Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Ахбори ҳафтаинаи кишоварзӣ

23.07.2018

Давраи афзоиш ва корҳои агротехникии пахта

Мувофиқи маълумотҳои фаврӣ то санаи 20.07.2018 дар ҷумҳурӣ майдони зиёда 185928 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 11950 га зиёд мебошад. Айни замон майдонҳои пахтазор дар ҳолати шонабандӣ буда, чорабиниҳои агротехникӣ дар он мувофиқи талабот ба роҳ монда шудааст.

Имрўзҳо майдони 3790 гектари он дар ҳолати гулкунӣ, майдони 27661 га дар ҳолати 1-2 кўракбандӣ ва майдони 154305 га дар ҳолати 3 то 7 кўракбандӣ қарор дорад, ки он аз фаровонҳосилӣ дарак медиҳад. Инчунин, дар майдони 726479 га коркарди байни қаторҳо, 408822 га озуқадиҳӣ ва дар майдони 405221 га бо оби сабзиш (вегетатсионӣ) таъмин карда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ имрўзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дорад. Кишоварзон тавонистанд то санаи 20.07.2018 майдони 185469 гектарро даравида майдони 176060 гектарро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд, ки ҳосили умумии он 482508 тоннаро ташкил дод.

Имсол кишоварзони вилояти Хатлон дар ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо пешсаф буда, 102395 гектарро ҷамъоварӣ намуданд, ки ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 344760 тоннаро ташкил дода, 81%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо, дар ҷумҳурӣ 1055 адад комбайнҳои ғалладарав сафарбар карда шуда, 294 адади он айни замон мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

 

Нақшаи кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 94,5% иҷро гардид.

Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ аз мусоид омадани фасли тобистон самаранок истифада бурда, иҷроиши дурнамои кишти такрориро ба 94,5% расониданд, ки барои фаровон гардидани маҳсулотҳои кишоварзӣ як заминаи хуб мебошад. Дурнамои кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, ки 77322 гектарро ташкил медиҳад то санаи 20.07.2018 дар ҷумҳурӣ, майдони 73089 га кишти такрории зироатҳои кишоварзиро гузаронанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4348 га зиёд буда, 94,5%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Майдони умумии кишти такрории зироатҳои ғалладонагиҳо, ки 30007 гектарро ташкил медиҳад, аз он 14753 га кишти ҷуворимакка барои дон, 5487 га кишти шолӣ ва 9767 га дигар ғалладонагиҳо кишт карда шудааст. Инчунин, дар майдони 38,5 га кишти картошка, 7466 га кишти сабзавот, 3300 га кишти полизиҳо ва 2119 га кишти зироатҳои техникӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҷамъоварии ҳосили картошка

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 32225,9 га кишти картошка гузаронида шуда буд. То санаи 20.07.2018 дар ҷумҳурӣ майдони 8125 га картошказор ҷамъоварӣ карда шуд, ки ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 164198 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 63144 тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, то санаи 20.07.2018 дар вилояти Хатлон аз майдони 6623 га 106376 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 36763 тонна зиёд мебошад. Вилояти Суғд аз майдони 14641 га 19022 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ВМКБ аз майдони 1793 га 732 тонна картошка ва НТҶ бошад аз майдони 9169 га 38068 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст.

Ҳосилнокии полизиҳо меафзояд

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар майдони 16600,1 га кишти полизиҳо гузаронида шуд, ки то санаи 20.07.2018 майдони 8216 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст. Айни замон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 226829 тонна полизиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30799 тонна зиёд мебошад. Ҳоло зироатҳои полизӣ дар саҳро хуб нашъунамо дошта, ҳосилнокии ҳама намуди полизиҳо фаровон аст. Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ аз ҳар як га 276,2 сентнериро ҳосил ба даст оварда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 62,1 сентнерӣ зиёд буда, барои ба ҳадаф расидан як иқдоми нек аст.

 
 

 

Илова кунед: