Пахтакорӣ

Пахтакорӣ дар ҷумҳурӣ чун соҳаи асосии кишоварзии ҷумҳурӣ боқӣ монда, ба ташаккули иқтисодиёт ва хоҷагии халқи Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Соҳаи пахтакорӣ аз сабаби вайрон гаштани пойгоҳҳои моддиву техникӣ бо мушкилохои зиёде ру ба ру гашта ҳосилнокӣ аз хар як гектар паст гашт.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи баамаломадаро ба назар гирифта, бо мақсади дастгирии рушди ояндаи соҳаи пахтакорӣ тасмим гирифт, ки қарзи субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар соҳаи пахтакорӣ, ки то 1 январи соли 2008 аз ҳисоби сармоягузорон ба амал омада буданд, бо роҳи аз ҳисоб баровардан, кам кардан, ба таъхир гузоштан, таҷдиди мӯҳлати пардохти қарзҳо ва барориши қоғазҳои қимат ҳал карда шавад.

Барои таъмини рушди мунтазами соҳа барои тадбирҳои амалӣ андешидан ва ба пайдоиши қарзҳо роҳ надодан қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007, №111 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша чорабиниҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009» қабул карда шудааст.

Ҳамзамон дар робита бо ин зарурияти қабули Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ ба миён омада 31 октябри соли 2009, №586 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014», қабул карда шуд.

Баланд бардоштани самарабахшии пахтакорӣ ба вазъи иқтисодии на танҳо соҳа балки ба вазъи кишвар дар маҷмӯъ алоқаманд аст. Бинобарон парвариши он дар ҳудуди 200 ҳаз. га бо зиёд намудани ҳосилнокӣ дар асоси технологияи муосир дар минтақаҳои Хатлон ва Суғд тавсия дода шудааст.

Барои рушди соҳа аз ҳисоби малағҳои буҷавӣ дар асоси Барнома солҳои 2011 ба маблағи 1260 ҳазор сомонӣ ва соли 2012, 1200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва бо ин маблағ соли 2011 лабораторияи биологӣ дар ноҳия Фархор ва Қумсангир сохта шуда ва дар ноҳияи Ҷилликул лабораторияи биологӣ барқарор карда шуд. Соли 2012 бошад бинои озмоишгоҳи биологии шаҳри Кӯлоб таъмир гашта, хати биологӣ пайваст карда шуд ва дар нимсолаи якӯми соли 2013 ба кор дароварда мешавад, Агрохимлабораторияи «Марказ»-и шаҳри Душанбе низ аз таъмир бароварда шуд.

Соли 2012 дар майдони 199254 гектар кишти пахта гузаронида шуда, истеҳсоли он ба 417978 тонна расонида шудааст, ки ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 21,3 сентнериро ташкил дода, нисбати соли 2006 майдони кишти пахта ба 63639 гектар кам карда шуда, ҳосилнокии он ба 4,3 сентнерӣ аз ҳар гектар баланд бардошта шудааст.

Пахта ҳамчун маҳсулотҳои стратегӣ ва содиротии давлат ба ҳисоб рафта, тибқи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии жумҳурӣ барои ҳосили соли 2013 майдони кишти он дар масоҳати 200082 гектар пешбинӣ гардида, барои ҷорӣ намудани технологияи муосир оид ба роҳ мондани обёрии қатрагӣ ва кишти дақиқи пахта дар вилояти Хатлон дар майдони 1000 гектар ва вилояти Сущд дар майдони 500 гектар кишт карда мешавад. Кишти пахтаи маҳиннах дар майдони 6700 гектар дар назар дошта шудааст

 

Дастовардҳои замони истиқлол дар соҳаи пахтакорӣ.

 Ҳосили баланд ва хушсифати пахтаи навъи «Ориёӣ» дар Тоҷикистон

Навъи пахати «Ориёӣ» бо роҳи интихоби фардӣ дар заминҳои аз касалии вилт сироятёфта, аз оилаи №89, дурагаи байни навъи 175-Ф ва омехтаи чанд гули навъҳои «Плотон» ва «Фарғона-3» ба вуҷуд оварда шудааст.

Тадқиқотҳои чандинсолаи илмӣ аз соли 1999 то соли 2010, санҷишҳои давлатӣ ва истеҳсолӣ дар тамоми минтақаҳои пахтакории ҷумҳурӣ нишон медиҳад, ки навъи пахтаи «Ориёӣ» ба шароити обу хок ва иқлими гуногуни ҷумҳурӣ хеле ба осонӣ мутобиқ шуда, ниҳолаш потенсиали баланди ҳосилбандӣ дорад ва пухтарасии кӯракҳо бо суръат мегузорад.

Дар мавсими соли 2012 бригадаҳои пешқадами Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Э. Бойматова аз ҳар гектари пахтазор 31,5-39,3 сентнерӣ ҳосили навъи «Ориёӣ» ғундоштанд. Ба ҳисоби миёна аз заминҳои барои тухмӣ ҷудошуда 540 гектар заминҳои зонаи болоӣ ба ғайр аз заминҳои соҳили дарҳё дар хоҷагӣ ҳосилнокии навъи «Ориёӣ» 31,5 с/га-ро ташкил кард. Дар стансияи навъсанҷии давлатии шаҳри Конибодом соли 2011 аз 26 гектари пахтазори навъи «Ориёӣ» 32 с/га ва дар соли 2012 аз 27 гектар пахтазор 37 с/га ҳосил руёнида шуд.

 

Аломатҳои морфологӣ

Ниҳолаш ахромшаклу сербарг, қадаш 100-110 см, танаи ниҳол ва шохи ҳосилдеҳаш пашмак дорад. Ранги поя ва шохи ҳосилдеҳаш ҷигарии баланд аст. Як-ду шохи моноподиалӣ дорад. Типпи шохрониаш якуним, шохи ҳосилдеҳ дар буғуми 5-6 ба вуҷуд меояд.

Баргаш сабз, миёна, панҷ пара дорад. Ҳаҷми гулаш миёна, ранги гулбарг ва гарддонаш зарди равшан.

Куракаш миёна, тухмшакл, панҷпалагӣ андаке нугаш тез, нағз кушода мешавад. Рӯи куракаш чуқурчадор. Вазни пахтаи як курак вобаста ба маҳалли кишт 5,8-6,2 гр.

Пунбадонааш байзашакл, тибиташ хокистарранг. Вазни 1000 дона чигиташ 123 гр.

Тавсифи биологӣ ва хоҷагӣ

Мушоҳида нишон медиҳанд, ки пайдошавии узвҳои ҳосилдеҳ ва кушодашавии куракҳои аввалин аз навъи пахтаи Ориёӣ босуръат мегузаранд.

Давраи нашъунамои ин навъ аз кишт то кушодашавӣ 50% куракҳо 125-127 рӯз буда, нисбат ба навъи стандартӣ 4-6 рӯз зудрастар мебошад. Дар натиҷаи санҷишҳои ҳамаҷониба муқаррар карда шуд, ки ҳосили барвақтии ин навъ то хунукиҳо 30-36 с/га, ё ки бештар аз 75-80% ҳосили умумиро ташкил мекунад. Ҳосили умумии навъи Ориёӣ ба ҳисоботи миёна аз ҳар гектар 38,8-41,2 сентнерӣ ва, ё нисбат ба навъи стандартӣ, 2,8-4 с/га зиёд аст. Ҳосилнокии нах 1.1 сентнер зиёд мебошад, — қайд намуданд М.Н. Негматов, номзади илмҳои биологӣ.

 

Навъи нави пахтаи миёнанахи «20-солагии Истиқлолият»

Навъи «20-солагии Истиқлолият» ба гурӯҳи навъҳои пахтаи миёнанахи намуди Gossypiғm hiқsғtғm L. дохил мешавад.

Ниҳолҳояш миёнақад. Дарозии қади ниҳолҳо 100-110 см мебошад.

Тарзи шохрониаш симподиалӣ буда, ба типи дуюм мансуб мебошад (расми 1 а).

Расми 1: а – ниҳоли навъи 20 солагии Истиқлолият; б — гули тару тоза; в- гул баъди гузаштани ҳодисаи бордоршавӣ.

Ҳаҷми баргҳояш нисбатан хурд, шаклаш қайчибарги панҷашакл. Бинобар ин, ба камобӣ нисбат ба навъҳои дигар тоқатовар аст.

Дараҷаи пашмнокии тана ва шоху баргҳояш миёна.

Танааш мустаҳкам буда, ранги сабз дорад ва дар фасли тирамоҳ рангаш ҷигарӣ мегардад. Гулҳояш нисбатан калон, рангаш зард, шаклаш пӯшида (клейстогамӣ) ва танҳо бо тарзи худгардолудшавӣ ҳосил медиҳад (расми 1 б, в).

Дар охири давраҳои гулкунӣ аҳён-аҳён гулҳои хазмогамӣ низ ба чашм мерасанд.

Кӯракҳояш миёнаҳаҷм буда, лӯндаи тухмшакли нӯгҳояш тез мебошанд.

Вазни миёнаи пахтаи як кӯраки он 5.2-5.5г мебошад.

Ранги нахаш сафеди ҷилонок, дарозии нах 34-35мм буда, ба гурӯҳи типи V дохил мешавад.

Баромади нах – 36-37%.

 

Навъи мазкур миёнапаз буда, мӯҳлати нашъунамояш аз рӯзи неш задании пунбадона то пухтарасидани ҳосил 125-130 рӯз мебошад. Навъи мазкур дар таърихи пахтакории умумбашарӣ аввалин навъи клейстогамӣ мебошад, аз ин сабаб ҳангоми дар истеҳсолот васеъ кишт шудани он хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор имконият пайдо менамоянд, ки барои таъмин намудани эҳтиёҷоти худ бо тухмии хушсифат, бе сарфи маблағҳои зиёдатӣ тухмии аълосифати ин зироатро тайёр намоянд.

ҳамзамон, дар мавриди дар истеҳсолот ҷорӣ шудани навъҳои клейстогамӣ мо имкон пайдо мекунем, ки аломатҳои аслии навъҳои нави офаридашударо солҳои тӯлонӣ бетағйир нигоҳ дорем, ки ин яке аз сабабҳои баланд шудани дараҷаи ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот мегардад.

Fизодиҳии киштзор. Барои гирифтани ҳосили баланду хушсифат киштзор бояд дар давраи нашъунамо се маротиба бо ғизо таъмин карда шавад. Миқдори умумии озуқа дар давраҳои нашъунамо: 250-270 кг/га нитроген, 180-200 кг/га фосфор ва 125-130 кг/га калий (моддаҳои таъсиркунанда).

ҳаминро бояд қайд намуд, ки 50% нуриҳои фосфорӣ ва калийнок тирамоҳ пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба замин ворид карда мешаванд.

Озуқадиҳии 1-ум – одатан ҳангоми кишт ва ё пайдошавии 1-2 барги ҳақиқӣ баъди ягонакунии ниҳолҳо аз ҳисоби 50-60 кг/га нуриҳои нитрогенӣ, 50 кг/га фосфор ва 30 кг/га калий (моддаҳои таъсиркунанда) гузаронида мешавад.

Аз ин лиҳоз, дар ин давра, истифодабарии нуриҳои комплексӣ ба монанди аммофос, аммофоска ва ғайраҳо хело мувофиқи мақсад мебошад.

Озуқадиҳии 2-ум дар давраи шонабандӣ – гулкунӣ аз ҳисоби 100 кг/га N, 40 кг/га P ва 20 кг/га K ва озуқаи 3-ӯм дар давраи гулкунӣ – кӯракбандӣ аз ҳисоби 100 кг/га N ва 20 кг/га K гузаронида мешавад.

Обёрии киштзор. Дар заминҳои хокии оби зеризаминиашон наздик (аз 2 метр наздик) нақшаи обёрӣ дар вақти нашъунамо 0-1(2)–1 ва 1–2–1 мешавад. Меъёри обёрӣ 600-800 м3/га мебошад.

Ин чунин маъно дорад, ки то давраи гулкунӣ 0 ё 1 об, дар давраи гулкуниву кӯракбандӣ 1 ё 2 об ва дар вақти кушодашавии кӯрак 1–2 об мемонанд.

Дар заминҳои хокии оби зеризаминиашон чуқур, обёрӣ аз рӯи нақшаи 1–3–1(2) бо меъёри 600-1000 м3/га ва дар заминҳои санглохи миёна аз рӯи нақшаи 2–4–2 бо меъёри 400-600 м3/га гузаронида мешавад.

Сарчинкунии ниҳолҳо дар ҳолати пайдошавии 14-16 шохи ҳосилдеҳ аз санаҳои 25 июл то 5 август гузаронида мешавад.

Дар ҳолати сари вақт ва хушсифат гузаронидани ҳамаи корҳои агротехникӣ ва ҳимоя намудани киштзор аз ҳар гуна ҳашаротҳои зараррасон, навъи «20-солагии Истиқ лолият» қодир аст аз ҳар гектар ба андозаи 40-45 с/га ҳосили хушсифат диҳад. – мегуяд М.Н.Негматов,номзади илмҳои кишоварзӣ.