Паррандапарварӣ

Рушди соҳаи парандапарварӣ дар соли 2017

Бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ истеҳсоли тухми инкубатсионӣ 900000 донаро ташкил дод, ки назар ба соли гузашта 4 маротиба зиёд аст. Аз ин миқдор тухми инкубатсионӣ 670000 сар чӯҷаи якрӯза гирифта шуд, ки нисбат ба соли гузашта 4,5 маротиба зиёд аст. Раванди самарабахши такрористеҳсолкунӣ ба зиёд гардидани саршумори паранда то 204193 сар ва истеҳсоли тухм то 4247300 дона мусоидат намуд.

Хурсандии парандапарварони ҷумҳурӣ дар он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат парандапарвариро соҳаи афзалиятноки кишвар баҳогузорӣ намуда, баҳри рушди он ворид намудани технологияю таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаро аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод намуданд, ки заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи соҳа мебошад.

 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3.10.2006 451 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015»

 Паррандапарварӣ яке аз соҳаи зуд ба воярасанда ва сердаромад ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Аз ҳамин сабаб ниёгони мо аз қадимулайём бо парвариши паррандаҳои хонагӣ шуғл доштанд. Дар кишвари мо ба воситаи селексияи халқӣ зотҳои мурғҳои маҳаллӣ ба монанди Қулангӣ, Даканг, Ҷолагӣ ва ғайра ба вуҷуд оварда шуданд, ки ба талаботи ҳамон замон аз ҳисоби маҳсулнокӣ ҷавобгӯй буданд.

Ҳоло дар корхонаҳои паррандапарварӣ кроссҳои сермаҳсули «Ҳайланд», «Птичное» ва «Роданит» парвариш карда мешаванд, ки маҳсулнокии онҳо баланд мебошад.

Аз соли 2007 сар карда соҳаи паррандапарварӣ бо сурат тараққи ёфта истодааст. Бояд қайд кард, ки то қабули Барнома дар миқёси ҷумҳурӣ 8 адад корхонаҳои паррандапарварӣ фаъолият дошта, дар онҳо 433753 сар парвариш карда шуда, ҳамасола 24 миллиону 800 ҳазор дона тухм истеҳсол мегардид.

То ин давра барои амалишавии Барнома аз ҳисоби буҷаи ҷумҳурӣ маблағ ҷудо нагардидааст. Вале ба ин нигоҳ накарда бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои зиёди вазорат бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ фаъолияти корхонаҳои паррандапарварӣ марҳила ба марҳила барқарор гардида шумораи онҳо ба 23 адад расонида шуд. Инчунин 8 нафар соҳибкорони инфиродӣ низ ба паррандапарварӣ машғул мебошанд.

Мутобиқи маълумотҳои Корхонаи воҳиди далатии «Саноати паррандапарварии Тоҷикистон»-и вазорат то 1.01.2013 дар корхонаҳои паррандапарварӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 1 миллиону 546 ҳазор сар парранда парвариш карда шуда, соли 2012 дар онҳо 170 миллиону 901 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст. Нисбати соли 2011 саршумори парранда 7296 сар, ва истеҳсоли тухм 18 миллиону 380 ҳазор дона зиёд мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки нисбати давраи оғози Барнома дар корхонаҳои паррандапарварӣ саршумори парранда 3,5 маротиба ва истеҳсоли тухм 7 маротиба зиёд шудааст.

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 1.01.2013 4 миллиону 916 ҳазор сар парранда парвариш карда шуда, соли 2012 291,6 миллион дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбати соли 2011 саршумори парранда 261 ҳазор сар ва истеҳсоли тухм 37 миллион дона зиёд гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаҳои парандапарварии «Тарз»-и шаҳри Ваҳдат боздиди корӣ ба амал бароварданд. Дар корхонаи мазкур таҷҳизотҳои технологияи ҳозиразамон аз Ширкати «По Техна»-и Ҷумҳурии Украина ва аз Ширкати «Қутулсой»-и Туркия ворид карда шудааст.

Ҳамзамон дар соли 2012 аз Ҷумҳуриҳои Украина ва Туркия таҷҳизотҳои технологии ҳозиразамон ворид карда шуда, дар корхонаҳои парандапарварии ҷумҳури васл карда шудааст. Инчунин аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Эрон ба миқдори 1 миллиону 366479 сар чӯҷаи якрӯза ворид карда шуд

Дар соли 2012 корхонаҳои паррандапарварӣ ва сехҳои чуҷабарорӣ 452 ҳазор сар чуҷа истеҳсол намуданд, ки аз ин миқдор 280 ҳазор сар ба фурӯш бароварда шуда, 172 ҳазор сар барои такрористеҳсолкунӣ дар корхонаҳои парвариш ёфта истодааст.

Соли 2012 аз тарафи вазорат барои ба роҳ мондани парвариши мурғи гӯшти тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Аз ҷумла корхонаҳои паррандапарварии «Панҷруд»-и ноҳияи Панҷ ва «Якарча»-и ноҳияи Мӯъминобод ба парвариши мурғи гуштӣ шуруъ намуданд. То ин давра корхонаҳои зикргардида 131 тонна гӯшти мурғ истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2011 91 тона зиёд мебошад. Барои фурӯши мурғи гӯштӣ дар бозорҳои «Деҳқон», «Сафариён», «Фаровон», «Шоҳмансур» ва «Саховат»-и шаҳри Душанбе нуқтаҳои фурӯш ташкил карда шуда, фаъолият доранд.

Бояд зикр кард, ки бо пешниҳоди вазорат Ширкати «Сомон-Фуд» ба парвариши мурғи гӯшти таваҷҷуҳ зоҳир намуда, айни замон аз тарафи онҳо дар корхонаи паррандапарварии «Малик-М»-и шаҳри Ваҳдат парвариши 9 ҳазор сар модармурғи гӯшти ба роҳ монда шудааст, ки ин барои дар оянда бо тухми инкубатсионӣ ва чуҷаи гӯшти таъмин намудани талаботи корхонаҳо ва аҳолӣ мусоидат менамояд.

Ширкати мазкур ҳоло бо корхонаҳои паррандапарварӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ҷилликул, Кӯлоб, Панҷ, Мӯъминобод ва Конибодом шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар онҳо парвариши мурғи гӯштиро ба роҳ мемонад.

Айни замон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ, ки хати тозаи барқ доранд бо барқи мунтазам таъмин мебошанд. Дар баробари ин ба корхонаҳои паррандапарварӣ барои муҳайё намудани манбаҳои иловагӣ барои таъмини қувваи барқ дастур дода шудааст.

Дар соли 2012 КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» якҷоя бо ФАО, Академияи илмҳои кишоварзӣ ба ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Ҷиргатол сафар намуда, баҳри омӯзонидани аҳоли дар соҳаи парандапарваркурсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзи ташкил карда, гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи июни соли 2012 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири кишоварзӣ оид ба рафти иҷрои Барномаи рушди соҳаи паррандапарварӣ ҳисобот доданд, ки вобаста ба ин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2012 таҳти №317 қабул гардид.

Мутобиқи қарори зикргардида барои амалишавии Барнома, аз ҷумла харидории тухми инкубатсионӣ ва чуҷаҳои зотӣ дар давраи солҳои 2013-2014 аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудо намудани 1,1 миллион сомонӣ пешбини гардидааст.