Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релиз 17.06.2019

17.06.2019

Пешрафти истеҳсоли кишоварзӣ омили муҳимтарин
амнияти озуқавории мамлакат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Давраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 14.06.2019 дар ҷумҳурӣ майдони зиёда 186811 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1691 га зиёд мебошад.

Имрўзҳо майдонҳои пахтазор сабзишу нашъунамои хуб дошта, дар он корҳои агротехникӣ мувофиқи талабот хуб ба роҳ монда шудааст.

Аз майдони умумии 186706 га ки пурра сабзидааст 3341 дар ҳолати аз 1 то 2 барга, майдони 30487 га дар ҳолати аз 3 то 4 барга, майдони 65942 га дар ҳолати 5-6 барга, майдони 74135 га дар ҳолати шонабандӣ ва майдони 12802 га дар ҳолати гулкунӣ қарор дорад. Кишоварзон бо риояи корҳои агротехникӣ дар майдони 420287 га коркарди байни қаторҳо, 181600 га ягонакунӣ ва дар майдони 202743 га озуқадиҳӣ гузарониданд.

Ҷамъоварии муташаккилонаи ҳосили ғалладонагиҳо

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ дар ҷумҳурӣ соли ҷорӣ дар майдони 277179 га кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст. То санаи 14.06.2019 майдони 33214 гектари он даравида шудааст, ки 12%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

То имрўз майдони 32582 гектари он куфта шуда, ҳосили умумии ғалладонагиҳо бошад 129390 тоннаро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8334 тонна зиёд мебошад ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 39,7 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 1076 адад комбайнҳои ғалладарав омодаи кор буда, 252 адади он мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Айни ҳол ҳосили ҷамъовардашудаи ғалладонагиҳо дар вилояти Хатлон 114858 тонна ва вилояти Суғд 14532 тоннаро ташкил медиҳад.

Бунёди боғу токзор

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “оид ба “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” бунёди боғу токзорҳои нав дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 3188 га бунёди боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда, то санаи 14.06.2019 майдони 2851 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 89%-и фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, бунёди боғу токзорҳоро дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин идома дода истодаанд. То имрўз дар вилояти Суғд 772 га 3м, вилояти Хатлон 1229 га 111%, ВМКБ 35 га 50% ва НТҶ 815 га 46% боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки дар умум 89%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Маъракаи кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ

 

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 106888 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагиҳоро гузорониданд, ки 103%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дод. То санаи 14.06.2019 дар ҷумҳурӣ майдони 32646 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 97%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2469 га зиёд мебошад. Инчунин дар майдони 39087 га сабзавот кишт карда шудааст, ки 98%- иҷроиши нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1192 га зиёд мебошад.

Аз майдони умумии кишти сабзавот, ки 39087 гектарро ташкил медод 16438 га пиёз, 4398 га сабзӣ, 1659 га карам, 7514 га помидор, 3468 га бодиринг ва майдони 5610 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳанд.

Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии раёсати растанипарварии вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дурнамои кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ майдони 82016 гектарро ташкил медиҳад. То санаи 14.06.2019 дар ҷумҳурӣ дар майдони 16651 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 20,3%-и иҷроиши дурнамо буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3055 га зиёд мебошад. Аз ҳисоби кишти умумӣ 4824 га ҷуворимакка барои дон, 1187 га шолӣ, 2012 га дигар ғалладонагиҳо, 799 га сабзавот, 1209 га полизиҳо, 557 га зироатҳои техникӣ ва 6063 гектарро кишти хўроки чорво ташкил медиҳад. 

Тибқи дурнамо имсол кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 52049 га кишти такрории зироатҳои кишоварзиро мегузаронанд. Айни замон дар вилоят дар майдони 16651 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 32%-и дурнамо мебошад. Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳои Қумсангир, Шаҳритус, Бохтар, Вахш ва дигар ноҳияҳо хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ кишти такрорӣ бо суръат идома дорад.

Корҳои тозаву ободгардонӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Бо мақсади боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хурам гардонидани як гўшаи шаҳри азизамон Душанбе Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ аз оғози соли ҷорӣ ҳар рўзҳои шанбе корҳои тозагиву ободгардониро дар ҳудуд ва дохили бино вусъат бахшида истодааст.

Дар ин чорабинии оммавӣ кулли кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштироки фаъолона дошта, дар ободу зебо гардонидани атрофи бино ва инчунин утоқҳои корӣ пайваста саҳм гузошта истодаанд. Кормандон гирду атроф ва боғи назди биноро аз алафҳои бегона тоза намуда, зери дарахтон ва гулҳои гуногуни ороиширо нарм менамоянд. Инчунин каналу роҳравҳоро аз партовҳо тоза намуда, ҷойҳои фарсударо давра ба давра таъмир намуда истодаанд.

Ин иқдом дар кулли корхонаҳои зертобеи вазорат амалӣ гардида, аз натиҷааш ба дастгоҳи марказӣ пайваста маълумот пешниҳод мегардад.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин шанбегиҳо ин боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизу маҳбубамон мебошад.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ тел: 235-38-53

 

Илова кунед: