Роҳбарият

Вазир

И.С (сурат)

Сатторӣ Иззатулло 24 декабри соли 1957 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст.

Баъд аз хатми факултети ветеринарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соли 1978 ба ҳайси ассистент дар ҳамин донишгоҳ фаъолияти кориашро оғоз намудааст.

Соли 1984 дар Институти ветеринарии ш. Москва ҳифзи рисолаи номзадӣ кардааст.

Солҳои 1984-1994 ходими илмӣ, мудири озмоишгоҳ ва аз соли 1994 то соли 2005 ба ҳайси директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2005 то соли 2013 ба ҳайси ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур кор кардааст.

Солҳои 2013-2016 дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ӯ соли 1995 дар Институти ветеринарии ш. Москва ҳифзи рисолаи докторӣ намуда, ба унвонҳои профессор (2001) Академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (2001) ва профессори фахрии Донишгоҳҳои аграрии Россия, Қазоқистон, Арманистон, Чин  (2008 – 2010) сазовор гаштааст.

Муаллифи беш аз 220 китобу мақола ва дастурамал оид ба соҳаи кишоварзӣ мебошад. Навигариҳои илмӣ бо 16 патент тасдиқ шудааст. Бо роҳбарии ӯ 14 номзаду докторҳои илм тайёр гардидааст.

Дастовардҳои илмӣ ӯ бо медали тиллои моликияти зеҳнӣ (2005) ва Ҷоизаи байналхалқии ба номи Суқроти Донишгоҳи Кембриҷи Англия (2007) қадрдонӣ гардидааст. Бо ордени «Шараф» (1999) сазовор шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 658 аз 30 марти соли 2016 Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Оиладор, соҳиби панҷ фарзанд. 

Муовини яккуми вазир

DSCN1480Нозанинзода Нусратулло Бодом 18-майи соли 1962 дар қишлоқи Ҳусейншахи ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Соли 1981 ба факултаи иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон дохил шуда онро соли 1986 бо ихтисоси иқтисодчӣ ва ташкили истеҳсолӣ хоҷагии қишлоқ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1979 то соли 1980 дар колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара ҳамчун колхозчӣ шуруъ намудааст.

Аз соли 1986 то соли 1987 иқтисодчии калон дар идораи таъмир ва роҳсозии трести “Тоҷикнефтстрой”-и ноҳияи Данғара кор кардааст.

Солҳои 1987-1990 мутахассиси пешбарандаи музди меҳнат дар Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Данғара кор кардааст.

Аз соли 1991 то соли 2000 Сариқтисодчии идораи кишоварзии ноҳияи Данғара кор кардаст.

Солҳои 2000 то соли 2006 дар вазифаи Сардори идораи робитаҳои иқтисодӣ, хориҷӣ, иттилоотӣ ва корҳои аналитикии Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2006-2007 Сардори Раёсати робитаҳои иқтисодӣ, хориҷӣ, иттилоотӣ ва корҳои аналитикии Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2007-2008 Сардори идораи робитаҳои иқтисодӣ, хориҷӣ, иттилоотӣ ва корҳои аналитикии Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2008-2010 дар вазифаи муовини директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2010 то соли 2016 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №158 аз 4-ми апрели соли 2016 ба вазифаи муовини яккуми вазири кишоварзӣ таъин гардид.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Муовини вазир

DSCN0310 - копияМусоев Нусратуло  Носирович    2-ми марти соли 1969 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1976 ба мактаби миенаи №24 хоҷагии ба номи А.Қурбонов-и ноҳияи Вахш шомил шуда соли 1986 бо муваффақият хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 ҳамчун коргари одди дар хоҷагии ба номи А. Қурбонов –и ноҳияи Вахш оғоз намудааст. Солҳои 1987-1989 дар Қувваҳои Мусаллаҳи Россия дар бригадаи сохтмонӣ адои хизмат намудааст. Пас аз адои хизмат солҳои 1989-1990 дар хоҷагии ба номи А. Қурбонов-и ноҳияи Вахш кор кардааст. Солҳои 1990-1995 донишҷуи  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон бо ихтисоси духтури байторӣ. Солҳои 1995-1997 корманди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 1997-1998 корманди  идораи хоҷагии оби ( хоҷагии ёрирасон) вилояти Хатлон. Солҳои 1998-2003 корманди идораи кишоварзии вилояти Хатлон. Солҳои 2003-2004 сармутахассис, мудири шӯъбаи комплекси агросаноатии вилояти Хатлон. Солҳои 2004-2006 муовини аввали раиси ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон. Солҳои 2006-2009 ҳамчун роҳбари хоҷагии давлатӣ зотпарварии «Машъал»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон кор кардааст. Солҳои 2009-2010 мутахассиси пешбар, сардори шӯъбаи Хадамоти назорати давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзӣ кор каадааст.. Дар солҳои 2010-2015 дар вазифаи Сардори Хадамоти назорати давлатии зотпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Бо қарори Раиси Ҳумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 248 аз 29-ми апрели соли 2015 муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Муовини вазир

Jamila_Saidova Саидова Ҷамила Самадовна 23-уми октябри соли 1965 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1988 бо ихтисоси агроном-олим хатм намудааст. Оғози фаъолияти кориашро соли 1988 дар хоҷагии ба номи «А.Сино»-и ноҳияи Восеъ ба ҳайси агроном-энтомолог оғоз намудааст. Аз соли 1993 то соли 2004 дар хоҷагии мазкур дар вазифаи котиби раёсати хоҷагӣ ва иқтисодчӣ кор кардааст. Солҳои 2004-2006 мудири шӯъбаи кадрҳои Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти корӣ намудааст. Солҳои 2006 — 2008-ум дар ташкилоти байналмиллалии «Ҳайати Шафқат» ва ташкилоти ғайридавлатии «АКТЕД» дар барномаҳои дастгирии соҳаи кишоварзӣ ба ҳайси мутахассиси соҳаи кишоварзӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи июли соли 2008-ум дар Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамчун котиби илмии институт фаъолият намудааст. Ҳамзамон дар шӯъбаи картошкапарварии институт ҳамчун унвоҷуй дар мавзӯи «Селексия ва тухмипарварии картошка» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурдааст. Ҳаммуаллифи 4 навъи картошкаи селексияи тоҷик, муаллифи 3 мақолаи илмӣ ва 1 тавсиянома оид ба картошкапарварӣ мебошад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №16 аз 10.01.2012. муовини Вазири Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Оиладор, соҳиби 1  нафар фарзанд.

Муовини вазир

Сурат муовинЗеваршоев Зеваршо Тайғуншоевич 10 сентябри соли 1961 дар деҳаи Сохчарви қишлоқи Зевардашти ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 1979 мактаби миёнаи №7 деҳаи Сохчарвро хатм намуда аз соли 1980 то 1982 дар сафи Армияи Шуравӣ дар  шахри Волгоград адои хизмат намудааст. Аз соли 1982- 1988 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҳсил намуда  соҳиби ихтисоси муҳандис – механики хоагии қишлоқ шудааст.  Аз соли 1988- 1992 дар муассисаи Я/С 3/1 ШКД  дар вазифаи муҳандиси назорати техникӣ- лейтенанти калон кор кардааст. Аз соли 1994-2010 дар Дастгоҳи марказии Вазорати наклиёт аз вазифаи мутахассиси дараҷаи аввал, сардори шӯъбаи боркашонӣ, сардори шӯъбаи ҳамлу нақл- муовини сардори Департаменти нақлиёти автомобилӣ фаъолият кардаам. Аз соли 2010   сардори ҶДММ «АНБАТ-Сервис» таъин шуда, фаъолият намудаст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами №177  аз  18.04.2013  муовини Вазири Кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст. Оиладор: соҳиби 3 фарзанд мебошад.