Рушди муносибатҳои дуҷониба

Имрӯз, дар доираи Агро Бизнес-Форуми “Тоҷикистон-Нидерландия” дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ширкати ҳоландӣ ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир гардид.

Муовини аввали вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Ҳотамов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳайати намояндагии Нидерландро ба Тоҷикистон хайра мақдам намуд. Ҳамзамон, дар навбати худ намояндаи сафорати Шоҳигарии Нидерландия дар Қазоқистон ҷаноби Вилко Роггенкамп ба ҳайати Вазорати кишоварзӣ барои мусоидат ба вохӯрии имрӯза, изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Нидерландия дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла парандапарварӣ, тухмӣ, сардхонаҳо ва чорводорӣ мавриди баррасӣ қарор дошт. Қайд гардид, ки кишвари Нидерландия дар соҳаи кишоварзӣ хеле тараққӣ намудааст ва омодааст, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монад.

Баъд аз мулоқоти мазкур дар бинои меҳмонхонаи “Сирена” Агро Бизнес-Форуми “Тоҷикистон-Нидерландия” баргузор гардид, ки дар кори Форуми мазкур намояндагони сафорати Шоҳигарии Нидерландия дар Қазоқистон, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд.

 

Читайте также: