Дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ 94,2% иҷро шуд.

Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.                                    

                                                                                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон

 

Дурнамои кишти пахта дар ҷумҳурӣ 94,2% иҷро шуд.

Пахта яке аз маҳсулоти содиротии давлат ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол зиёд гардида, ҳосилнокии он меафзояд.

Мувофиқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ майдони кишти пахта 187500 га дар назар дошта шудааст. Кишоварзон аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, кишти пахтаро то санаи 23.04.2018 ба 176588 га расониданд, ки 94,2%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28079 га зиёд мебошад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода, кор дар ин самт бо маром идома дорад. Кишти пахта имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо суръат идома дошта, 1867 адад техника бо тухмипошакҳои муосир ба он сафарбар карда шудааст.

Яке аз аввалинҳо шуда, иҷроиши дурнамои кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ ноҳияҳои Зафаробод, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Вахш, Леваканд, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Қушониён 100–101,4% иҷро намуданд, ки аз кордониву меҳнати софдилонаи онҳо дарак медиҳад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ азм доранд, ки имсол низ агратехникаи парвариши пахтаро дуруст ба роҳмонда, чун соли қабли аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳури майдони умумии гармхонаҳо ба 76,9 га расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 10,9 га зиёд мебошад. Кишоварзон тавонистанд майдони гармхонаҳоро самаранок истифода намуда, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 35,44 га, бодиринг 16,50 га, ва дигар сабзавотҳо 15,68 га кишт намоянду ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд. То санаи 20.04.2018 аз гармхонаҳои доимамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 436,6 тонна помидор, 170,9 тонна бодиринг ва 220,9 тонна маҳсулоти дигар сабзавотҳо ҷамъ 828,4 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ карда шуда, барои фурӯш ба бозор бароварда шуд.

Маъракаи кишти баҳории зироатҳо идома дорад

Мувофиқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ майдони 104908 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ дар назар дошта шуда, то санаи 20.04.2018 дар майдони 89200 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ гузоронида шудааст, ки 85,0%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 364 га зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ 7820 га пешбинӣ гардида, то санаи 20.04.2018 дар майдони 8009 га кишти он гузаронида шудааст, ки 102 фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9219 га зиёд мебошад. Инчунин дар майдони 16995 га сабзавоти барвақтӣ кишт карда шудааст, ки баробари 102 фоизи иҷроиши дурнамо буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8538 га зиёд мебошад.

Рушди соҳаи чорводорӣ

Чун ҳамасола шурӯъ аз фасли баҳор дар сар то сари ҷумҳурӣ маъракаи наслгирӣ аз чорвои майда оғоз мегардад. Тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 20.04.2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 289691 сар насл аз чорвои майда гирифта шуд, ки 86,8%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10098 сар зиёд мебошад.

Наслгирӣ аз чорвои майда дар вилоятҳои Хатлон 171447 сар 101,6%, Суғд 57697 сар 72,0%, ВМКБ 3670 сар 40,0% ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 56877 сар 75,3%-ро ташкил дод, ки 86,8%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

bogh, hisorБунёди боғу токзор

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, № 793 Дар бораи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ бунёди боғу токзорҳои нав дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин муташаккилона идома дорад.

Мувофиқи дурнамо имсол дар майдони 3255 га бунёди боғу токзори нав дар назар дошта шуда, то санаи 20.04.2018 дар майдони 2294 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 70,5%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Бунёди боғҳои нав дар ҷумҳурӣ 2130 га (75,9%) буда, майдонҳои токзор бошад 164 га (36,6%)- ро ташкил медиҳад.

Имрӯзҳо бунёди боғу токзорҳои нав дар вилояти Хатлон 1052 га 89,8%, Суғд 645 га 256% ва НТҶ 571 га 32,3%-ро ташкил дод, ки ҳамаи онҳо дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд гардидаанд.

 

Читайте также: