Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

Шукӯҳу шаҳомати Иди “Асал ва Харбуза”

Ҳамасола бо ибтикор ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар сар то сари ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Иди «Асал ва харбуза» бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос ҷашн гирифта мешавад.

Имсол низ дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва пурнозу неъмат гардонидани дастурхони аҳолӣ, санаи 30 ва 31.08.2017 дар Маҷмааи савдои “Меҳргон”-и шаҳри Душанбе Иди «Асал ва Харбуза»-ро бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил намуд

Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки ду рӯз идома ёфт кишоварзон аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, 174,5 тонна навъҳои беҳтарини харбуза, 97,4 тонна асали моллӣ ва гиёҳҳои шифобахш, хӯрокҳои аз он омода гардида, инчунин ҳунарҳои дастии мардумиро ба марази тамошои меҳмонону сокинони пойтахт гардониданд.

Дар оғози чорабинӣ меҳмонону иштирокчиён аз ороишу дастовардҳои кишоварзон ва ҳунарҳои миллӣ дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд.

Сипас, муовини сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Изатулло ва Раиси ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе Сами Шариф оид ба аҳамияти баргузории Иди “Асал ва харбуза” ва дастовардҳои полизкорони ҷумҳурӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби масъулони соҳа қайд гардид, ки дар давоми даврони соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар ҷашну маросимҳо Иди “Асал ва харбуза” ба ҳукми анъана даромадааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати кишоварзӣ ҳамасола ин чорабиниро дар сар то сари кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати ба худ хос таҷлил менамояд. Ин ҳама осудагиву фаровонҳосилӣ, тинҷиву оромӣ ва сериву пурии дастурхони мо самараи истиқлолият буда, имрӯз моро лозим аст, ки онро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва ҳифз намоем.

Дар ин чорабинии идона дастаҳои муассисаҳои фарҳангии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуда, хотири иштирокчиёнро бо барномаҳои рангини фарҳангии худ шод намуданд.

Ҳосилнокии полизиҳо меафзояд

 Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар майдони 16907 га кишти полизиҳо гузаронида шуд. То санаи 04.09.2017 майдони 14364 гектари он ҷамъоварӣ карда шуда, ҳосили умумии ҷамъоваришуда 335764 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10194 тонна зиёд мебошад. Кишоварзони ҷумҳурӣ тавонистанд таҷрибаи солиёни зиёд андӯхтаи хешро амалӣ намуда, ҳосилнокии зироатҳои полизиро аз ҳар як га ба 233,7 сентнерӣ расонанд.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

 Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 22730,3 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи 04.09.2017 дар ҷумҳурӣ майдони 8287 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосили умумии ҷамъоваришуда 154191 тоннаро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз ҳар як га 186,1 сентнериро ташкил медиҳад.

Ҳоло ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, то санаи 04.09.2017 дар вилояти Хатлон аз майдони 3747 га 80555 тонна, дар вилояти Суғд аз майдони 2888 га 45868 тонна ва дар НТҶ бошад аз майдони 1535 га 25419 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили меваю ангур

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ то санаи 04.09.2017 ба миқдори 105982 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст. Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии меваҷотро вусъат бахшида, нисбат ба соли гузашта ҳосили хуб ба даст оварда истодаанд. То имрӯз ҷамъоварии мева дар вилояти Суғд 60300 тонна, вилояти Хатлон 35500 тонна ва НТҶ 9358 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ангур низ муташаккилона идома дошта, то санаи 04.09.2017 17250 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.

Бинобар мусоид омадани обу ҳавои фасли зимистон ва баҳори имсола ҳосилнокии меваҷот хуб гардида, кишоварзон баҳри беталаф ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани онҳо аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода бурда истодаанд.

Читайте также: