Таҷлили ҷашни Истиқлолият дар вазорати кишоварзӣ

Бисту чор сол муқаддам, миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди бузург — Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мо ин рӯйдоди муборак, яъне пайвастани оини давлатдории навини худро бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем.

20150908_160052Ба ин муносибат имрӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Оид ба аҳамияти таърихии ин санаи муҳиму тақдирсоз вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Зокирзода баромади пурмуҳтаво намуданд. Қайд карда шуд, ки имрӯз дар сар то сари кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, дар соҳои истиқлолият садҳо иншоотҳои гуногун ба монанди бунёди неругоҳҳои азим, пулу роҳҳои мумфарши замонавӣ, истифодаи нақбҳои мошингард, мактабу муассисаҳои тандурустӣ мавриди баҳрабардории мардум қарор дода шуданд.

Халқи бонангу номуси тоҷик имрӯзҳо, баҳри амали гардидани ҳадафҳои стратегии кишварамон барои таъмини амнияти озукаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани мамлакат саъю талошҳо ба харҷ дода истодааст. Бо амалӣ гардидани ин се ҳадафи тақдирсоз ҷумҳурии азизамон боз ҳам гул-гул мешукуфад.

20150908_161026Қайд кардан ба маврид аст, ки бахши кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодии миллӣ буда, таъмини амнияти озуқавории малакат, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ба ҳисоб меравад, ки асосан аз сатҳи рушди он вобаста аст. Имрӯзҳо, кишоварзони ҷумҳурӣ бо дарки амиқу ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ аз дастуру супоришҳои ҳамешагии Сарвари давлат зимни вохӯриҳояшон бо кишоварзони манотиқи гуногуни кишварамон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва пурнозу неъмат гардидани дастурхони аҳолӣ тамоми ҷидду ҷаҳди худро равона намудаанд.

Дар охири баромади худ вазири кишоварзӣ тамоми кишоварзони ҷумҳуриро низ бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд.

 

 

 

 

Читайте также: