Сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон

Сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ин ноҳияи аграрии ҷумҳурӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус  дар семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво иштирок намуданд.

Дар оғози боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи чорво дидан карданд. Дар намоишгоҳ 70 сар чорвои калони шохдор, 400 сар чорвои майда ва қариб 50 сар асп ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Дар доираи тадбири мазкур, ки мақсад аз он намоиши иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои чорводорон буд, хоҷагидорони як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, аз ҷумла Данғара, Восеъ, Панҷ, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Темурмалик чорвои хушзоти худро, ки аксаран зотҳои элита буда, ба иқлими минтақа мувофиқ карда шудааст, ба намоиш гузошта буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур доданд, ки дар баробари афзун намудани саршумори чорво, ба масъалаҳои хушзоткунӣ ва захираи дусолаи хӯроки чорво аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир созанд.

Маъракаи алафдаравӣ дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик бо иштироки зиёда аз 2500 нафар сокинон аз шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон сурат гирифт. Барои анҷоми ин кор ва ҷиҳати иштирок дар семинар-машварат 113 адад трактори тамғаи МТЗ, 33 касилкаи дискӣ, 59 адад газонокасилка, 16 тойбанд, 18 ядак ва грабилҳои тракторӣ, инчунин олоти алафдаравию алафҷамъкунӣ ва техникаҳои гуногуни кишоварзӣ сафарбар карда шуд.

Мавзеи Гулободи ноҳияи Темурмалик интихоб шудани макони баргузории семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво бесабаб нест. Зеро майдони умумии мавзеи мазкур 427,13 гектарро ташкил менамояд, ки аз он масоҳати 190 гектарро гандум, наздики 4 га ҷав ва дар масоҳати муайяни заминҳо зироати нахўду зағер, картошкаи лалмиву маъзар ва ғайраҳо кошта шудааст. Майдони алафзор дар ҳамин мавзеъ зиёда аз 215 гектарро ташкил медиҳад.

Соли равон дар ноҳияи Темурмалик алафзор нашъунамои хуб дорад ва масъулони бахши кишоварзию хоҷагидорон тасмим доранд, ки зиёда аз 51 ҳазор тонна хошоки дурушт ва дигар намуди хўрокаро захира кунанд. Хабар дода шуд, ки худи ҳамин рӯз маъракаи алафдаравӣ ба хотири захираи фаровони хӯроки чорво дар саросари ноҳияи Темурмалик роҳандозӣ карда шуд ва дар ин тадбир ҳазорон нафар сокинони ноҳия иштирок варзиданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур доданд, ки бо истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби бештари аҳолӣ маъракаи дарави алафҳои табииро вусъат бахшида, захираи хӯроки чорво барои давраи зимистонро муташаккилона ба роҳ монанд, зеро имсол бо сабаби камбориш омадани мавсими баҳор дар аксар минтақаҳои вилояти Хатлон алафзор хушк шудааст. Зимнан чорводорони вилоят метавонанд аз хоҷагидорони ноҳияи Темурмалик хӯроки чорво дастрас карда, захира созанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо таҷрибаи кори деҳқони асил Раҷабалӣ Лақаев ошноӣ пайдо карданд. Ин хоҷагидор дар заминҳои лалмӣ парвариши картошка, нахуд, ҷав ва дигар зироатҳоро ба роҳ мондааст. Сарвари давлат махсусан ба парвариши картошкаи лалмӣ дар шароити талу теппа таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Раҷабали Лақаев бо изҳори сипос таъкид дошт, ки дар мавсими ҷорӣ аз ҳар гектар гандумзор 33 сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳад овард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истифодабарии заминҳои лалмӣ дар мавзеи Гулободи ҷамоати деҳоти Бобоюнус ошноӣ пайдо карданд ва бори дигар истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин аз тарафи аҳолиро махсус таъкид карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо вуҷуди ин пешравиҳо мардуми кишвар бояд минбаъд низ бо мақсади таҳкими ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил талош варзанд ва аз имкониятҳои истифоданагардида васеъ баҳра баранд.

Пешвои миллат барои расидан ба ин ҳадафҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ, вазоратҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри васеъ кардани майдони кишти зироатҳои барвақтиву такрорӣ, беҳтар намудани сифати тухмиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти парандаву моҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, риояи агротехникаи парвариши зироат ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо дар сатҳи зарурӣ дастур доданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ва бо ҳузури шумораи зиёди кормандони касбу кори гуногун Сарвари давлат таваҷҷуҳи онҳоро барои вусъат додани корҳои ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла барои дар давоми се соли оянда дар ҳар як деҳа, шаҳраку деҳот ва дигар маҳалҳои аҳолинишин дар тамоми қаламрави кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон бунёду азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ бо  таваллудхона барои 10-15 кат ва ҳуҷраи алоҳида барои хатна, ҳаммом, кошонаи ҳусн, инфрасохтори хурди хизматрасониву сайёҳӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои сайру гашти оммавӣ, инчунин, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва дохили деҳот, бунёди боғҳои нав ва шинонидани ниҳолҳо дар шафати роҳҳои мошингард, ҷалб карда, супоришҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Таъкид гардид, ки бо ҳамин роҳ мо бисёр масъалаву мушкилоти ҳаёти иҷтимоии мардумро ҳал мекунем ва метавонем шароити зисту зиндагии аҳолиро хеле беҳтар кунем.

Супоришҳои дигар барои аз ҳоло ба фасли зимистон ҳамаҷониба омода кардани тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ва махсусан муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти энергетикӣ, захираи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, мазут ва гази моеъ, дода шуд.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлон, масъулону мутахассисон, кулли мардуми сарбаланду заҳматқарини вилояти Хатлон минбаъд низ ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровон, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастурхони сокинони мамлакат саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва хоҷагидорону соҳибкорони пешқадами вилоят Одил Розиқов аз ноҳияи Ҷайҳун, Махфират Саидраҳмонова аз ноҳияи Шаҳритус, Олтибой Ҳақназаров аз ноҳияи Дӯстӣ, Тоҳир Исмонов аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Назрулло Абдуллоев аз ноҳияи Хуросон оид ба вазъи корҳои саҳроӣ ҳисобот дода, ҷонибдории хешро аз талошҳову ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат иброз доштанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни ҳисоботи худ оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар панҷ моҳи соли равон гузориш дода, аз номи мардуми меҳнатқарини Хатлон ба Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоиста ибрози сипос кард.

Читайте также: