Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017

Санаи 13.01.2017 дар толори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат оид ба “Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзӣ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017” баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзоёни ҳайати мушовара, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода М.З., роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва зерсохторҳои он, Сардорони раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони вазорату идораҳои марбути соҳаи кишоварзӣ иштирок намуданд.

Ба кори ҷаласа Вазири кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон Сатторӣ И. оғоз бахшида, ташрифи сарпарасти соҳа, муовини Сарвазирро ба кори ҷаласаи ҳайати мушовара хайрамақдам гуфтанд. Ҷаласаи имрӯза ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солона ва роҳҳои татбиқи вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз 22.12.2016 ва маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017” гузоштанд, марбут донистанд.

Минбаъд муовини Вазири кишоварзӣ Зеваршоев З.Т. “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017” ҳисоботи мукаммал пешниҳод намудан. Қайд карданд, ки Вазорати кишоварзӣ ва кишоварзони ҷумҳурӣ дар соли 2016 ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида, бо мақсади афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешиданд.

Ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории кишвар майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар кишти асосӣ ва такрорӣ ба 965 000 га расонида шуд. Майдони кишти ғалладона 423,4 ҳазор га, зироатҳои техникӣ 190,6 ҳазор га, картошка 41,6 ҳазор га, сабзавот 58,2 ҳазор га, полизӣ 20,1 ҳазор га ва зироатҳои хӯроки чорво 102,5 ҳазор гектарро ташкил дод.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 22,2 млрд сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2015 суръати афзоиш 5,2% зиёд буда, дар соҳаи растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан ба 5,1 ва 5,5% баробар гардид. Истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 435 801 тонна, пахта 284 705, картошка 898 095, сабзавот 1 748 276, полизӣ 594 171, мева 364 799, ангур 214 776 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2015 мутаносибан аз 0,3 то 22,1 % зиёд мебошад. Аз ҳисоби гармхонаҳои амалкунанда 1866 тонна сабзавоти барвақтӣ, аз он 1177 тонна помидор, 259 тонна бодиринг ва 430 тонна дигар намуд сабзавот истеҳсол карда шуд. Истеҳсоли гӯшт 233329 тонна, шир 917990, пашм 7304, асал 3996, моҳӣ 2037 тонна ва тухм 337,2 млн дона расонида шуд, ки ба истиснои тухм дигар маҳсулоти чорводорӣ нисбат ба соли 2015 аз 0,7% то 7,2% афзоиш ёфт. Ба ҳолати 1.01.2017 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 2269 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 1167 ҳазор сар, гӯсфанду буз 5514 ҳазор сар, асп 80 ҳазор сар, паранда 51123 ҳазор сар ва 214 ҳазор оилаи занбӯри асалро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта аз 1,2 то 6,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар охир тибқи Нақшаи чорабиниҳои тартибдодашуда ба раёсату шуъба, муассисаву хадамот, корхонаҳои воҳиди давлативу ҷумҳуриявӣ, академияю донишгоҳ, сарраёсату раёсатҳои кишоварзӣ вазифагузориҳо карда шуд.

Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ И. дар раванди кори ҷаласа аз масъулини соҳа оид ба камбудиҳо ва масъалаҳои соҳа пурсон шуда, баҳри самаранокӣ ва рушди минбаъдаи соҳа дастуру супориш доданд.

Оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2016 ва вазифаҳои комплекси агросаноатӣ дар соли 2017 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода М.З. суханронӣ ва ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Нақши кишоварзонро дар таъмини амнияти озуқаворӣ дар соли 2016 мусбат арзёби карда, бо баррасии камбудиҳои ҷойдошта, баҳри дучанд афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳо доданд.

Читайте также: