Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релиз 27.05.2019

26.05.2019

Танҳо мутахассисе, ки касби пешакардаи худро дар ҳамбастагӣ бо дигаргуниҳои дар шароити истиқлолоият баамаломада ба хубӣ сарфаҳм рафта, ба вазъияти мавҷудаи истеҳсолоти кишоварзӣ баҳои дуруст медиҳад ва дар баробари ин эҳсоси гарми ватандўстӣ ва масъулият дорад, қодир аст, ки дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот саҳмгузор бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Омодагиҳо ба ҷамъоварии ғалла ва кишти такрорӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат, барои оқилонаву самаранок истифода намудани ҳар порча замин ва аз он рўёнидани ду ҳосил, сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо ва гузаронидани кишти такрорӣ фармоиши Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Тибқи фармоиши мазкур ситоди ҷумҳуриявӣ таҳти роҳбарии Вазири кишоварзӣ таъсис дода шуда, кор дар ин самт бо маром идома дорад. Инчунин Сарраёсатҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки барои сари вақт ҷамъовари намудани ҳосили ғалладонагиҳо ва дар мўҳлати муайяншуда, бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба анҷом расонидани кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ ситодҳо таъсис дода, чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон раёсату шуъбаҳо ва зерсохторҳои вазорат вазифадор карда шуданд, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо ва кишти такрорӣ баҳри кўмак ба кишоварзон аз истифодаи техникаҳои ғалладарав, мошинҳои ғаллатозакунӣ, бошишгоҳҳои саҳроӣ, анборҳои ғалланигоҳдорӣ, риояи қоидаҳои зидди сўхтор тамоми чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Давраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 24.05.2019 дар ҷумҳурӣ майдони зиёда 186698 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1600 га зиёд мебошад.

Имрўзҳо майдони 172511 га дар ҳолати сабзишу нашъунамои хуб буда дар он корҳои агротехникӣ мувофиқи талабот хуб ба роҳ монда шудааст.

Аз майдони умумии 172511 га ки пурра сабзидааст 3204 дар ҳолати барориши тухмпалла, 39486 га дар ҳолати аз 1 то 2 барга, майдони 74927 га дар ҳолати аз 3 то 4 барга, майдони 45584 га дар ҳолати 5-6 барга ва майдони 9310 дар ҳолати шонабандӣ қарор дорад. Кишоварзон бо риояи корҳои агротехникӣ дар майдони 229141 га коркарди байни қаторҳо, 112121 га ягонакунӣ ва дар майдони 83337 га озуқадиҳӣ гузарониданд.

Истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо

Барои таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза дар ҳамаи фаслҳои сол Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кўшиш менамояд, ки майдонҳои умумии гармхонаҳои доимоамалкунандаро тибқи нақша сол аз сол зиёд намуда, ҳосилнокии онро афзун гардонад.

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имсол дар ҷумҳурӣ майдони 73,97 га гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолият дошта, дар он сабзавотҳои гуногун аз қабили помидор 40,23 га, бодиринг 11,51 га ва дигар намуди сабзавотҳо 22,23 га кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 8,77га зиёд мебошад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ майдонҳои гармхонаҳоро самаранок ва оқилона истифода намуда, аз он ҳосили фаровон ба даст оварда истодаанд. То санаи 24.05.2019 аз гармхонаҳои доимоамалкунандаи ҷумҳурӣ ба миқдори 1045,9 тонна помидор, 317,4 тонна бодиринг ва 399,5 тонна ҳосили дигар намуди сабзавотҳо ҷамъ 1762,8 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ гардидааст, ки бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавоти тару тоза пайваста таъмин намуда истодааст.

Бунёди боғу токзор

Баҳри амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “оид ба “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” бунёди боғу токзорҳои нав дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад. Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 3188 га бунёди боғу токзорҳои нав ба нақша гирифта шуда, то санаи 24.05.2019 майдони 2791,7 га боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки 87,6%-и фоизи иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Кишоварзони ҷумҳурӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намуда, бунёди боғу токзорҳоро дар заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин идома дода истодаанд. То имрўз дар вилояти Суғд 771,8 га 3м, вилояти Хатлон 1228,8 га 111%, ВМКБ 25,2 га 36% ва НТҶ 765,9 га 43,9% боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки дар умум 87,6%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Маъракаи кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 102337 га кишти баҳории зироатҳои ғалладонагиҳоро гузорониданд, ки 98%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дод. То санаи 24.05.2019 дар ҷумҳурӣ майдони 28581 га кишти картошка гузаронида шудааст, ки 85%-и иҷроиши дурнаморо ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 200 га зиёд мебошад. Инчунин дар майдони 36567 га сабзавот кишт карда шудааст, ки 91%- иҷроиши нақшаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Аз майдони умумии кишти сабзавот, ки 36567 гектарро ташкил медод 16277 га пиёз, 4214 га сабзӣ, 1550 га карам, 6825 га помидор, 3026 га бодиринг ва майдони 4674 гектарро дигар намуди сабзавотҳо ташкил медиҳанд.

Коркарди кимиёвии зироатҳои кишоварзӣ

Тибқи маълумотҳои фаврии МД «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» то санаи 24.05.2019 майдони умумии ба нақша гирифтаи коркарди кимёвии мубориза бар зидди малах дар ҷумҳурӣ 103017 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он майдони 38114 гектари он коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. Инчунин, баҳри мубориза бар зидди малах 43 техника ва таҷҳизотҳои дорупошӣ, дастгоҳи аэрозолӣ ва 448 дорупошаки дастию моторӣ мавриди истифода қарор дода, 612 нафар ба кори мавсимӣ ҷалб карда шудааст

Лозим ба ёдоварист, ки имрўзҳо техникаву мошинолотҳои муосир кори мутахассисони соҳаро осон намуда, ба онҳо имкон фароҳам овард, ки то мавзеҳои муайянгаштаи малахро саривақт муайян намуда, коркарди онро зуд ба роҳ монанд. Айни замон мутахассисони соҳа барои мубориза бар зидди малах аз ҳама имкониятҳои лозима самаранок истифода намуда истодаанд.

Захираи хўроки чорво

Дар асоси маълумотҳои фаврии Раёсати чорводорӣ то санаи 20.05.2019 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 137752 тонна хўроки дурушти чорво захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44777 тонна зиёд буда, 148,2%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Имрўзҳо ҷамъоварӣ ва захираи хўроки чорво дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ҷумҳурӣ босуръат идома дошта кишоварзон кўшиш бар он доранд, ки аз ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, ҳарчи бештар дусола хўроки чорворо захира намоянд.

Корҳои тозаву ободгардонӣ дар Вазорати кишоварзӣ

Бо мақсади боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хурам гардонидани як гўшаи шаҳри азизамон Душанбе Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ аз оғози соли ҷорӣ ҳар рўзҳои шанбе корҳои тозагиву ободгардониро дар ҳудуд ва дохили бино вусъат бахшида истодааст.

Дар ин чорабинии оммавӣ кулли кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштироки фаъолона дошта, дар ободу зебо гардонидани атрофи бино ва инчунин утоқҳои корӣ пайваста саҳм гузошта истодаанд. Кормандон гирду атроф ва боғи назди биноро аз алафҳои бегона тоза намуда, зери дарахтон ва гулҳои гуногуни ороиширо нарм менамоянд. Инчунин каналу роҳравҳоро аз партовҳо тоза намуда, ҷойҳои фарсударо давра ба давра таъмир намуда истодаанд.

Ин иқдом дар кулли корхонаҳои зертобеи вазорат амалӣ гардида, аз натиҷааш ба дастгоҳи марказӣ пайваста маълумот пешниҳод мегардад.

Ҳадаф аз гузаронидани чунин шанбегиҳо ин боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани азизу маҳбубамон мебошад.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ тел: 235-38-53

Илова кунед: