Таҷлили ҷашни Наврӯзи кишоварзон

Боиси ифтихор ва шарафмандии бузург аст, ки бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ҳамасола фарорасии Соли нави аҷдодиамон-Наврӯзи дилафрӯз ҳамчун рамзи бедорӣ ва шукуфоии табиат, айёми кишту кори марди деҳқон бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар ҷумҳурии азизамон таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат имрӯз дар толори хурди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони вазорат ҷамъомади тантанавӣ доир карда шуд.

Сараввал Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Зокиров  ҷамъомади тантанавиро ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба аҳамияти таърихии ҷашни Наврӯзи бостон, эҳёи табиат ва оғози кишту кори марди деҳқон суханронӣ намуда, аҳли нишаст ва кулли кишоварзони ҷумҳуриро ба фарорасии фасли баҳор-оғози кишту кори кишоварзон ва таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ самимона муборакбод намуд.

Сипас, раиси Иттифоқи касабаи кормандони дастгоҳи марказии вазорат  М.Мирзоев  оид ба сунатҳои ҷашнгирии Наврӯз, ҷойгоҳи ин ҷашн дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳанӯз моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифта  буд, ёддоварӣ намуда қайд кард, ки  имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ бо дарки амиқу ҳиси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ аз дастуру супоришҳои ҳамешагии Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри таъмини амнияти озуқавории кишвар ва пурнозу неъмат гардонидани дастурхони аҳолӣ тамоми ҷидду ҷаҳди худро равона намудаанд.

Дар охири ҷамъомади тантанавӣ иштирокчиён аз хони Ҳафтсину Ҳафтшин-рамзи ҷашни Наврӯз, ки бо маҳсулотҳои офаридаи кишоварзон оро ёфта буд, дидан намуданд.

Омодагии техникаи кишоварзӣ ба кишти баҳорӣ

Бо мақсади саривақт ва бо сифати баланд аз таъмир баровардани тракторҳо, тухмипошакҳо ва дигар намуди техникаҳои кишоварзӣ ва муташаккилона гузаронидани кишти баҳорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ назорати омодагии техникаҳои шудгоркунанда, кишткунанда, нурипошак ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ ва қабули онҳо ба «Хатти тайёр» ба анҷом расонида шуд.

Тибқи маълумотҳо оморӣ то санаи 01.03.2015 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ 6879 адад тракторҳо ба кишту кори баҳорӣ омода буда, айни замон дар хоҷагиҳои кишоварзӣ мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Аз ҳисоби техникаи умумӣ 1195 адад тракторҳои шудгоркунанда, 3606 адад ядакҳои тракторӣ, 2167 адад испорҳои тракторӣ, 191 адад комбайнҳои ғалладарав, 221 адад досҳои тракторӣ, 81 адад комбайнҳои хӯроки чорвоғундор ва силосғундор, 82 адад тойбанду тагрезчинҳо, 1692 адад тухмипошакҳои тракторӣ, 1380 адад тухмипошакҳои пахта, 2108 адад култиваторҳои тракторӣ ва 14 адад комбайнҳои ҷуворимаккағундор омодаи кор гардидаанд.

Оид ба воридоти сӯзишворӣ ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ тибқи маълумотҳои оморӣ то санаи 01.03.2015 1543 тонна сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст, ки аз он 139 тоннааш бензин мебошад, ки дар кишти мавсими самаранок истифода мешавад.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растнипарварӣ то санаи 15.03.2015 дар майдони 88,14 гектар гармхонаҳои доимӣ кишти сабзавотҳо гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 24,7 гектар зиёд мебошад. Аз ҳисоби кишти умумӣ майдони 39,29 гектар помидор, 24,55 гектар бодиринг ва 24,30 гектарро дигар сабзавотҳо ташкил медиҳад. То имрӯз аз гармхонаҳои доимии ҷумҳурӣ ба миқдори 401,6 тонна помидор, 251,6 тонна бодиринг ва 232 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ карда шудааст.

 

Читайте также: