӣ ва 2 ваксина аз ҷониби Институти масоили амнияти биологӣ ва Институти ветеринарии АИКТ ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ оид ба истеҳсоли ваксина бар зидди бемории илтиҳоби шадиди шуши бузҳо (плевропневмония), ваксинаи зидди бемории сиёҳрон (эмкар), ваксина бар зидди бемории пастерелллёз ва салмонеллёз, истеҳсоли маводи зиддигиҷавӣ албкупрол, мавриди омодагӣ қарор дорад.

Ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ омили серҳосилӣ

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №194, аз 30.04.2016 КҶВД “Мубориза бар зидди малах” ба Муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” табдили ном кард. Дар давраи ҳисоботи аз тарафи МД “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах” ҷиҳати пешгирии саривақтии паҳншавӣ ва зарароварии малах ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу ток ва чарогоҳҳо ба филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 15625 литр заҳрдору, 11450 литр сӯзишвории дизелӣ, 8230 литр бензин, 960 литр равғанҳои молиданӣ, 2 адад хайма, 21 адад дорупошаки моторӣ ва 332 ҷуфт либосҳои муҳофизавӣ ҷудо ва таъмин карда шуд.

Тибқи маълумотҳо то санаи 01.07.2016 майдони умумии паҳнгаштаи малахҳо дар ҷумҳурӣ 89534 гектарро ташкил дода, дар майдони 56937 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Дар гузаронидани коркарди кимиёвӣ 35 адад дорупошаки тракторӣ (ОВХ) ва дастгоҳи аэрозолӣ, 409 адад дорупошакҳои дастӣ ва моторӣ ва 605 нафар қувваи корӣ сафарбар карда шуд. Коркарди кимиёвӣ мубориза бар зидди малах дар вилояти Хатлон ва НТҶ ба охир расида, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мубориза бар зидди малахи пруси итолиёвӣ аз ҷониби мутахассисон идома дорад.

Дар натиҷаи самаранок истифодабарии молу маводҳои дастрасгардида ва андешидани чораҳои фаврии саривақтӣ, пеши роҳи зарароварии малах ба зироатҳои кишоварзӣ гирифта шуд.           

Чорводорӣ

Чорводорӣ соҳаи муҳими кишоварзӣ буда, баҳри рушти якмароми он вазорат ва зерсохторҳои он тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд, то сабади истеъмолӣ бо гӯшт, шир ва тухм мукаммал гардад. Мутобиқи маълумоти оморӣ ба санаи 1.07. 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 220 471 сар чорвои калон, аз он 1 138 168 сар модагов, 28 566 сар қутос, 5 503 691 сар гӯсфанду буз, 81 219 сар асп ва 4 974 702 сар паранда мавҷуд аст.

Дар ин давра, дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 65 918 тонна гӯшт, 337 020 тонна шир, 4 355 тонна пашм, 533,1 тонна асал, 348,3 тонна гӯшти моҳӣ ва 144 845 000 дона тухм истеҳсол шудааст. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 57 411 сар, аз он ҷумла модагов 35 159 сар, қутос 373 сар, гӯсфанду буз 200 113 сар, асп 538 сар, истеҳсоли гӯшт 2437 тонна, шир 9556 тонна, пашм 212 тонна, асал 14,4 тонна ва гӯшти моҳӣ 13,5 тонна зиёд гардида, фақат саршуморӣ парранда 145 898 сар ва истеҳсоли тухми он 20 441 000 дона кам гардидааст. Ин камшавӣ аз ҳисоби ба пуррагӣ фаъолият накардани ҶДММ “Мурғи Ҳилол”-и н.Файзобод ба миён омад.

Баҳри зимистонгузаронии чорво дар шаш моҳи соли ҳисоботӣ мувофиқи маълумоти оморӣ то санаи 01.07.2016 дар ҷумҳурӣ 605513 тонна хошоки дурушт ва 2813 тонна ширадор захира карда шудааст, ки нисбати соли 2015 хошоки дурушт 42 827 тонна, ширадор 291 тонна зиёд гардидааст. Ин захира ба як сар чорвои шартӣ 6,4 сентнер воҳиди хӯрокаро ташкил мекунад.

Маъракаи наслгирӣ дар ҷумҳурӣ муташаккилона ба анҷом расид. То санаи 01.07.2016 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ 332 125 сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки ба 100 сар меш ва модабуз 93 сарӣ рост меояд. Нисбати ҳамин давраи соли истеҳсолии 2015 барраю бузғола 17 474 сар зиёд буда, дараҷаи наслгирӣ аз 100 сар мешу модабуз 1 сар зиёд гардидааст.

Бо мақсади таъмини иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии 100 сар бузи зотии серпашми тоҷикӣ аз ноҳияи Ашт ба ноҳияи Ишкошим дастрас карда шуд. Баҳри амалишавии «Барномаи рушди чарогоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷони ноҳияи Данғара 140 га, Кооперативи истеҳсолии «Дилшод Б.»-и ноҳияи Варзоб 60 га ва МД хоҷагии зотпарварии ба номи Т.Эрйигитови ноҳияи Ашт 70 га чарогоҳ беҳтар гардонида шуд.

Мутобиқи маълумотҳои Муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ» 100027 сар чорвои калон, 2 001 641 сар гӯсфанду буз ва 8 623 сар асп ба чарогоҳҳои зимистона ронда шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди соҳаи зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», аз ҳисоби Барномаи рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ 100 ҳазор сомонӣ ва Барномаи рушди Биотехнологияи чорво 100 ҳазор сомонии дигар иловатан ҷудо карда шуд. Бо истифодаи маблағи ҷудогардида, харидорӣ намудани нутфаи буққаҳои зотии истеҳсоли хориҷӣ ва асбобу анҷомҳои бордоркунии сунъӣ дар назар аст. То ин давра, аз ҶДММ «Суфиёни Муъминобод» ба миқдори 2 000 воя нутфаи буққаҳои зотии истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумла 1 250 воя зоти швитсӣ ва 750 воя зоти сиёҳ-ало харидорӣ ва ба МҶ зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ ворид карда шуд. Инчунин, бо ҶДММ «Ориён Ҷам» барои ворид намудани асбобу анҷомҳои бордоркунии сунъӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ қарордод баста шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ, дар миқёси ҷумҳурӣ 285 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ, аз ҷумла 92 адад дар бахши ҷамъиятӣ ва 193 адад дар бахши аҳолӣ фаъолият намуд. Мутобиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 01.07.2016 тавассути ин нуқтаҳо 16 398 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, аз ҳисоби бордоркунии сунъӣ 12 556 сар гӯсолаи хушзот гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта бордоркунии сунъӣ 1 565 сар ва гирифтани насли хушзот 1 586 сар зиёд аст.

Аз ҳисоби 40 сар буққаҳои зотӣ, барои беҳтар намудани зоти чорво дар бахши аҳолӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияҳои Темурмалик, Фархор, Восеъ, Кӯлоб, Мӯъминобод, Ш. Шоҳин (Шурообод), Ховалинг ва Балҷувон дастрас карда шуда, то санаи 01.07.2016 733 сар модаговҳо ба таври табиӣ бордор гардида, аз ҳисоби модаговҳои соли гузашта бордоргардида 233 сар гӯсолаи хушзот гирифта шуд. Дар муқосиа ба ҳамин давраи соли гузашта, саршумори чорвои бордоркардашуда 306 сар зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳурӣ барои амалишавии “Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ барои солҳои 209-2016” 250 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Бо мақсади пешбурди фаъолияти КВДҶ «Асппарвар» дар асоси Озмуни харид ба маблағи 148 ҳазор сомонӣ 16 сар аспҳои зоти тоҷикӣ харидорӣ карда мешавад.

Барои ташкил намудан модармурғи тухмию гӯштӣ дар ҶДММ “Наврӯз”-и ш. Ваҳдат КВД “Саноати парандапарварии Тоҷикистон” аз Федератсияи Россия тухмҳои инкубатсионии самти тухмӣ ворид намуд ва истеҳсоли чуҷаро ба роҳ монд. Барои дар оянда таъмин намудани хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонию аҳолӣ бо кросҳои беҳтарини чуҷаҳои мурғҳои тухмӣ дар корхона 17 200 сар чуҷа парвариш карда истодааст.

Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 250 адад хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ)-и моҳипарварӣ фаъолият дошта, тибқи маълумоти оморӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 348,3 тонна моҳии молӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2015 13,5 тонна зиёд мебошад. Баҳри рушди минбаъдаи соҳаи моҳипарварӣ дар бахши хусусӣ бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ, ҶДММ «Хабара»-и ш.Душанбе, 8 намуди моҳиҳо (4-алафхӯр ва 4- зағорамоҳӣ) ба миқдори 30 млн дона кирминамоҳича аз шаҳри Краснадари Федератсияи Россия ба ҷумҳурӣ ворид намуд, айни ҳол дар ҶСК «Моҳии тоҷик»-и ноҳияи Б. Ғафуров ин моҳиҳо парвариш ёфта истодаанд, ки дар оянда барои таъмин намудани моҳиҳои хушзот истифода мегарданд.

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ 213 400 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 000 оила зиёд гардидааст. Истеҳсоли асал ба санаи 01.07.2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотхои оморӣ ба 533,1 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14,2 тонна зиёд мебошад.

Дар МД минтақавии ноҳияи Хуросон 606 сар гӯсфанди тоҷикӣ парвариш карда мешавад, ки нисбати соли 2015 88 сар зиёд аст ва барои таъмини хоҷагиҳо бо қучқорҳои асилзот 65 сар қучқор мавҷуд аст. Дар тавозуни МД минтақавии ноҳияи Шаҳринав ба санаи 1.07.2016 505 сар зоти гӯсфанди ҳисорӣ мавҷуд буда, ин ҷо барои таъмини хоҷагиҳо 90 сар қӯчқорҳои наслӣ мавҷуд аст, ки тариқи шартнома истифода мегардад.

Маҳсулотҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта аз хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта; гӯшти гов ва говмеш 746,2 тонна, гӯшти гусфанд 0,085 тонна, почаки мурғ 4273,13 тонна, ҳасиби мурғ 604,03 тонна, қиммаи гӯшти мурғ 5818,62 тонна, ҳасиби хуки 0,233 тонна, ҳасиби гови 5625 тонна, қимаи гӯшти мурғи марҷон 388,591 тонна гӯшти мурғ 3053,4 тонна, қаноти мурғ 8,34 тонна, синаи парранда (филе) 345,6 тонна, катлети мурғи 21,37 тонна, чуҷаи мурғ 338 ҳазор сар, тухми инкабатсиони 351 ҳазор дона, тухми моҳии бордоршуда 3150 ҳазор дона , тухми моҳии ғизоӣ 1,072 тонна, тухми мурғ 674,174 тонна, консерваи гӯштӣ 230,8 тонна, консерваи моҳигӣ 222,367 тонна ва ғайра кам ворид гардидааст.

Аз ҳисоби фонди чорабиниҳои зиддиэпизоотӣ ваксинаҳои зерин ба хоҷагиҳо маводҳои зерин тақсим карда шуд: ваксинаи сӯхтанӣ 2827300 воя, ҳорӣ 181500 воя, вабои сумдард (АО, А1) 393900 воя, ШТ -82 30900, Рев 1, 231000 воя, гули гӯсфандону бузҳо 74900 воя, тоуни паранда 143000 воя, тоуни ҳайвони шохдори майда 2000 воя, тубекулин 181500 воя, маводҳои шустушӯии ҳайвонот 55 кг, формалин 140 литр ва ғайра ба хоҷагиҳо дастрас гардид.

Тибқи маълумотҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии чорво мутахассисони соҳа дар байни бештар аз 11518345 сар ҳайвонот ва парранда чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 242354 чорабинӣ бештар аст. Аз ҷумла, бар зидди бемории сӯхтанӣ 4028402 сар, вабои сумдарди чорво (ящур) 1490037 сар, гули гӯсфандон ва буз 132425 сар, ҳорӣ 86756 сар эмгузаронӣ карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои ташхиси байторию санитарии бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 75 830 ташхиси гӯшт ва маҳсулотҳои гӯштӣ, 36 272 ташхиси шир ва маҳсулоти ширӣ, 23 678 ташхиси тухм, 1 670 ташхиси асал, 6 910 ташхиси равған, 16 724 ташхиси маҳсулотҳои дар намак хобонидашуда, 130 212 ташхиси мева ва буттамеваи тару тоза, 8 371 ташхиси меваҳои хушк, 2 281 ташхиси гӯшти моҳӣ, 4 484 ташхиси полезиҳоро гузарониданд. Дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи ташхис 1 370 кг маҳсулотҳои гӯштӣ, 223 кг маҳсулоти ширӣ, 27 511 кг меваю сабзавот, 233,8 кг равғани растанӣ, 8 835 дона тухм, 51 кг гӯшти моҳӣ, 15,5 кг асал ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздошт шуд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ оид ба иҷроиши корҳои инспексионии бойторӣ 1286 амрия ва протокол, 1448 санад тартиб дода шуд. Барои риоя накардани қоидаҳои санитарӣ-бойторӣ аз 130 нафар шаҳрвандон ба маблағи 163130 сомонӣ ҷарима ситонида,1672 нафар соҳибкорон огоҳонида шуданд.

Техникаи кишоварзӣ

Дар асоси маълумотҳои оморӣ имрӯз дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 25 927 адад трактор, аз он ҷумла 2 287 адад тракторҳои шудгоркунанда, 8 653 адад сипорҳои тракторӣ, 8 861 адад ядакҳо, 3 237 адад култиваторҳо, 2 490 адад тухмипошак, аз он ҷумла 1 954 адад тухмипошаки пахта, 1 008 адад комбайнҳои ғалладарав, 193 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуданд, ки 60-70 %-и он ба кор омода мебошанд. Дар 6 моҳи соли 2016 ба ҷумҳурӣ 732 адад техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 91 адад трактор, 28 адад комбайни ғалладарав ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 адад комбайн зиёд мебошад.

Дар соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ тавассути КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ба хоҷагиҳои деҳконии ҷумҳурӣ 30 адад техника ва 60 адад таҷҳизотҳои гуногуни кишоварзӣ дастрас карда шуд. Барои беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои кишоварзӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ 64 адад Марказҳои хизматрасонии техникӣ аз тарафи шахсони инфиродӣ ва КВДҶ «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шудааст, ки мутаасил хизматрасониро амалӣ менамоянд.

Дар давраи ҳисоботӣ КВД «Мадад» бо маблағи 1 850 000 сомонӣ техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ, аз ҷумла тракторҳои хурдҳаҷми дар боғҳо коркунанда — 10 адад, тракторҳои дучарха — 65 адад, алафдаравакҳои дискӣ — 18 адад, нармкунакҳо — 6 адад, тухмипошакҳои дақиқ — 2 адад, хокҳамворкунак — 2 адад ва 4 адад дорупошак ба ҷумҳурӣ ворид намуда, ба хоҷагиҳои кишоварзӣ пешниҳод кард.

Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар 6 моҳи соли 2016 зиёда аз 685 корхонаву хоҷагиҳоро мавриди санҷиш қарор дод. Дар рафти санҷишҳо 595 санад-амрнома ба номи роҳбарону муҳандисон ва шахсони мутасаддӣ барои вайрон намудани қоидаҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории техникаи кишоварзӣ тартиб дод. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба 61 нафар роҳбарон ва шахсони мутасаддӣ ба маблағи 4 760 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд. Барои хунукназарона муносибат намудан дар истифодабарӣ ва нигоҳдории техника 72 мавод тайёр карда шуда, 57 мавод ба Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, 12 мавод ба прокуратура ва 3 мавод ба суд барои чораҷӯӣ ирсол гардидааст.

Ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ 5970 адад тракторҳо, мошинҳои худгард ва ядакҳои тракторӣ аз муоинаи ҳатмии солонаи техникӣ гузаронида шуданд. МД «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» айни замон, нисбати 11 намуди кор ва ташхиси мошинолотҳои кишоварзӣ, ки дар солҳои 2015-2016 ба ҷумҳурӣ ворид гардидаанд, корҳои озмоишӣ бурда истодааст.

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар ин давра, ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ барои пешбурди корҳои саҳроӣ 5 836 тонна сӯзишвории дизелӣ ва 242 тонна бензин ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сӯзишвории дизелӣ 1648 тонна зиёд буда, бензин 77 тонна кам мебошад.

Ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷ

Дар давраи ҳисоботӣ Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қувайт, аз 15 майи соли 2016 ба имзо расид. , лоиҳаҳои Созишномаҳо байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва чорводории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Вазорати кишоварзӣ ва кооперативҳои Тайланд, Вазорати кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус ва Созишнома байни Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани лоиҳаи Тақвият додани муассисаҳо ва тавоноии Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти назорати давлатии байторӣ ҷиҳати таҳия намудани сиёсат ба имзо расонида шуд.

Лоиҳаи Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид, барои баррасӣ ба ҷониби Ҷумҳурии Латвия пешниҳод шудааст.

Кӯмак ба мактаб-интернати Ёвон ва зарардидагон аз офати табиӣ

Баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10.02.2014, №АП-159, бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва моҳи шарифи “Рамазон” ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ба маблағи 8 500 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шуд. Дар доираи иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кӯмаки моддӣ ба зарардидагон аз офати табиӣ, ба сокинони деҳаи Ғудараи ҷамоати деҳотӣ Бартанги ноҳияи Рӯшон, дар арафаи Иди саиди Фитр 5000 сомонӣ кӯмак расонида шуд. Ба сокини ҳамин деҳа, Муллояминов Бойназар хонаи истиқоматӣ сохта бо тамоми таҷҳизотҳои лозима пурра ба истифода дода шуд. Ба зарардидагони маҳаллаҳои “Зардолузор” ва “Сои Зебон”-и шаҳри Панҷакент ба миқдори 20 халта орд ва 400 кг равғани растанӣ ёрии моддӣ расонида шуд.

Ҳамкорӣ бо ВАО

Вазорати кишоварзӣ дар муддати 6 моҳи сипаригардида, мунтазам сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тариқи воситаҳои ахбори омма инъикос намуда, дар ин давра 125 хабару гузоришҳо ва мусоҳибаҳо бо иштироки мутахассисони вазорат ва олимони соҳа баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ба анҷом расониданд. Ҳамзамон, оид ба 25 хабару гузоришҳои танқидию таҳлилӣ ба унвонии рӯзномаҳои Ҷумҳурият, Садои мардум ва Азия+ ҷавоб ва вокунишҳо ирсол карда шуд.

Дар ин давра, дар ҳамкорӣ бо кормандони телевизиони “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” ва ғайра дар таҳияи барномаҳои махсуси иттилоотӣ-таҳлилии соҳаи кишоварзӣ баромади олимону мутахассисони соҳа пайваста таъмин карда шуд. Тариқи радиои “Садои Душанбе”ҳамарӯза дар барномаи иттилоотии “Ахбори сабз” ва радиои “Тоҷикистон”, ки асосан хабару гузоришҳо ва маслиҳатҳои методӣ оид ба рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро пахш менамоянд, иштироки мутахассисони вазорат ва олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ таъмин карда шуд.

Кор бо ҳуҷҷат ва қабули шаҳрвандон

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии Вазорати кишоварзӣ 3 246 адад мактубҳо, қонунҳо, қарорҳо, аризаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо ворид гардиданд, ки аз он 613 ададаш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар асоси низом, ҳамаи санадҳо зери назорат гирифта шуда, дар муҳлатҳои муайянгардида ба онҳо ҷавоб ирсол гардид. Роҳбарияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ 194 нафар шаҳрвандонро қабул карда, нисбати масъалаҳои рӯзмарраи онҳо ҷавобҳои мушаххас манзур намуданд.

Читайте также: