Шӯъбаи сиёсати техники ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ

Шӯъбаи сиёсати техники ва рушди инфраструктураи кишоварзӣ фаъолияташро тибқи Низомномаи Вазорати кишоварзӣ, Низомномаи Шӯъба ва дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ ба роҳ монда, оид ба дар амал ҷорӣ намудани сиёсати Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрӣ корҳои муайянеро иҷро намуда истодааст.

  1. Ба воситаи корхонаҳои зертобеи Шӯъба сиёсати аграрии ҳукуматро дар ҷойҳо ҷорӣ намуда, нисбати иҷрои он талаб намуда истодааст.
  2. Ҳисоботҳои корхонаҳоро ҷамъбаст ва таҳлил намуда, ба роҳбарият пешниҳод менамояд.
  3. Дар таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионии соҳаи кишоварзии ба шӯъба дахл дошта иштирок намуда, оид ба пешниҳоди он ҳулоса медиҳад.
  4. Дар таҳияи Барномаҳои давлатии тараққиёти соҳаи кишоварзӣ иштирок менамояд.
  5. Дар ҷаласаҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳои ҷумҳуриявӣ доир ба масъалаҳои соҳа иштирок менамояд.
  6. Назорати методии озмоиши техникаи кишоварзӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, технологиро дар МД «Стансияи давлатии озмоиши мошинҳои Тоҷикистон» таъмин менамояд.
  7. Оиди дида баромадани таклифҳо барои гузаронидани ташхис, оид ба аз эътибор соқит намудани техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, воситаҳои нақлиёт, биною иншоотҳои дар тавозуни корхонаҳои давлатӣ қарор дошта хулосаҳ пешниҳод менамояд.
  8. Оид ба таъмини корхонаҳои кишоварзӣ, деҳқонони алоҳида бо трактор ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба воситаи КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва КВД «Мадад» ҳамкорӣ менамояд.
  9. Назорати методӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзиро таъмин менамояд.

 

Натиҷаи фаъолияти Шӯъба дар он зоҳир мегардад, ки дар натиҷаи фаъолияти корхонаҳои зертобеи Шӯъба аз тарафи КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар давоми фаъолияташ зиёда аз 500 адад тракторҳои гуногунтамға ва 5 000 мошинолотҳои кишоварзӣ ворид намуда ба кишоварзон ба иҷораи молиявӣ додаст.

Ҷиҳати мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дар соли 2008, 84 адад трактор, 84 адад испори тракторӣ, 14 адад картошкаканак ба маблағи 6,474 млн сомонӣ, алафдаравак ба маблағи 103671 сомонӣ, 60 адад култиватор ва ядак(приӣеп) ба маблағи 1 539 380 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 8 млн сомонӣ техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ харидори намуда, ба тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дастраси кишоварзон гардонид.

Дар соли 2009 аз ҶМСП «Тоҷирон» ба маблағи 3 163 178 сомонӣ 18 адад трактор, 16 адад испор, 7 адад алафҷамъкунак, 10 адад грейдер, 10 адад наҳрканак; аз ҶСП «Новселмаш» 10 адад чизел-култиватор ва 50 адад сихмола ба маблағи 65700 сомонӣ, аз ҶСК «Сомон-Кӯлоб таҷҳозот» 100 адад сихмлаи зиг-заг ба маблағи 43800 сомонӣ, аз ҶСК «Авторем» 10 адад гандумкӯбак ба маблағи 144540 сомонӣ, аз КВДИИ «Тоҷиктеестилмаш» 21 адад култиватор ба маблағи 82782 сомонӣ, ҷамъи умумӣ ба маблағи 3,5 млн сомонӣ техникаҳо харидорӣ намудааст.

Дар соли 2010 39 адад трактор, 7 адад гандумкӯбак, 4 адад ядак, 3 адад дорупошак, 13 адад испор ва 150 адад сихмола ҷамъ ба маблағи 3,5 млн сомонӣ техника харидорӣ намуда ба тариқи иҷораи молиявӣ дастраси деҳқонон намуд.

Бо дастгирии Вазорати кишоварзӣ, КВД «Тоҷикагролизинг» бо намояндагии Агенти Байналмиллали Ҳамкориҳои давлати Ҷопон «JICA» дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуда, лоиҳаи барномаро оиди дастрас намудани техникаҳои кишоварзӣ ба маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ гранти бебозгашт оиди расониданӣ кӯмакҳои амалӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии камбизоат омода намуд. Дар соли 2010 дар асоси ин барнома 51 адад трактор, 51 адад испори тракторӣ ва 12 адад комбайни ғалладарав ба маблағи 2 млн доллари амрикои дастраси хоҷагиҳои кишоварзӣ намуд.

Ҳамагӣ дар соли 2011 аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ ва маблағҳои буҷавӣ 138 адад техника, 241 адад таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағи умумии 16 485 192 сомонӣ харидорӣ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 50 адад трактор ва 126 адад таҷҳизотҳо ба маблағи 7 879 583 сомонӣ зиёд мебошад. Аз он ҷумла аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ 75 адад трактор, 2 адад комбайни ғалладарав, 226 адад таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағи 9 981 167 сомонӣ харидорӣ гардидааст. Инчунин дар соли 2010 бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод Маркази хизматрасонии техникӣ (МХТ) таъсис дода шуд, ки корхона аз ҳисоби имкониятҳои дохилӣ 10 адад тракторҳои гуногунтамға ва испор, ядак, чизел-култиватор, гандумкӯбак, алафдаравак, картошкаканак ва дигар мошинолотҳо ба маблағи 987 658 сомонӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Дар соли 2012 аз ҳисоби маблағҳои буҷетии ба корхона ҷудо гардида, ки 3,5 млн сомониро ташкил медиҳад, 32 адад трактор, аз ҷумла 20 адад трактори тамғаи МТЗ-82.1 ва 12 адад тамғаи МТЗ-80Х харидорӣ намуда, бо тариқи иҷораи молиявӣ(лизингӣ) ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас намудаст.

Дар соли 2012 аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ 75 адад трактор, 1 адад комбайни ғалладаравӣ, 166 адад таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағи умумии 11 206 989 сомонӣ харидорӣ карда шудааст. То имрӯз ҳамагӣ 95 адад трактори гуногунтамға, 131 таҷҳизотҳои кишоварзӣ ворид намуда, бо тариқи иҷораи молиявӣ(лизингӣ) дастраси кишоварзон намудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2013 аз ҳисоби хоҷагидорӣ 23 адад трактор, 19 адад мошинолот ва қисмҳои эҳтиётӣ ба маблағӣ 1 927 178 сомонӣ харидорӣ карда шудааст. Бо 3,5 млн. сомонии аз буҷети ҷумҳурӣ ҷудошуда, 31 адад тракторҳои МТЗ-82.1 ва МТЗ-80х аз ҶСШП «Агротехсервис»-и ноҳияи Ҳисор харидорӣ карда шудааст.