Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релиз 6.05.2019

05.05.2019

Ба мо зарур аст, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва бисёр ҷидди муносибат намоем. Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовадҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ярмарка -фурўши маҳсулоти кишоварзӣ

Бо мақсади фаровонии маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии шаҳри Душанбе ҷиҳати нигоҳ доштани болоравии нарху навои маҳсулотҳои ниёзи аввалия дар моҳи шарифи “Рамазон” бо иштироки хоҷагиҳои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар «Бозори Меҳргон», буриши кўчаҳои Ҳусейнзода 36 ва Мирзо Турсунзода дар н. Шоҳмансур, майдончаи назди бозори «Қарияи Боло» ва майдончаи назди КВД «Бозори Саховат» аз санаи 01.05.19 то 5.05.2019 ярмарка - фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 150 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, биринҷ, гўшт, шир, тухм ва дигар маҳсулотҳо аз нархи бозор нисбатан 25-30% арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Вазорати кишоварзӣ минбаъд низ барои баланд бардоштани рўҳияи идонаи сокинону меҳмонони пойтахт ҳар шанбе ва якшанбеи моҳи шарифи «Рамазон» ин иқдомро идома дода, барои нигоҳ доштани болоравии нарху навои маҳсулотҳои ниёзи аввалия дар арафаи ҷашнҳои ҷумҳуриявӣ чорҳои судманд меандешад.

 

Рафти кишти пунбадона дар ҷумҳурӣ

Пахта яке аз маҳсулоти содиротӣ ва ашёи хом барои саноати сабук ба ҳисоб рафта, бо дарназардошти талаботи бозор майдони кишти он дар ҷумҳурӣ сол аз сол меафзояд. Барои сари вақт ба анҷом расонидани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода намуда, кишти пахтаро дар ҷумҳурӣ вусъат бахшида истодаанд. То санаи 06.05.2019 дар майдони 183513 га кишти пахта гузарониданд, ки 97,4% -и иҷрои дурнаморо ташкил дод.

Кишоварзони вилояти Хатлон яке аввалинҳо шуда дурнамои кишти пахтаро 100,4% иҷро намуданд. Дар хоҷагиҳои пахтакори вилояти Суғд низ кишти пахта бо маром идома дошта, айни замон дар майдони 56743 га кишт карда шудааст, ки 97,6%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 922 га зиёд мебошад. НТМ низ кишти пахтаро мувофиқи нақша хуб ба роҳ монда, то имрўз дар майдони 4310 га кишти пунбадона гузаронидаанд, ки 52,1%- и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Барои дар муҳлати кўтоҳ ба анҷом расонидани кишт зиёда аз 1868 адад трактору тухмипошакҳо мавриди истифодаи кишоварзон қарор дорад.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кўшиш менамояд, ки майдонҳои умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда, ҳосилнокии онро афзун гардонад.

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони 73,97 га гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолият дошта, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 40,23 га, бодиринг 11,51 га ва дигар намуди сабзавотҳо 22,23 га кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 8,77 га зиёд мебошад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ майдонҳои гармхонаҳоро самаранок ва оқилона истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд. То санаи 03.05.2019 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 1008,2 тонна помидор, 292,6 тонна бодиринг ва 366,9 тонна ҳосили дигар намуди сабзавотҳо ҷамъ 1667,7 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гадидааст, ки бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза пайваста таъмин намуда истодааст.

Бунёди боғу токзор

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “оид ба “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” бунёди боғу токзорҳои нав дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 3188 га бунёди боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда, то санаи 03.05.2019 майдони 2421,1 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 76%-и фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, бунёди боғу токзорҳоро дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин идома дода истодаанд. То имрўз дар вилояти Суғд 511 га 2м, вилояти Хатлон 1219,5 га 110% ва НТҶ 673,2 га 38% боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки дар умум 76%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дод.

 

Маъракаи кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 87671 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагиҳоро гузорониданд, ки 84%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дод. То санаи 03.05.2019 дар ҷумҳурӣ майдони 16879 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 50%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад. Инчунин дар майдони 31213 га сабзавот кишт карда шудааст, ки 78%- иҷроиши нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Аз майдони умумии кишти сабзавот, ки 31213 гектарро ташкил медод 15991 га пиёз, 3685 га сабзӣ, 1281 га карам, 4828 га помидор, 2352 га бодиринг ва майдони 3076 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳанд.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ тел: 235-38-53

Илова кунед: