Эълон — Марҳамат ба Иди харбуза ва асал!

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашну маросимҳо ҷашнгирии Иди “Харбуза, Тарбуз ва асал” дар сар то сари ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бахшида ба ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ва иди Қурбон бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар, имсол низ бо дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумурии Тоҷикистон шуруъ аз моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ Иди “Харбуза ва асал” бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил гардида истодааст.
Бо ҳамин мақсад Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи нақша бо иштироки беҳтарин кишоварзони ҷумҳурӣ санаи 30 ва 31.08.2017 соати 07-00 дар чор минтақаи шаҳри Душанбе (Дар маҷмааи савдои “Меҳргон”, Кӯчаи Ҳусейнзода, назди Кумитаи меъморӣ ва сохтумони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии Дӯстии халқҳо” ва назди КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе”) Иди “Харбузаву асал” ва ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Барои бо шукӯҳ амалӣ гардидани чорабинии мазкур озмун эълон намудааст, ки дар ин озмун беҳтарин истеҳсолчиён иштирок намуда, маҳсулоти хешро пешкаши аҳолии пайтахт мегардонанд.
Дар чорабинии мазкур, навъҳои беҳтарини харбуза, тарбуз ва асалу дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, меҳмонон ва сокинони пойтахт метавонанд бо нархҳои дастрас аз онҳо харидорӣ намоянд. Ғолибони озмун ва беҳтарин полизкорону занбӯриасалпарварони ҷумҳурӣ бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон, меҳмонони пойтахт, тамоми ҳамватанони азизамон ва ҳамчунин намояндагони воситаи ахбори оммаро ба ин чорабиниҳо даъват менамояд.
Марҳамат ба Иди харбуза ва асал!

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар майдони 16907 га кишти полизиҳо гузаронида шуд. То санаи 28.08.2017 майдони 13262 гектари он ҷамъоварӣ карда шуда, ҳосили умумии ҷамъовардашуда 324244 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19237 тонна зиёд мебошад. Кишоварзони ҷумҳурӣ тавонистанд таҷрибаи солиёни зиёд андӯхтаи хешро амалӣ намуда, ҳосилнокии зироатҳои полизиро аз ҳар як га ба 244,5 сентнерӣ расонанд.

Оғози чиниши пахта дар ҷумҳурӣ

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардида, кишоварзони ҷумҳурӣ баҳри сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани он аз тамоми воситаю имкониятҳо самаранок истифода намуда истоданд. Аз аввали мавсим то имрӯз дар ҷумҳурӣ 7740 тонна ё 2,2 % пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки асосан ҷиниши пахта дар вилояти Хатлон оғоз гардидааст.

Ҷамъоварии ҳосили меваю ангур

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 28.08.2017 ба миқдори 103907 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии меваҷотро вусъат бахшида, нисбат ба соли гузашта ҳосили хуб ба даст оварда истодаанд. То имрӯз ҷамъоварии мева дар вилояти Суғд 59440 тонна, вилояти Хатлон 35500 тонна ва НТҶ 8336 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дошта, то санаи 28.08.2017 8979 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.
Бинобар мусоид омадани обу ҳавои фасли зимистон ва баҳори имсола ҳосилнокии меваҷот хуб гардида, кишоварзон баҳри беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани онҳо аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода бурда истодаанд.

 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ. тел: 235.39.23
Сомона: www.moa.tj. e-mail: kishovarz2015@mail.ru

Читайте также: