Самти фаъолияти Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ

Раёсат сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқаворӣ дар сохтори худ Шӯъбаи мониторинги барномаҳои давлатӣ, Шӯъбаи сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусӣ, Бахши амнияти озуқаворӣ ва масъалаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дошта, Роҳбарии Раёсатро сардори он, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз тарафи вазири кишоварзӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад, ба ӯҳда дорад.

Раёсат ҳамчун сохтори таркибии мақомоти марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои ҳамоҳангсозии раванди ташакулли сиёсати аграрӣ, амнияти озуқаворӣ ва мониторинги баҳодиҳии босамари иҷтимоию иқтисодӣ, масъалаҳои СУС ва ҳамкориро бо бахши хусуси ба амал мебарорад.

Раёсат фаъолияти худро дар ҳамкории мутақобила бо дигар сохторҳои таркибии мақомоти марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаю корхонаҳои тобеи он, сарраёсат ва раёсатҳои кишоварзии вилояту шаҳр ва ноҳияҳо амалӣ намуда дар баробари ин вазифаҳои зеринро ба сомон мерасонад:

—    таҳияи метадология ва омода намудани ҳуҷатҳои банақшагирии стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ ва соҳаҳои алоҳидаи он.

—    ҳамоҳангсозии фаъолияти раёсат ва зерташкилотҳои вазорат доир ба таҳияи ҳуҷҷатҳои соҳавии стратегии рушди бахши аграрӣ.

—    таҳияи методологияи мониторинг ва баҳодиҳии татбиқи сиёсати аграри ва рушди сиёсати соҳаҳои алоҳидаи он.

—    ташкил ва татбиқи мониторинги амалишавии сиёсати аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ.

—    татбиқ ва ҳамоҳангсозии раванди ташакулли сиёсати аграрӣ аз он ҷумла амнияти озуқаворӣ ва мониторинги он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

—    иштирок дар гурӯҳҳои байниидоравӣ оид ба амалигардонии ҳадафҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ.

—    таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба мутобиқати сиёсати амнияти озуқаворӣ ба талабот ва стандартҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо.

—    ҳамоҳангсозии раванди таҳияи дурнамои кӯтоҳмӯҳлат ва миёнамӯҳлати рушди иқтисодии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояту шаҳру ноҳияҳои он.

—    баҳодиҳии сатҳи амнияти озуқаворӣ, тамоюл ва ҳолати рушди он дар бозорҳои истемолии дохила.

—    расонидани кӯмаки амалии методию мушовирӣ ба корхонаю муассисаҳои зертобеи Вазорати кишоварзӣ оид ба таҳияи стратегия ва баромаҳои соҳавии рушд ва гузаронидани мониторинги баҳодиҳии босамари иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷори намудани сиёсати соҳавӣ.

—    ҳамоҳангсозии фаъолияти Марказҳои лоиҳаҳои инвеститсионии марбут ба соҳаи кишоварзӣ.

—    ташкил ва идоракунии бонки маълумотҳои зарурӣ барои таҳлил, мониторинг, баҳодиҳӣ ва ҳисобот оид ба татбиқи ҳуҷатҳои соҳаи кишоварзӣ.

—    расонидани машварат бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии таваҷӯҳдошта, инчунин ассосиятсияҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрванди соҳа оид ба масъалаҳои таҳия ва татбиқи ҳуҷатҳои стратегии рушди соҳаҳои кишоварзӣ.

—    таҳия ва татбиқи мутобиқкунии чорабиниҳои амалӣ барои дастгирии рушди соҳибкори дар бахши хусусии соҳаи кишоварзӣ.

—    татбиқи муносибатҳои бозаргонӣ дар соҳа тавассути ҷорӣ намудани муносибатҳои нави иқтисодӣ ва шаклҳои нави хоҷагидорӣ.

—    дида баромадани мактуб ва арзу шикоятҳои аз тарафи шаҳрвандон, корхонаҳо ва муассисаҳои ҷумҳурӣ воридгардида ва дар доираи салоҳияти худ баррасӣ намуда, қарор қабул намудан нисбати онҳо.

таъмини шафофияти раванди таҳия ва татбиқи сиёсати аграрӣ.