Семинар-машварати тухмипарварон

Санаи 28.09.2016 Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар толори хурди вазорат семинар-машварати ҷумҳуриявӣ зери унвони «Рушди соҳаи тухмипарварӣ ва аҳамияти он дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат»-ро бо иштироки мутахассисону олимон ва роҳбарони хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ доир намуд.

2Дар қисми назариявии семинар- машварат муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидова Ҷ.С. дар мавзӯи «Тухмипарварӣ:-мушкилот ва роҳҳои ҳалли он», муовини директори Институти «Зироаткорӣ»-и АИКТ Нарзуллоев Т.С. дар мавзӯи «Саҳми Институти «Зироаткорӣ»-и АИКТ дар рушди соҳаи тухмипарварӣ»,  мудири Шуъбаи зироатҳои ғалладонагии Институти «Зироаткорӣ»-и АИКТ Қосимов Ф. дар мавзӯи «Усулҳои тухмипарварии ибтидоии зироатҳои ғалладонагӣ дар зерташкилотҳои институти «Зироаткорӣ»-и АИКТ ва тавсифи навъҳо», директори Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон Болтаев С.П. дар мавзӯи «Нақши Ассотсиатсияи тухмипарварони Тоҷикистон дар рушди соҳаи тухмипарварӣ» ва мудири кафедраи растанипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Шарипов Н.С. дар мавзӯи «Роҳҳои рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Тоҷикистон» баромад намуданд.

3Дар қисми амалии семинар- машварат иштирокчиён аз намоиши навъҳои тухмии ватанӣ ва хориҷии зироатҳои ғалладонагӣ, ки аз ҷониби хоҷагиҳои таҷрибавии тухмипарвари АИКТ ва  Кооперативи тиҷоратии ба номи Муродови шаҳри Ҳисор омода гардида буд, дидан намуданд.

Дар кори семинар-машварат баҳсҳои ниҳоят муҳим сари мушкилоти тухмипарварӣ ва роҳҳои ҳаллӣ он, нақши тухмии сертификатсияшуда дар ҳосилнокии баланд, таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳосилнокӣ, офаридани навъҳои

Читайте также: