Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018

Кишоварзӣ самти муҳими таъминкунандаи аҳолӣ бо маводи озуқа ва корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом, инчунин заминаи боэътимоди ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб мешавад

                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

Натиҷаҳои фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2018

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти кории худро дар 3 моҳаи аввали соли 2018 ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, барои замина гузоштан ба натиҷаҳои баланди истеҳсолии маҳсулотҳои кишоварзӣ ва нигоҳ доштани устувории таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ кӯшиш ба харҷ дода, вобаста аз имкониятҳои мавҷуда як қатор корҳоро ба сомон расонид.

 

Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ

Дар ин давра аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, № 160 ва №165 қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

Тақвияти соҳаи тухмипарварӣ

Барои гузаронидани кишти зироатҳои кишоварзӣ захираи тухмии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои оморӣ ба 1.02.2018 ҳамагӣ, ғалладонагиҳо 57621,6 тонна, картошкаи тухмӣ 41520,8 тонна, сабзавот 67,6 ва чигити тухмӣ 13272,6 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта, мутаносибан 4118,6, 17130, 16,3, 2696,6 тонна зиёд мебошад.

Инчунин соли ҷорӣ бо тавсияи мутахассисони вазорат Ширкати «Олами тиҷорат»-и шаҳри Истаравшан аз Федератсияи Россия ба миқдори 270,0 тонна картошкаи тухмии репродуксияи дуюми навъи «Гала»-ро ворид намуда, ба хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент ва Кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” ба миқдори 20 тонна картошкаи тухмии дараҷаи элитии навъи “Биг-роза” ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ  барои кишти соли ҷорӣ тибқи шартномаи тарафайн дастрас намудааст.

Қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби Ширкати “Водии Заррин” барои кишти соли 2018 ба миқдори 222,4 тонна чигити тухмии луччаки навъҳои хитойи “Ханҷиан”, ва навъи туркии “Флеш” ва аз ҷониби Кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” ба миқдори 43,8 тонна навъи “Флеш”, “Харизма”, “ПГ-2018”, “ВА-440” ва “Эдесса ва  Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи А.Ҷумаеви ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд 50,0 тонна пунбадонаи тухмии элитии навъи «Инхан-6»-ро аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид намуда, ба хоҷагиҳои пахтакор ба фурӯш баровардааст.

 

Дурнамои сохтори кишт барои соли 2018

 

Ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди содирот, тезонидани ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот ва таъмини корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, бо назардошти диверсификатсияи зироатҳои кишоварзӣ майдони кишти сабзавот, картошка ва пахта, аз ҳисоби коҳиш додани майдони кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки чорво, дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ, бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор ва олимони соҳа барои соли 2018 таҳия гардид, ки он аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Дар дурнамои сохтори кишти зироатҳо дар хоҷагиҳои деҳқонию ҷамоавӣ кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо дар майдони 145 034 га ва баҳорӣ дар майдони 104 908 га пешбинӣ гардида, аз он 100 314 га дар заминҳои обӣ буда, нисбат ба соли 2017 майдони кишти ғалладонагиҳо дар заминҳои обӣ 43 901 га кам пешбинӣ гардид.

Барои тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда дурнамои кишти зироатҳои равғандиҳанда дар майдони 46 073 га пешбинӣ гардид, ки нисбати кишти соли 2017 22 084 га зиёд мебошад. Майдони кишти картошка 33 490 га дар назар дошта шуд, ки он нисбати кишти соли 2017 10 760 га зиёд буда, аз майдони умумии пешбинишуда 7 820 гектарашро (23,1%) картошкаи барвақтӣ ташкил дода, нисбати соли 2017, 4720 га зиёд аст.

Баҳри дар давоми сол таъмин намудани аҳолии кишвар бо сабзавоти тару тоза дар дурнамо кишти зироатҳои сабзавотӣ дар майдони 50 882 га пешбинӣ гардид, ки аз он 16 582 га (32,6 %) кишти барвақтӣ, аз ҷумла сабзӣ 6 584 га (12,9 %), пиёз 19 035 га (37,4 %) ва помидор 8 744 га (17,2%) мебошад, ки нисбати кишти соли 2017 майдони кишти пиёз 5 139 га ва майдони кишти сабзӣ 2 894 га зиёд пешбинӣ гардидааст.

Пахта ҳамчун яке аз маҳсулотҳои содиротии давлат ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар соли 2018 ба 187 500 га пешбинӣ гардид, ки нисбати соли 2017 13 521 га зиёд мебошад.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои оморӣ то 1.04.2018 хоҷагиҳои пахтакорӣ ҷумҳурӣ дар майдони 41747 га кишти пумбадонаро гузаронидаанд, ки 22,3 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24572 гектар зиёд мебошад. Кишти пахта дар вилояти Хатлон 39906 гектар ё 33 фоиз ва дар вилояти Суғд 957 гектар ё 16 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 884 гектар ё 10,4 фоизи дурнамо таъмин гардидааст.

Кишти пумбадона дар ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, тибқи маълумотҳои фаврӣ ба санаи 10.04.2018 масоҳати киштшудаи он 116405 гектаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82109 гектар зиёд буда 62,1 фоизи иҷрои дурнамои киштро ташкил медиҳад. Кишти пумбадона дар вилояти Хатлон 80,2 фоиз, Суғд 26,9 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 38,9 фоиз таъмин гардидааст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 01.01.2018 барои ҳосили соли 2018 тирамоҳи соли 2017 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 157893 га кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шуда, дурнамои кишти пешбинишуда 109,0 фоиз таъмин гардид. Кишти сабзавоти барвақтӣ дар майдони 16995 га (102%), аз он пиёз дар майдони 12710 га, картошкаи барвақтӣ дар масоҳати 8009 га (102%) кишт карда шуд.

Инчунин тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 1.04.2013 хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони 172700 га кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла ғалладона 68405 га, зироатҳои техникӣ 54414 га, картошка11371 га, сабзавот 22678 га, полизӣ 6938 га ва зироатҳои хӯроки чорво 6467 га гузарониданд, ки мутаносибан 136,4 фоиз, 110,4, 189,4, 201, 131,8, 126,4 ва 110,1 фоизи дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ

 

Дар 3 моҳаи аввали соли 2018 дар натиҷаи чораҳои андешидашуда ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 1238,1 млн сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,1 фоиз зиёд мебошад. Суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 22,9 ва 5,0 фоизро ташкил кард.

Дар ин давра истеҳсоли сабзавот 1589 тонна, гӯшт 34756 тонна, шир 176837 тонна, моҳӣ 264 тонна, тухм 81618 ҳазор донаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсол мутаносибан аз 3,9 то 22,5 фоиз афзудааст.

 

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ

 

Ҷиҳати амалигардонии “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015,793 тасдиқ гардидааст, Вазорати кишоварзӣ оид ба вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ярмаркаи фурӯши ниҳолҳоро санаи 6-7 январи соли 2018 ва ҷашни пуршукӯҳи «Сада»-ро санаи 30 январи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳагу фароғатии Дӯстии халқҳо» доир намуд. Дар рӯзи баргузории чорабиниҳои мазкур дастовардҳои гуногуни олимону кишоварзон, аз қабили техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, кӯчати гулу гулбуттаҳо, навъҳои гуногуни тухмиҳо, ниҳолҳои гуногуни ороишиву дарахтони мевадиҳандаи серҳосил пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуда, ба корҳои созандагиву ободкорӣ, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ оғоз бахшида шуда, тавассути васоити ахбори омма ташвиқу тарғиботи он ба роҳ монда шуд.

Дар соли 2018 тибқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар ҷумҳурӣ бунёд намудани 3255 гектар боғу токзорҳои нав пешбинӣ шудааст, ки аз он 2807 гектар боғ, 448 гектар токзор ташкил дода, ҳамзамон бунёди 104 гектар боғҳои интенсивӣ ва барқарорсозии 1046 гектар боғу токзори  кӯҳна ба нақша гирифта шудааст .

Ҷиҳати зиёд намудани содироти мева кишоварзони мамлакат тибқи маълумотҳои оморӣ то 01.04.2018 дар ҷумҳурӣ дар майдони 1831,5 гектар (56,3%) боғу токзори нав бунёд намудаанд, ки аз он 1781 гектар (63,4) боғ ва 50,5 гектар (11,3) токзор мебошад. Инчунин дар миқёси ҷумҳурӣ майдони 957,5 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ дар боғу токзорҳои ҷумҳурӣ корҳои пешгирӣ бар зидди касалию ҳашаротҳои зараррасон ба роҳ монда шуда, вобаста ба шароити иқлими ба минтақаҳо хос бунёд ва барқароркунии боғу токзорҳои куҳна идома дорад.

Ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ омили серҳосилӣ

 

Бо мақсади пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳою касалиҳои боғу токзор дар давраи зимистону аввали баҳор бо тавсияи мутахассисони соҳа хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар майдони 71567 гектар коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтону токзор (боғ-57129 га, ток-14438 га), дар майдони 90530 гектар буридани навдаҳо (боғ-68150 га, ток-22380 га) ва дар майдони 62699 гектар яхобмонӣ (боғ-52750 га, ток-9949 га) ва дар майдони 38151 гектар коркарди кимиёвӣ (боғ-27628 га, ток-10523 га) гузаронида, чораҳои пешгирикунанда (агротехникӣ, механикӣ, кимиёвӣ) гузаронида истодаанд, ки ин усулҳо барои кам кардани як миқдор пайдошавии организмҳои зараррасон мусоидат менамояд. Айни ҳол чораҳои мазкур дар шаҳру ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ идома дорад.

Бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бар зидди паҳншавии малах фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2018, №17 “Бо мақсади пешгирии саривақтӣ, роҳ надодан ба паҳншавии малах, инчунин гузаронидани чораҳои муҳофизатии зироатҳои кишоварзӣ ва боғу токзор аз зараррасону касалиҳо ва дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2018” ба тасвиб расонида шуда, дар маҷлисгоҳи вазорат бо иштироки  намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Клуби миллии ҳавопаймоии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, Агентии хоҷагии ҷангали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 53 нафар ҳайати Ситод, намояндагони 32 ноҳияи дар он хавфи зарароварии малах бақайдгирифташуда, ҷаласаи аввали Ситоди доимамалкунандаи ҷумҳуриявии мубориза бар зидди малах ва дигар зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ доир гардид.

Соли ҷорӣ бо мақсади пешгирӣ намудани паҳншавии малах дар доираи маблағҳои буҷетӣ харид ва тақсимоти заҳрдоруҳо, таҷҳизотҳо, сӯзишворӣ ва либосҳои муҳофизавӣ бар зидди малах ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ заҳрдору 17602 литр, дорупошакҳои дастиву моторӣ 170 адад, либосҳои муҳофизавӣ 400 ҷуфт, сузишвории дизелӣ 13245 литр, бензин 8556 литр ба нақша гирифта шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ва коркарди кимёвӣ 51 адад трактор бо дорупошакҳояш, 15 адад автомашинаҳои Тайота Хайлюкс бо дорупошаки микронейр васлшуда, 5 адад нақлиёти обкаш, 37 адад мототсикл, 413 адад дорупошакҳои дастӣ ва маторӣ ва зиёда аз 950 нафар қувваи корӣ сафарбар карда мешавад.

Бо сабаби гарм омадани зимистон ва аввали баҳор дар ҷумҳурӣ 15-20 рӯз нисбати соли сипаригашта пайдоиши маллах барвақт ба қайд гирифта шуда, тибқи маълумотҳои фаврӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар майдони паҳнгаштаи малах 11477 га коркарди кимёвӣ гузаронида шудааст.

Парвариши сабзавот дар гармхона

 

Яке аз роҳҳои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фасли сол ва замина гузоштан ба таъмини амнияти озуқавории кишвар ин зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои доимамалкунанда ба ҳисоб рафта мувофиқи маълумотҳои фаврӣ ба 30.03.2018 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамъиятии ҷумҳурӣ дар майдони 65,10 гектар кишти сабзавоти барвақтиро дар гармхонаҳои доимӣ гузаронидаанд, ки аз он помидор 35,44 гектар, бодиринг 13,99 гектар ва дигар намуди сабзавотҳо 15,53 гектарро ташкил медиҳад. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз майдони зикргардида ҳамагӣ 547,3 тонна сабзавот, аз ҷумла помидор 260,1 тонна, бодиринг 190,5 тонна ва дигар намуди сабзавот 190 тонна истеҳсол карда шуда ба бозорҳои истеъмолии мамалакат пешниҳод карда шудааст.

Ярмарка фурӯши маҳсулотҳои кишоварӣ

 

Ҷиҳати нигоҳ доштани болоравии нарху навои маҳсулотҳои ниёзи аввалияи мардум Бо мақсади дастгирии сокинони шаҳри Душанбе дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи Модар ва Иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе аз 10 то 20.03.2018 ярмарка -фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 595 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, биринҷ, гӯшт, шир, тухм ва дигар маҳсулотҳо аз нархи бозор нисбатан 25-30 % арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Дастовардҳои илму таълими кишоварзӣ

 

Рушд додани соҳаи кишоварзӣ аз татбиқи дастовардҳои илм бо истеҳсолот алоқамандӣ дошта, дар ин давра аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон корҳои илмию таҳқиқотӣ тибқи 60 мавзӯъ идома дошта, дар онҳо омӯзиши усулҳои муосири селексия, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бо касалиҳою зараррасонҳои зироату чорво ва ғайра идома дорад.

Олимони муассисаҳои илмии Академия дар се моҳи соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 5 патент ва 2 қарори мусбӣ гардиданд. Аз он ҷумла 1 патент оид ба офаридани органи кории марказӣ барои шинонидани ниҳолҳои мевагӣ ва 4 патент оид ба тарҳрезии маводи табобатию усули пешгирии бемориҳои сироятӣ, 1 қарори мусбат оид ба тарҳрезии зарфи ҳаҷмаш тағйирёбанда барои биореактор бо мақсади ғанӣ гардонидани микроорганизмҳои фоидаовари хок ва 1 қарори мусбӣ оид ба тарҳрезии маводи табобатӣ дар соҳаи ветеринарӣ гирифта шуд.

Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.2018, №1 8 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва 2 дурагаҳои кирмаки абрешим дар ҷумҳурӣ минтақабоб гардиданд.

Дар ин давра аз ҷониби устодони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур 2 китоби дарсӣ, 37 дастури методӣ, 1 монография ва зиёда аз 75 мақолаҳои илмию методӣ нашр гардиданд. Ба мақсади такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва бозомӯзии касбии  онҳо, дар семоҳаи аввали соли 2018 семинар-машваратҳо оид ба “Технологияи парвариши боғ ва омодагӣ ба фасли зимистон”, “Зараррасонҳо ва касалиҳои зироатҳои кишоварзӣ ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо” ва дигар мавзуъҳои муҳим гузаронида шуд, ки дар кори он 2628 мутахассисон, раисони ҷамоатҳо, фермерон  ва деҳқонон ҷалб карда шуданд.

Рушди соҳаи чорводорӣ

 

Чорводорӣ соҳаи муҳими истеҳсолоти кишоварзӣ буда, дар таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти ғизоии серсафеда ва саноати сабук нақши муҳим дошта, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ, тибқи маълумотҳои оморӣ ба 01.04.2018 саршумори чорвои калон 2 287 121 сар, аз он модагов 1 171 673 сар, гусфанду буз 5 632 464 сар, асп 80 657 сар, паранда 4 895 032 сар парвариш меёбад, ки аз он саршумори чорвои калон 161 966 сар (7%), гусфанду буз 1 086 728 сар (19,3%), асп 21 227 сар (26,3%) ва паранда 1 546  036 сар (31,6%) ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 1,6%, гӯсфанду буз 1,7 %, паранда 9,0 % ва асп 0,9% зиёд гардид.

Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъракаи наслгирии чорвои майда фармоиши вазорат ба тасвиб расида, гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 01.04.2018 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавӣ 263932 сар барраю бузғола гирифта шуда, ба 100 сар меш ва модабуз 71 сари рост омад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13045 сар зиёд мебошад.

Яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани зоти чорво ва дар ин замина баланд бардоштани маҳсулнокии он бордоркунии сунъӣ мебошад. Ҳоло дар миқёси ҷумҳурӣ 292 адад нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор, аз ҷумла 77 адад дар сектори ҷамъиятӣ ва 215 адад дар сектори хусусӣ фаъолият доранд. Дар ин нуқтаҳо 8018 сар чорвои калон бо тарзи сунъӣ бордор карда шуданд, ки тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ин давра аз бордоркунии сунъӣ 5768 сар гӯсола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта бордоркунии сунъӣ 259 сар ва гирифтани гӯсола 97 сар зиёд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ барои таъмини нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ бо ҳосили буққаҳои зотии истеҳсоли ватанӣ дар филиалҳои муассиса дар вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ 3050 воя ҳосили буққаҳои зотӣ истеҳсол гардида, инчунин барои ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ аз Институти физикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1350 литр азоти моеъ харидорӣ ва бо дастгирии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 15 маҷмуъ асбобу анҷомҳои бордоркунии сунъӣ ва 1800 воя ҳосили буққаҳои зотии истеҳсоли хориҷӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва барои барқарор намудани ба дигар нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дастрас карда шудааст.

Дар баробари ин бо истифодабарии 49 сар буққаҳои зотӣ, ки бо кӯмаки молиявии Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо», инчунин Лоиҳаи Барномаи рушди СММ барои беҳтар намудани зоти чорвои бахши аҳолӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас карда шудааст, тибқи маълумотҳои фаврӣ дар давраи ҳисоботӣ бо истифодаи ин буққаҳои зотӣ 540 сар модаговҳо ба таври табиӣ бордор карда шуда, аз ҳисоби модаговҳои соли гузашта бордоргардида 52 сар гӯсолаи хушзот гирифта шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра барои мавсими муташаккилона рондани чорво аз чарогоҳҳои зимистона ба чарогоҳҳои тобистона, ки фаро мерасад мутахассиони соҳавӣ барои омода намудани роҳҳои чорвогузар, майдонҳои дамгирии чорво ва таъсиси нуқтаҳои назоратию байторӣ сафарбар гардида, дар ин самт корҳои зарурӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

Рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯрпарварӣ

 

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то 1.04.2018 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 1935159 сар паранда мавҷуд буда, то ин давра 41739 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори паранда мутаносибан 389123 сар (125,2%) ва тухм 5202 ҳазор дона (114,4%) зиёд мебошад.

Парандапарварони ҷумҳурӣ бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҳамчун афзалиятнок муайян гардидани соҳа аз ҷониби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа руҳбаланд гардида, барои рушди соҳаи парандапаварӣ талош варзида истодаанд.

Дар ин давра барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон 500 тонна хуроки омехтаи паранда ва 400 ҳазор донна тухми инкубатсиони барои афзун намудани истеҳсоли гушти паранда ворид карда шуд.

Соҳаи моҳипарварӣ низ сол то сол тараққӣ ёфта истодааст. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 270 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият дошта, аз рӯи маълумотҳои оморӣ то 01.04.2018 истеҳсоли он ба 264 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 тонна (122,5%) зиёд мебошад.

Соҳаи занбӯрпарварӣ дар шароити кӯҳсори ҷумҳурӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 222386 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати соли гузашта 3396 оила зиёд гардидааст. Барои ривоҷ додани соҳаи занбӯрпарварӣ дар доираи маблағҳои буҷетӣ харидори намудани 600 оилаи занбӯри асал бо ҳамаи асбобу анҷомҳояш дар назар дошта шудааст.

Техникаи кишоварзӣ

 

Пешбурди соҳаи кишоварзӣ ва кишту кори зироатҳои кишоварзӣ аз бисёр ҷиҳат ба мавҷуд будан ва омодагии техника вобастагии калон дошта, тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 1.04.2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 26590 адад тракторҳо, аз он 2205 адад тракторҳои шудгоркунанда, 9336 адад испорҳои тракторӣ, 9305 адад ядакҳои тракторӣ ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки 74 %-и онҳо ба корҳои саҳроӣ омода мебошанд.

Аз миқдори тракторҳои мавҷудбуда 2848 адад дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ, 5252 адад дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 18490 ададаш дар хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Таъминоти хоҷагиҳо ба трактор, комбайн ва дигар мошинолотҳо дар мадди мутахассисони соҳа қарор дошта, тибқи маълумотҳои фаврӣ дар 3 моҳи соли 2018 ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 590 техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ ворид гардидааст, ки аз он 164 ададшро тракторҳои гуногунтамға ташкил медиҳад.

Бо мақсади осон намудани корҳои кишоварзон дар ҷумҳурӣ то имрӯз 81 адад марказҳои хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шудааст, ки аз он дар ВМКБ 8 адад, вилоятҳои Хатлон 35 адад, Суғд 25 адад ва 13 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ рост меояд. Аз миқдори умумии марказҳои ташкилгардида 56 адад тавассути Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» таъсис дода шудааст. Марказҳои мазкур бо 786 трактори шудгоркунанда (тасмачарх), байниқаторӣ (сечарха), нақлиётӣ (чорчарха), 27 комбайни ғалладарав ва 2228 мошинолоти кишоварзӣ, аз қабили ядак, испор, тухмипошакҳо, картошкашинонак, картошкаканак ва дигарҳо мошинолотҳо муҷаҳаз гардонида шудааст.

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3180,5 тонна сӯзишвории дизелӣ ва бензин 90 тонна ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта сӯзишвории дизелӣ 1719,5 тонна зиёд ва бензин 72 тонна кам мебошад.

Истифодабарӣ ва нигоҳдории техникаи кишоварзӣ аз ҷониби корхонаву хоҷагиҳо таҳти назорати доимии мутахассисон ва муҳандис-нозирони вилоятиву ноҳиявии Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ қарор дошта, дар 3 моҳаи аввали соли 2018 157 санад-амрнома ба номи роҳбарону муҳандисон ва шахсони мутасаддӣ барои вайрон намудани қоидаҳои муайяншуда тартиб дода шуда, ба маблағи 1600 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд.

Муносибатҳои байналмилалӣ

 

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд.

Дар мувофиқа бо вазорату идораҳо Лоиҳаи «Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ», «Коҳиши сатҳи устуворӣ нисбат ба доруҳои зиддимикробӣ дар соҳаҳои озуқаворӣ ва кишоварзӣ», «Таҳкими иқтидори хизматрасониҳо доир ба паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ», «Такими иқтидори хоҷагидорон ба аҳолии деҳот оид ба истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо», Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои солҳои 20182020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Лоиҳаҳои «Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шаҳрдорӣ ва муҳити атрофи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ» пас аз баррасӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, 20.03.2018, №1/12-703 ба ҷониби Қатар ва лоиҳаи «Таҳкими иқтидори хоҷагидорон ва аҳолии деҳот оид ба истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо» ба баррасии вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод гардида, Лоиҳаи «Созишномаи гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҷамъияти олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) пешниҳод гардида буд, барои ба имзо расонидан омода мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, вохӯриҳои роҳбарият ва мутахассисони вазорат бо намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, сафоратхонаҳо, марказҳои минтақавӣ аз ҷумла: бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон, Фаронса, Афғонистон, Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири мудофиа ва санбати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид доир гардид.

Айни замон дар соҳаи кишоварзӣ 3 лоиҳаи инвеститсионӣ ба воситаи 2 Маркази татбиқи лоиҳаҳо амалӣ гардида истодааст, тибқи нақша маблағҳо азхуд карда шуда, барои рушди соҳа равона гардида истодааст.

Ҳамкорӣ бо ВАО

Мутахассисони вазорат оид ба омодагӣ ба мавсими кишту кори баҳорӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, риояи агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон ва рушди соҳаи чорводорӣ 52 мусоҳиба анҷом доданд, ки тавассути воситаҳои ахбори омма пахш карда шуд. Дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ зиёда аз 55 хабару мақолаҳои гуногун доир ба соҳаи кишоварзӣ нашр гардиданд.

Ҳуҷатгузорӣ ва қабули шаҳрвандон

 

Дар давраи ҳисоботӣ ба унвони Вазорати кишоварзӣ 1723 адад мактубҳо, қонунҳо, қарорҳо, аризаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо ворид гардиданд, ки аз он 404 ададаш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз рӯи супоришот ҳамаи санадҳо зери назорат гирифта шуда, дар мӯҳлатҳои муайянгардида ҷавоб гардонида шуд. Роҳбарияти вазорат дар давраи ҳисоботӣ 31 нафар шаҳрвандонро қабул карда, нисбати масъалаҳои рӯзмарраи онҳо ҷавобҳои мушаххас манзур намуданд.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши худро ба он равона намуда истодааст, ки иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардида, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ, таъминоти бештари аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом мусоидат намояд.

 

 

Читайте также: