Паёми Президент сармашқи кори кишоварзон

Имрӯз (27.01.2015) дар Вазорати кишоварзии Ҷуҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ Қосим Роҳбар дар партави Паёми Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси васеи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки васеи мутахассисони соҳаи чорводорӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.

Дар рафти ҷаласа Вазири кишоварзӣ аз дастуру супоришҳои вобаста ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ки дар Паёми имсола дарҷ гардида буд ёддовар шуда, масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки баҳри рушди соҳаи чорводорӣ, фаъолияти фермаҳои чорводорӣ, ташкили корхонаҳои коркарди гӯшту шир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ чораҳои заруриро амалӣ намоянд. Таъкид карда шуд, ки баҳри тамини муассисаҳои таълимӣ, махсусан муассисаҳои томактабӣ ва хона-интернатҳо бо маҳсулотҳои гӯшту ширӣ чораҳои амалӣ андешида шавад.

Инчунин, дар ин замина бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкил намудани комплексҳои чорвои хушзоти ширдеҳ ва гӯштӣ» аз 3 декабри соли 2012, таҳти №701 аз ҳисоби мутахассисони вазорат гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ вазифадор карда шуд, ки зимни сафари корӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ рафти иҷрои қарори мазкурро санҷида баромада ба масъулини соҳа дар маҳал кумаки амалӣ расонанд. Ҳамзамон, мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистонро зимни вохӯриҳо ба аҳолӣ расонанд.

Читайте также: