Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2017

bogh, hisorВазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳаро ба роҳ монда, бо мақсади афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ ва ба ин васила таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулотҳои кишоварзӣ ва татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои заруриро андешида истодааст.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳа

Дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби мутахассисони вазорат як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шуданд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ» аз 8.02.2017, №60 ба тавсиб расида, мавриди амал қарор гирифт. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.05.2008, №215 «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2009, №658 «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур», лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби дохил ва хориҷ кардани навъҳо ба феҳрести давлатии навъҳо, инчунин пешбурди он» ва лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ташкил ва истифодаи фонди суғуртавии тухмии растаниҳо» таҳия гардида, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Инчунин лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» таҳия гардида, дар баррасии вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд.

Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ

Бо мақсади таъмини амнияти озуқавории кишвар барои ҳосили соли 2017 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ кишти ғалладонаи тирамоҳиро дар майдони 187320 га, аз он ВМКБ 930 га, вилояти Суғд 34388 га, вилояти Хатлон 114797 га ва НТҶ 37205 га гузарониданд, ки мутаносибан 109, 100, 106, 112,3 ва 101,6 % иҷрои дурнаморо ташкил дод.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ кишти ғалладонаи баҳориро дар майдони 63991 га, зироатҳои техникӣ 28733, картошка 5293, сабзавот 17201, полизӣ 5489 ва кишти зироатҳои хӯроки чорво 5874 гектар гузаронида шуд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар 3 моҳи соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 148,0 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 фоиз зиёд буда, суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 147 ва 4,2 фоизро ташкил дод. Дар ин давра истеҳсоли сабзавот 1349,2 тонна, гӯшт 33272, шир 170126, пашм 333, моҳӣ 215,2 тонна ва тухм 73693,5 ҳазор донаро ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботи як қатор маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот 243 тонна, меваи хушк 9686, меваи тар 221, картошка 296, полизӣ 9 тонна ва дигар маҳсулотҳо 795 тонна ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон, Туркия ва Хитой содирот карда шуд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ ва ярмарка фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ

Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29.01.2017 дар МД боғи ботаникии «Ирам»-и ш. Душанбе «Иди Сада» бори аввал бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуд. Дар идгоҳ намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, намоиши дастовардҳои соҳа, хӯрокҳои миллӣ, намоиши фурӯши ниҳолҳо, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳои кишоварзӣ ташкил карда шуд. Аз тарафи 14 хоҷагии ниҳолпарварӣ вазорат беш аз 1389152 бех ниҳолҳои гуногуни мевадиҳанда ва ороишӣ ба фурӯш бароварда шуд.

Аз 29.01.2017 то 01.03.2017 дар маҷмааи савдои “Пойтахт-90” ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо амалӣ карда шуд.

Ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии «Наврӯз» зиёда аз 1500 ниҳолҳои гулдори шафтолу, бодом, олу ва беш аз 1000 гулдон гулҳои баҳорӣ (сиёвуш, савсан, ҳолмон) омода гардида, дар ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2017 ба намоиш гузошта шуд.

Дар ҷашни Наврӯз бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар КВД «Маҷмааи савдои Пойтахт-90», Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо», КВД «Оид ба истеҳсол, харид ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», кӯчаи Ҳусейнзода, 36 аз 18 то 20 марти соли 2017 ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд. Дар ярмарка ба миқдори 380 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои зертобеи вазорат, тухм 52800 дона, тухми бедона 1500 дона, 3080 кг асал ва 983 кг моҳӣ нисбатан аз нархи бозор арзон ба фурӯш бароварда шуд.

Парвариши сабзавот дар гармхона

Бо мақсади беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фасли сол ва замина гузоштан ба амнияти озуқавории кишвар масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ ба 66 га расонида шуда, кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуд, ки аз ин помидор 35 га, бодиринг 120 га ва дигар намуди сабзавотҳо 19 га-ро ташкил дод. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз майдони зикргардида 436 тонна сабзавот, аз ҷумла помидор 225 тонна, бодиринг 98 тонна ва дигар намуди сабзавот 113 тонна истеҳсол карда шуд.

Бунёди боғу токзорҳо

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12. 2015, №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» соли 2017 дар ҷумҳурӣ бунёд намудани 4063 гектар боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шуд.

Ба ҳолати 1.04.2017 дар майдони 2042 га боғу токзори нав дар талу теппаҳо бунёд карда шуд, маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо суръат идома дорад.

Мубориза бар зидди малах ва муҳофизати растаниҳо

Барои пешгирӣ намудани паҳншавии малах ва мубориза бар зидди он ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Санаи 10.03.2017 дар бинои Вазорат ҷаласаи васеи кории ситод, бо иштироки васоити ахбори омма гузаронида шуд. Дар ҷаласа сардори сарраёсатҳо ва раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони Вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Роҳҳои пешгирии зараррасонҳои кишоварзиро баррасӣ карда, аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ба Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» 19 автомашинаи тамғаи Хайлюкс бо таҷҳизотҳои дорупошӣ, 37 мототсикл, 5 трактори тамғаи МТЗ-82 бо таҷҳизоти дорупошии муҷаҳҳазгардида ва дигар маводҳои лозима супорида шуд.

Дастовардҳои илму таълими кишоварзӣ

Дар ин давра аз ҷониби олимони соҳа корҳои илмию таҳқиқотӣ тибқи 60 мавзӯъ гузаронида шуда, зиёда аз 70 қитъаҳои таҷрибавию намоишӣ ташкил гардида, дар онҳо омӯзиши усулҳои муосири селексия, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бо касалиҳою зараррасонҳои зироату чорво ва ғайра идома дорад. Дар ин давра аз тарафи олимони АИКТ 14 навъу дурагаҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла 6 навъи ғалладонагиҳо, 2 навъи зироатҳои хӯроки чорво ва 6 дурагаи сабзавотҳо барои санҷиши минтақабобкунӣ супорида шуд. Дар асоси дастовардҳои илмӣ оид ба офаридани навъҳои зироатҳои серҳосил ва доруҳои байторӣ олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ соҳиби 5 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 1 патент гардиданд. Барои гирифтани патент ба Маркази миллии патенту иттилоот 5 арзномаи нав пешниҳод гардида, 4 қарори мусбӣ гирифта шуд.

Олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа саҳмгузор буда, имсол донишгоҳро аз рӯи 38 ихтисос 1472 нафар донишҷӯ ва 86 нафар магистр хатм менамоянд. Дар ин давра дар донишгоҳ 4 китоби дарсӣ, 35 дастури методӣ, 1 монография ва зиёда аз 220 мақолаи илмию методӣ ба нашр расонида шуд. Инчунин дар семоҳаи соли ҷорӣ дар Шӯроҳои дессертатсионӣ 6 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар докторӣ ҳимоя намудаанд.

Рушди соҳаи чорводорӣ

Рушди соҳаи чорводорӣ ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо гӯшт, шир ва тухм муассир буда, дар ҳолати 1.04.2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 2287121 сар, аз ҷумла модагов 1171673 сар, гӯсфанду буз 5632464 сар асп 80657 сар паранда 4895032 сар ва оилаи занбӯри асал 218990 оиларо ташкил медиҳад.

Ҷиҳати муташаккилона гузаронидани маъракаи наслгирии чорвои майда фармоиши Вазири кишоварзӣ аз 25.01.2017, №11 ба тасвиб расида, гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1.04.2017 дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 250,8 ҳазор сар барраю бузғола гирифта шуда, ба 100 сар меш ва модабуз 66 сарӣ рост меояд.

Яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани зоти чорво ва дар ин замина баланд бардоштани маҳсулнокии он бордоркунии сунъӣ мебошад. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 292 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор, аз ҷумла 85 адад дар сектори ҷамъиятӣ ва 207 адад дар сектори хусусӣ фаъолият доранд. Дар ин нуқтаҳо 8019 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, 5641 сар насли хушзот гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 537 сар зиёд мебошад.

Инчунин барои таъмини нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ 25 маҷмуъ асбобу анҷомҳои бордоркунии сунъӣ ворид карда шуда, ба филиали вилояти Суғд 12 маҷмӯъ, вилояти Хатлон 8 маҷмӯъ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3 маҷмӯъ дастрас гардид.

Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии чорводорӣ буда, дар беҳтар кардани таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад ва тибқи ҳисоботҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои парандапарварӣ ба 1.04.2017, 1 552 025 сар паранда парвариш ёфта, аз он 36714 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст.

Соҳаи моҳипарварӣ низ сол то сол тараққӣ ёфта истодааст. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 250 адад хоҷагиҳои деҳқонии (фермерӣ)-и моҳипарварӣ фаъолият дошта, аз рӯи маълумотҳо ба 1.04.2017 дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ 215,2 тонна моҳии молӣ истеҳсол намудаанд.

Дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 218990 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5539 оила зиёд мебошад.

КВДЗ «Асали Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзӣ бо мақсади таъмини КВД «Хоҷагии ёрирасони Канаск»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 оилаи занбӯри асал бо таҷҳизоти замбӯрпарварӣ омода намудааст.

Фаъолияти байторӣ

Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятии чорво дар байни бештар аз 5,9 млн сар ҳайвонот ва паранда чорабиниҳои пешгирӣ ва табобатӣ гузаронида шудааст. Аз ҷумла зидди бемории сӯхтании ҳайвонот 1,9 млн сар, вабои сумдарди ҳайвонот 300,4 ҳазор сар, Шт-82 1,9 ҳазор сар, Рев — 390 сар, гули гусфандону бузҳо 91,4 ҳазор сар, ҳорӣ 26 ҳазор сар, бемории ангалӣ 463,1 ҳазор сар, бемории пуст 127,8 ҳазор сар, бемории паранда 2,7 млн сар чорабинии пешгирӣ ва табобат гузаронида шуд.

Техникаи кишоварзӣ

Ҷиҳати пешбурди соҳаи кишоварзӣ таъминоти хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ ва мошинолотҳо дар мадди назари мутахассисони соҳа қарор дорад. Кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз бисёр ҷиҳат ба мавҷуд будан ва омодагии техника вобастагии калон дорад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1 апрели соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 26108 адад трактор, аз он 2233 адад тракторҳои шудгоркунанда, 8869 адад испорҳои тракторӣ, 9056 адад ядакҳои тракторӣ, 2345 адад тухмипошак, аз он ҷумла 1886 ададаш тухмипошаки пахта, 995 адад комбайнҳои ғалладарав, 179 адад комбайнҳо барои ҷамъ намудани хӯроки чорво ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки 65-70 %-и онҳо ба корҳои саҳроӣ омода мебошанд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз миқдори тракторҳои мавҷудбуда 3068 адад дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ, 5403 адад дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 17637 ададаш дар хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 219 адад техникаю мошинолотҳои кишоварзии нав, 56 тракторҳои гуногунтамға, 5 комбайнҳои ғалладарав, 65 испорҳои тракторӣ, 8 тухмипошакҳои ғалла, 2 мошинҳои алафдаравӣ, 2 ядакҳои тракторӣ, 1 комбайни ҷуворимаккадарав, 10 картошкашинонак, 8 картошкаканак, 18 алафдаравакҳо ва дигар техникаю мошинолотҳо ворид карда шудааст.

Дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имрӯз 76 марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) фаъолият доранд, ки 48 ададашро КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ташкил карда шудааст.

Дар 3 моҳаи соли 2017 аз тарафи нозирони вилоятиву ноҳиявии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ 287 корхонаву хоҷагиҳо мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба роҳбарону муҳандисон ва шахсони масъул барои вайрон намудани қоидаҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории техникаи кишоварзӣ ба маблағи 3940 сомонӣ ҷарима таъин карда шудааст.

Кӯмак ба мактаб-интернати Ёвон ва дигар эҳтиёҷмандон

Баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.02.2014, №АП-159, бахшида ба рӯзҳои ид ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвон ба маблағи 4000 сомонӣ дастрас карда ба 12 нафар эҳтиёҷмандон кумаки молиявӣ расонида шуд. Ҳамчунин ба филали ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон”дар шаҳри Ҳисор – як халта орд, 15 литр равғани растанӣ, 180 дона тухм, 15 кг гӯшти мурғ ва 30 кг сабзӣ кумак расонида шуд.

Муносибатҳои байналмилалӣ

Дар давраи ҳисоботӣ Ёддошти тафоҳум, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, ки 15 майи соли 2016 дар Давлати Қувайт ба имзо расонида шуд буд, аз расмиёти дохили давлатӣ гузаронида шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Инчунин лоиҳаҳои Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Латвия, Вазорати кишоварзӣ ва кооперативҳои Таиланд, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Фаронса, Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии об ва чорводории Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Вазорати кишоварзии мамлакати Шоҳигарии Ҳошимии Урдун дар бораи ҳамкории тарафайн дар соҳаи кишоварзӣ таҳия гардида, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда шудааст.

Ҳамкорӣ бо ВАО

 Дар муддати се моҳи соли ҷорӣ 78 хабару гузоришҳо, аз ҷумла 25 мусоҳибаҳо тавассути шабакаҳои телевизион ва радиоҳои ҷумҳурӣ бо иштироки мутахассисони вазорат ва олимони соҳа баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ ба анҷом расонида шуд. Инчунини 20 адад хабару мақолаҳо оид ба соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ дар газетаву маҷаллаҳо чоп гардида, ба як мақолаи танқидӣ сари вақт вокуниш ирсол карда шуд.

Дар ин давра, дар ҳамкорӣ бо кормандони телевизиони “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо” ва шабакаҳои радиоӣ дар таҳияи барномаҳои махсуси иттилоотӣ-таҳлилии соҳаи кишоварзӣ баромади олимону мутахассисони соҳа пайваста таъмин карда шуд.

Ҳуҷҷатгузорӣ ва қабули шаҳрвандон

Дар тӯли се моҳи соли ҷорӣ ба унвони вазорат 1622 мактуб, қонун, қарор, ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо ворид гардиданд, ки аз он 296 аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ин нишондод 30 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 нусха аз протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбарияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ 95 нафар шаҳрвандонро қабул карда, нисбати масъалаҳои рӯзмараи онҳо ҷавобҳои мушаххас манзур намуданд. Вазорат 683 мактуб содир кардааст.

Вазорати кишоварзӣ баҳри афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, таъмини бештари аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст намудани фаъолияти соҳа тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Читайте также: