Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Натиҷаи фаъолияти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2018

09.07.2018

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба ҳадафи стратегии кишвар “Ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат” фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазифаҳои Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар, сафарҳои корӣ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда ҷиҳати татбиқи сиёсати аграрӣ барои замина гузоштан ба натиҷаҳои баланди истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ як қатор корҳоро ба сомон расонид.

 Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи кишоварзӣ

 Дар 6 моҳи соли 2018 аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи маҷмуавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2015, №793 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” таҳия гардида, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод карда шуд, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018, №160 ва №165 қабул гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

Инчунин дар ин давра дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур» ирсол гардида, лоиҳаи қарори Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Оинномаи Созмони Исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ» таҳия гардида ҷиҳати пешниҳод ва баррасӣ намудани Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ

 Дар моҳи соли 2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 6742,6 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8,5% зиёд гардида, суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ мутаносибан 11,5 ва 3,7 фоизро ташкил медиҳад. Чораҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 512481тонна, картошка 217437 тонна, сабзавот 719186 тонна, полизӣ 190205 тонна, мева 101438, ангур 1839 тонна, гўшт 70315 тонна, шир 354220 тонна, пашм 4553 тонна, асал 579 тонна ва тухм 167050ҳазор дона расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ғайр аз истеҳсоли ғалладонагиҳо, дигар маҳсулотҳо мутаносибан аз 2,2 % то 53,1 фоиз зиёд мебошад.

Тақвияти соҳаи тухмипарварӣ

Барои гузаронидани кишти зироатҳои кишоварзӣ хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тухмии ғалладонагиҳо 57622 тонна, картошкаи тухмӣ 41521 тонна, сабзавот 68 тонна ва чигити тухмӣ 13273 тонна захира намуда буданд, ки нисбат ба соли гузашта  мутаносибан 4119, 17130, 16,3, 2697 тонна зиёд мебошад.

Инчунин соли ҷорӣ бо тавсияи мутахассисони вазорат Ширкати «Олами тиҷорат»-и шаҳри Истаравшан аз Федератсияи Россия ба миқдори 270,0 тонна картошкаи тухмии репродуксияи дуюми навъи «Гала»-ро ворид намуда, ба хоҷагиҳои кишоварзии ш.Панҷакент ва Кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” ба миқдори 20 тонна картошкаи тухмии дараҷаи элитии навъи “Биг-роза” ба ҷумҳурӣ ворид карда шуда, ба ноҳияҳои Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ барои кишти соли ҷорӣ тибқи шартномаи тарафайн дастрас намудаанд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби Ширкати “Водии Заррин” барои кишти соли 2018 ба миқдори 222,4 тонна чигити тухмии лучаки навъҳои хитойи “Ханҷиан”, “Хинҷиан” ва навъи туркии “Флеш” ва аз ҷониби Кооперативи ғайритиҷоратии “Сароб” ба миқдори 43,8 тонна навъи “Флеш”, “Харизма”, “ПГ-2018”, “ВА-440” ва “Эдесса ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи А.Ҷумаеви ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд 50,0 тонна чигити тухмии элитии навъи «Инхан-6»-ро аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид намуда, ба хоҷагиҳои пахтакор ба фурўш баровардааст.

Ҳамчунин дар доираи Лоиҳаи GCP/TAJ/010/AUS оид ба “Беҳтар намудани дастрасии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба тухмии хушсифат дар Тоҷикистон”  ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, барои ҳосили соли 2018 зиёда аз 100 тонна гандуми тухмии хушсифати навъҳои “Сарвар”, “Юсуфӣ”, “Муродӣ”, “Дурахшон”, “Айвина”, “Сила” ва “Старшина” ба 623 хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ 15 шаҳру ноҳияҳои пилотӣ (Муъминобод, Ш.Шоҳин, Кўлоб, Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҳисор, Панҷакент ва Айнӣ) дастрас ва барои кишт пешниҳод гардид.

Ҳамзамон аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (ФАО) ба миқдори 3,5 тонна тухмии зироатҳо (ҷав, нахуд, лубиёи сурх, офтобпараст, ҷуворимакка, юнучқа ва ноки заминӣ (топинамбур) ба 15 шаҳру ноҳияҳои пилотӣ барои кишт ва зиёд намудани тухмӣ пешниҳод карда шуд, ки аз он зиёда аз 841хоҷагиҳои хурди деҳқонии ноҳияҳои пилотӣ аз тақсимоти тухмии хушсифати навъҳои гандуми пешниҳодгардида баҳравар шуданд.

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат барои ҳосили соли ҷорӣ дар майдони 157893га кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагиро гузарониданд, ки 109%-и дурнамои пешбинигардидаро ташкил медиҳад.

Инчунин тибқи маълумоти оморӣ (7- кишоварз ба ҳолати 01.06.2018) хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони 425195 га кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ, аз он ҷумла ғалладона 111196 га, зироатҳои техникӣ 208835 га, картошка 27976 га, сабзавот 37818 га, сабзавоти тухмӣ 97 га, полизӣ 15821 га ва зироатҳои хўроки чорво 23549 га гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ 106,2%, аз он ғалладона 96,7%, зироатҳои техникӣ 106,7%,картошка 140,1%, сабзавот 128,8%, полизӣ 99,1% ва зироатҳои хўроки чорво 94,5% таъмин гардиданд.

Инчунин дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 185724 га кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13128га зиёд мебошад. Кишти пахта дар вилояти Хатлон 122590 га, вилояти Суғд 56847 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6287 га гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта вилояти Хатлон 3293 га, Суғд 7116 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2719 га зиёд мебошад.

Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

 Дар давраи ҳисоботи ҷиҳати самаранок ва оқилона истифода намудани заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2-3 ҳосил мувофиқи дурнамо дар майдони 77322 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба дурнамои соли гузашта 2832 га зиёд мебошад. Аз рўи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2018 54744 га кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 71%-и дурнаморо ташкил медиҳад.

Инчунин ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои табиӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоза кардани заминҳои санглох ва азхудкардани заминҳои корам дар заминҳои мавзеи Канаски шаҳри Ваҳдат дар майдони 240 га кишти картошка гузаронида шуд.

Рушди соҳаи боғу токпарварӣ

 Ҷиҳати амалигардонии “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 793тасдиқ гардидааст.

Вазорати кишоварзӣ оид ба вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ярмаркаи фурўши ниҳолҳоро санаи 6-7 январи соли 2018ва ҷашни пуршукўҳи «Сада»-ро санаи 30 январи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳагу фароғатии Дўстии халқҳо» бо риояи фарҳанги хоси идона доир намуд. Дар рўзи баргузории чорабиниҳои мазкур дастовардҳои гуногуни олимону кишоварзон, аз қабили техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, кўчати гулу гулбуттаҳо, навъҳои гуногуни тухмиҳо, ниҳолҳои гуногуни ороишиву дарахтони мевадиҳандаи серҳосил пешкаши меҳмонону сокинони пойтахт гардонида шуда, ба корҳои созандагиву ободкорӣ, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ оғоз бахшида шуда, тавассути васоити ахбори омма ташвиқу тарғиботи он ба роҳ монда шуд.

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ин замина гузоштан ба бунёди боғу токзорҳои нав ба ҳисоб рафта дар арафаи фарорасии баҳор дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ярмаркаҳои доимоамалкунандаи фурўши ниҳолҳо, кўчати гулҳо ва тухмии зироатҳо ба роҳ монда шуд.

Ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар ин давра кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 2416 га боғу токзорҳои нав ва 2га тутзор бунёд намудаанд, ки аз майдони умумии боғу токзорҳои нав 2272 га боғ, 142 гектарро токзор ташкил медиҳад, ки 2090гектари он дар таллу теппаҳои бо намӣ таъмин бунёд карда шудааст.

Ҳимояи зироатҳои кишоварзӣ омили серҳосилӣ

 Бо мақсади пешгирии пайдошавӣ ва паҳншавии зараррасонҳою касалиҳои боғу токзор дар майдони 83679 га коркарди байни қаторҳо ва нармкунии бехи дарахтону токзор (боғ — 65954 га, ток — 17725 га), дар майдони 101671 га буридани навдаҳо (боғ — 78046га, ток — 23625 га), дар майдони 62759 га яхобмонӣ (боғ — 52810га, ток — 9949 га) ва дар майдони 52531 га коркарди кимиёвӣ (боғ — 39641 га, ток — 12890 га) гузаронида шудааст, ки ин усулҳо барои кам кардани як миқдор пайдошавии организмҳои зараррасон мусоидат намуд.

Оид ба сари вақт гузаронидани чораҳои муҳофизатӣ бар зидди зараррасонҳои боғу токзор дар давраи зимистонгузаронӣ дар ҶДММ «Боғи 15 солагии Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон»- и ш.Ҳисор доир ба шаклдарории дарахтони мевадиҳанда ва буридани навдаҳои осебдида, коркарди байни қаторҳо, тарзи тайёр кардани маҳлули кории заҳрхимикатҳо бо дорупошакҳои тракторӣ, дастӣ ва пошидани онро бевосита дар дарахтони мевадиҳанда намоиши махсус омода карда шуда, бо воситаи телевизиони Тоҷикистон пахш карда шуд.

Дар нимсолаи соли 2018 барои гузаронидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах ва коркарди кимиёвӣ 51 адад трактор бо дорупошакҳояшон, 15 адад автомошинаҳои тамғаи Тайота Hilux бо дорупошаки “Микронейр” васлшуда, 2 адад УАЗ 033 бо дорупошаки “Микронейр”  васлшуда, 5 адад нақлиёти обкаш, 37 адад мототсикл, 728 адад дорупошакҳои дастии муҳаррикдор, инчунин 4 адад автомошинаи тамғаи Тайота Hilux ва 3 адад автомошинаи тамғаи Ваз 21214 барои мушоҳида ва зиёда аз 1098 нафар қувваи корӣ сафарбар гардиданд.

Тибқи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 01.07.2018 дар майдони 102 657га паҳнгаштаи малах коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд, ки майдони 298 417 га зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо, чарогоҳҳо ба маблағи 541 796 000,0 сомонӣ аз зарароварӣ ва нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта шуданд.

Дастовардҳои илму таълими кишоварзӣ

 Рушди соҳаи кишоварзӣ аз татбиқи дастовардҳои илм дар истеҳсолот алоқамандӣ дошта, дар ин давра аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон корҳои илмию таҳқиқотӣ тибқи 60 мавзўъ идома дошта, дар 50 қитъаи таҷрибавию намоишӣ омўзиши усулҳои муосири селексия, технологияи парвариши зироатҳо ва чорвои кишоварзӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, усулҳои мубориза бар зидди касалиҳою зараррасонҳо амалӣ намуданд.

Олимони муассисаҳои илмии Академия дар шаш моҳи соли ҷорӣ доир ба дастовардҳои илмӣ соҳиби 5 патент ва 2 қарори мусбӣ гардиданд.

Аз он ҷумла, 1 патент оид ба офаридани органи кории марказӣ барои шинонидани ниҳолҳо ва 4 патент оид ба тарҳрезии маводи табобатӣ усули пешгирии бемориҳои сироятӣ, 1 қарори мусбат оид ба тарҳрезии зарфи ҳаҷмаш тағйирёбанда барои биореактор бо мақсади ғанӣ гардонидани микроорганизмҳои фоидаовари хок ва 1қарори мусбӣ оид ба тарҳрезии маводи табобатӣ дар соҳаи ветеринарӣ гирифта шуд.

Бо қарори Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.2018№19 навъи зироатҳои кишоварзӣ ва дурагаҳои кирмаки абрешим дар ҷумҳурӣ минтақабоб гардиданд.

Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим дошта дар 9 факултети донишгоҳ 6314 донишҷў аз рўи 43 ихтисос дар шуъбаи рўзона ва 1876 донишҷў аз рўи 18 ихтисос дар шуъбаи ғоибона фаро гирифта шуданд, ки раванди таълим бо воситаҳои ҳозиразамони технологияи информатсионӣ аз қабили: компютер, принтер, телевизори калонҳаҷм, проектор, тахтаи электронӣ ва дигар воситаҳои техникӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар соли ҷорӣ донишгоҳро 827 нафар бакалавр аз рўи 38 ихтисос, 294 нафар мутахассис аз рўи 9 ихтисос, 50 нафар магистр аз рўи 8ихтисос ва 8 нафар доктор аз рўи ихтисоси PhD хатм намуданд, ки аз онҳо 13 нафар соҳиби дипломи аъло гаштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар донишгоҳ 5 китоби дарсӣ, 52 дастури методӣ, 4 монография, 240 мақолаҳои илмию методӣ, 22 скайп-конференсияи байналмилалӣ ташкил карда шуда, олимони он дар 18 конференсияи байналмилалӣ, 12 ҷумҳуриявӣ ва 7 донишгоҳӣ иштирок намуда, 348 нафар устодону омўзгорон аз курсҳои такмили ихтиссос ва бозомўзӣ гузаштанд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2018дар донишгоҳ 9 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Инчунин устодони донишгоҳ дар Шўроҳои диссертатсионии хориҷӣ ва дохилиҷумҳуриявӣ 3 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд.

Аз оғози соли равон донишгоҳ бо 9 донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф бастааст. Ба мақсади таъмин ва татбиқи сиёсати ягона дар соҳаи такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва бозомўзии касбии онҳо, тибқи нақшаи кории Маркази такмили ихтисос 5070 нафар мутахассисон, раисони ҷамоатҳо, фермерон ва деҳқонон ҷалб карда шуданд.

Ярмарка фурўши маҳсулотҳои кишоварзӣ

Бо мақсади танзим ва пешгирии болоравии нарх мунтазам ташкил намудани ярмаркаи фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ва бо нархҳои арзон пешкаш намудани маҳсулот ба аҳолӣ бо иштироки хоҷагихои кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо мақсади дастгирии сокинони ш.Душанбе дар рўзҳои ҷашни Рўзи Модар ва Иди байналмилалии Наврўз, моҳи Рамазон дар ш. Душанбе ярмарка — фурўши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуда, дар он зиёда аз 1245 тонна маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, карам, биринҷ, гўшт, шир, тухм ва дигар маҳсулотҳо аз нархи бозор нисбатан 25-30% арзон пешкаши сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

 Рушди соҳаи чорводорӣ

Рушди соҳаи чорводорӣ яке аз вазифаҳои муҳими соҳа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо гўшт, шир ва тухми паранда дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ саршумори чорвои калон ба 165535 сар, аз он модагов 46596 сар, гўсфанду буз 1116859 сар, асп 21553 сар, паранда 2618950 сар ва занбури асал 23489 оила расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 саршумори чорвои калон 1,6%, гусфанду буз 2,6%,паранда 64,6% ва оилаи занбури асал 1,3% зиёд гардидааст.

Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1.07.2018 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамагӣ 634148 тонна хуроки дурушт ва 2989 тонна хўроки ширадор захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 25371 тонна зиёд аст.

Чарогоҳҳо дар ҷумҳурӣ манбаи асосии таъмини хуроки чорво буда, дар миқёси ҷумҳурӣ ба 1-уми январи соли 2018 майдони умумии чарогоҳҳо 3832083 гектарро ташкил дода, аз он дар вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 734116 га, вилояти Суғд 784595 га, Хатлон 1227470 га ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1085902 га мебошанд. Аз миқдори умумии чарогоҳҳо 783684 га чарогоҳҳои зимистона, 2055320 га тобистона, 714623 га баҳорию тирамоҳӣ ва 278458 га-ро чарогоҳҳои доимо истифодашаванда ташкил медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки тайи солҳои охир бинобар сабабҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба паст гардидани ҳосилнокии чарогоҳҳо оварда расонидааст, махсусан чарогоҳҳои ба минтақаҳои аҳолинишин наздик, айни замон дар чунин ҳолат қарор доранд.

Оид ба беҳтар намудани ҳолат ва истифодабарии самараноки чарогоҳҳо, ташкили харитаи умумии чарогоҳҳо вобаста ба пурра роҳандозӣ гардидани иқтидорҳои мавҷуда ва риояи стандартҳои мавҷуда, гузаронидани таҳқиқи геоботаникии чарогоҳҳо ва мониторинги доимӣ дар чарогоҳҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳо идома дошта, мунтазам чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо 140 га чарогоҳҳои Кооперативи истеҳсолии Сомонҷони ноҳияи Данғара, 90 га дар Муассисаи давлатии зотпарварии ба номи Т.Эрйигитов ноҳияи Ашт ва 60 га Кооперативи истеҳсолии зотпарварии “Дилшод Б”-и ноҳияи Варзоб беҳтар карда шуд.  Инчунин таъмири 10 км роҳҳои чорвогузар дар мавзеи деҳаҳои Гирдоб, Чашмаи Кабуд, Сари Ҷангал ва Ағбаи Полизаки ноҳияи Сангвор гузаронида шуд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Муассисаи давлатии “Трести чарогоҳу мелиоративӣ” соли ҷорӣ ба чарогоҳҳои тобистона чорвои калони шохдор 96486 сар, гусфанду буз 2205719 сар ва асп 12323сар ронда шуда, ҷойгир карда шудааст.

Яке аз роҳҳои асосии беҳтар намудани зоти чорво ва дар ин замина баланд бардоштани маҳсулнокии он бордоркунии сунъӣ мебошад. Имрўз дар миқёси ҷумҳурӣ 292 нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор, аз он 77 дар сектори ҷамъиятӣ ва 215 дар сектори хусусӣ фаъолият доранд. Тибқи маълумоти фаврии Муассисаи ҷумхуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурўши чорвои зотӣ ба 1.07.2018 тавассути ин нуқтаҳо 17037 сар чорвои калон сунъӣ бордор карда шуда, аз ҳисоби бордоркунии сунъӣ 12907 сар гўсолаи хушзот гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта бордоркунии сунъӣ 455 сар ва гирифтани насли хушзот 226 сар зиёд аст.

Дар баробари бордоркунии сунъӣ айни замон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо роҳи табиӣ бо истифодаи буққаҳои зотӣ беҳтар намудани зоти чорво ба роҳ монда шудааст, ки мутобиқи муълумоти фаврӣ то 01.07.2018 бо истифодаи ин буқкаҳои зотӣ 1260 сар модаговҳо ба таври табиӣ бордор карда шуда, 343 сар гўсолаи хушзот гирифта шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ барои таъмини нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ бо ҳосили буққаҳои зотии истеҳсоли ватанӣ дар филиалҳои муассиса дар вилояти Суғд ва ноҳияи Рўдакӣ 16528 воя ҳосили буққаҳои зотӣ истеҳсол гардида, ба нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дастрас карда шуда, барои фаъолияти мунтазами нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ 4900 литр азоти моеъ харидорӣ ва ба онҳо дастрас шудааст.

Рушди соҳаи парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбўрпарварӣ

 Мувофиқи маълумоти оморӣ то 1 июли соли 2018 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ 2618950 сар паранда мавҷуд буда, то ин давра 100646 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори паранда мутаносибан 1027590 сар (164,6%) ва тухм 29929 ҳазор дона (142,3%) зиёд мебошад.

Парандапарварони ҷумҳурӣ ҳамчун афзалиятнок муайян гардидани соҳа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ва аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод гардидани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа руҳбаланд гардида, барои рушди соҳаи парандапаварӣ талош варзида истодаанд.

Дар дар ин давра барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ба ҷумҳурӣ  зиёда аз 840 ҳазор дона тухми нутфадор, 712 ҳазор сар чўҷаи якрўза, 22346 тонна хўроки паранда ва барои ба роҳ мондани павариши мурғи гуштӣ таҷҳизот барои афзун намудани истеҳсоли гушти паранда ворид карда шуд.

Соҳаи моҳипарварӣ низ сол то сол тараққӣ ёфта истодааст. Айни замон дар миқёси ҷумҳурӣ 270 адад хоҷагиҳои моҳипарварӣ фаъолият дошта, аз рўи маълумотҳои оморӣ то 1 июли соли 2018истеҳсоли он ба 397 тонна расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 тонна (102,4%) зиёд мебошад.

Соҳаи занбўрпарварӣ дар шароити кўҳсори ҷумҳурӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб рафта, дар ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 222386 оилаи занбўри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3396 оила зиёд гардидааст. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2018 579 тонна асали молӣ истеҳсол карда шудааст.

Содироти маҳсулотҳои кишоварзӣ

 Дар давраи ҳисоботӣ ба хориҷи кишвар сабзавот 63957 тонна, аз ҷумла пиёз 62032 тонна, меваҷоти тару тоза 6420 тонна, меваи хушк 11510 тонна, дигар намуди маҳсулот 258 тонна ва дар маҷмўъ 82145 тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ ба давлатҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳо содирот карда шудааст.

Техникаи кишоварзӣ

 Пешбурди соҳаи кишоварзӣ бе таъминоти хоҷагиҳо бо трактор, комбайн ва дигар мошинолотҳо ғайриимкон мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.07.2018 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 26838 трактор, аз он 2212 трактори шудгоркунанда, 1034 комбайни ғалладарав, 164 комбайни хўроки чорвоғундор, 2326 тухмипошакҳо, аз он 1865 тухмипошаки пахта, 3121 култиватор, 9372 испори тракторӣ, 9393 ядакҳои тракторӣ ва дигар техникаҳои кишоварзӣ мавҷуд мебошад, ки 75% техникаҳо омодаи кор мебошанд. Аз миқдори тракторҳои мавҷудбуда 2833 ба хоҷагиҳои ҷамоавӣ, 5302 ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 18703 ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Дар 6 моҳи соли 2018 аз ҳисоби КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ба ҷумҳурӣ 142 тракторҳои гуногунтамға ва 436 мошинолотҳои кишоварзӣ ворид карда шуд. Дар ин давра аз ҷониби корхонаи мазкур ба 180 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 127 адад тракторҳои гуногунтамға ва 460 мошинолотҳои кишоварзӣ бо тариқи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) дастрас карда шуд.

Тибқи маълумоти фаврӣ дар 6 моҳи соли 2018 ба хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 939 техникаву мошинолоти кишоварзӣ ворид гардид, ки аз он 382трактори гуногунтамға, 146 ядаки тракторӣ, 193 испори тракторӣ, 16адад тухмипошаки пахта, 24 картошкашинонак, 18 картошкаканак, 10 кулухмайдакунак, 14 коҳмайдакунак, 46 тойбанд-тагрезчин, 6пиёзчинак ва дигар мошинолот ворид гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 трактор, 132 ядак, 128 испор, 16тухмипошаки пахта, 14 картошкашинонак, 10 картошкаканак, 10 коҳҷамкунак, 14 коҳмайдакунак, 40 тойбанду-тагрезчин ва 6пиёзчинак зиёд мебошад.

Дар ҷумҳурӣ то имрўз 81 маркази хизматрасонии техникӣ (МХТ) ташкил карда шудааст, ки аз он 56-то аз ҳисоби КВДҶ «Тоҷикагролизинг» ва боқимонда аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ таъсис дода шудааст, ки барои сари вақт ба анҷом расонидани корҳои саҳроӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ хизмат расонида истодааст.

Инчунин дар 6 моҳи соли 2018 аз ҷониби КВД Мадад ҷиҳати дастраси доштани хоҷагиҳо бо техникаи кишоварзӣ, 15 адад тракторҳои чархдор, 1 адад мошини борбардор, 20 адад хокҳамворкунак, 10 адад нармкунак, 8 адад нурипошак, 10 адад чуқуриканак, қимҳои эҳтиётӣ ва чархҳои тракторӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

Мутахассисон ва муҳандис-нозирони Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ барои вайрон намудани қоидаҳои истифодабарӣ ва нигоҳдории техникаи кишоварзӣ ба 239 корхонаву хоҷагиҳо огоҳинома дода, барои сари вақт ислоҳ накардани қоидаҳои истифодабарии техникаҳои кишоварзӣ ба 29 роҳбарону шахсони мутасаддӣ ба маблағи 4600 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

Муносибатҳои байналмилалӣ

 Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳо Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва Созишномаи гуногунии биологӣ ва хизматрасониҳои экосистемавии минтақаҳои кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ба имзо расонида шуд.

Инчунин дар ин давра дар мувофиқа ба вазорату идораҳо Лоиҳаи «Рушди зарфият барои тақвият додани амнияти озуқаворӣ ва ғизо дар кишварҳои интихобшудаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ», «Коҳиши сатҳи устуворӣ нисбат ба доруҳои зиддимикробӣ дар соҳаҳои озуқаворӣ ва кишоварзӣ», «Таҳкими иқтидори хизматрасониҳо доир ба паҳн намудани донишҳои кишоварзӣ дар Осиёи Марказӣ», «Таҳкими иқтидори хоҷагидорон ва аҳолии деҳот оид ба истеҳсоли сабзавот дар гармхонаҳо», Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ барои солҳои 2018-2020 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, вохўриҳои роҳбарият ва мутахассисони вазорат бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон, Фаронса, Афғонистон, Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ, коршиносони Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳайати Бонки Осиёии Рушд, ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ, мушовирони байналмилалии Барномаи рушди СММ, Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин, Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ташкил карда шуд.

Айни замон дар соҳаи кишоварзӣ 3 лоиҳаи инвеститсионӣ ба воситаи 2 Маркази татбиқи амалӣ гардида истодааст, ки дар нимсолаи соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи қисмати якуми Лоиҳаи тиҷоратикунонӣ дар соҳаи кишоварзӣ оид ба амалишавии занҷираи арзиши иловашудаи (ЗАИ) шир ва зардолу 23 шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаро гирифта шуда, аз рўи занҷираи арзиши иловашуда дар маҳсулоти зардолу 48 Гуруҳи фермерон ва инчунин дар занҷираи арзиши иловашуда аз руи шир 103 Гуруҳи фермерон, дар маҷмуъ 151 Гурӯҳи фермерон, аз руйи модулҳои омузишӣ барои 3868 – фермерон омузишҳо гузаронида шудааст.

Дар доираи амалишавии занҷираи арзиши иловашудаи аз руи себу нок ва лимӯ дар сатҳи 37 шаҳру ноҳияҳои мамлакат, дар  занҷираи арзиши иловашудаи себу нок 113 Гуруҳи фермерон ва инчунин дар занҷираи арзиши иловашудаи лимӯ 47 Гуруҳи фермерон, дар маҷмуъ 160 Гурӯҳи фермерон, аз руйи  модулҳои омузишӣ, барои 4000 — фермерон гузаронидани омузишҳо дар моҳи июли соли ҷорӣ дар назар дошта шудааст.

Дар доираи қисмати дуюм лоиҳа бо мақсади тиҷоратикунонии фермерҳои хурд ва ниёзманд, ки дар гуруҳҳои истеҳсолӣ аз рӯи маҳсулоти интихобшудаи занҷираи арзиши иловашудаи фаъолият мекунанд 43 шартномаи грантӣ байни татбиқкунадаи лоиҳа (Муассиса) ва Гурӯҳҳои фермерон аз рўи маҳсулотҳои занҷираи арзиши иловашудаи (зардолу ва шир) ба имзо расидаанд, ки шумораи манфиатгирандагонро 887 нафарро ташкил медиҳад.

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» бошад дар нимсолаи аввали соли 2018 як кафедраи “Зироаткорӣ ва истеҳсоли хўроки чорво”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таъмир ва ҷиҳозонидани лаборатория, аудитория, хонаи муаллимон ва роҳрав ба роҳ монда шудаст.

Ҷиҳати тақвият бахшидани заминаи истеҳсоли хўроки чорво дар ноҳияҳои зерҳадаф лоиҳа дар мавсими кишти баҳории соли 2018 ба 1336 хонавода дар маҷмўъ бо 31 тонна тухмии зироатҳои хўроки чорво ва 113 тонна нурии минералии карбамид ва 213 тонна суперфосфат таъмин карда шуданд.

Барои тақвият бахшидани соҳаи тухмипарварӣ дар самти истеҳсоли тухмии зироатҳои хўроки чорво ва дастрасии аҳолӣ ба тухмиҳои аълосифат, 8 хоҷагии тухмипарварӣ аз ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа дар маҷмўъ бо 41 тонна тухмии аълосифати гандум, ҷав, ҷуворимакка, лаблабуи хўроки чорво, юнучқа, мушунг ва инчунин бо 108 тонна нуриҳои минералӣ таъмин карда шудааст.

Инчунин барои беҳтар намудани таъминоти баҳрагирандагон бо техникаҳо ва мошинолотҳои кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 якқатор техникаву мошинолотҳои кишоварзӣ дастрас карда шудааст.

Оид ба беҳтар намудани инфрасохтори чарогоҳҳо бошад, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ як адад ҳавзи шустушўи чорво дар мавзеи чарогоҳҳои зимистонаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара сохта ва ба истифода дода шудааст.

Барои беҳдошти ҳолати чарогоҳҳо, боздошти деградатсия, барқарор ва зиёд намудани алафҳои табиӣ чарогоҳҳо ба 20 ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон 22 бастаи симтур барои ташкили қитъаи намоишӣ дар майдони 22 га замини чарогоҳ  ва тухмии зироатҳои хўроки чорво, дар маҷмўъ дар майдони 393 га замин барои истеҳсоли хўроки чорво ва 1501 тонна карбамид барои баланд намудани ҳосилнокии 1462 га чарогоҳҳои табиӣ ба ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон дастрас гардидааст.

Ҳамкори бо ВАО

 Дар давраи ҳисоботӣ ҳамкориҳо бо воситаи ахбори омма хуб ба роҳ монда шуда, дар тўли 6 моҳ 110 мусоҳиба бо мутахассисони вазорат оид ба омодагиҳо ба мавсими кишту кори зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, агротехникаи парвариш, омилҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, пешгирӣ аз касаливу ҳашаротҳои зараррасон, рушди соҳаи чорводорӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатиро анҷом дода, тавассути воситаҳои ахбори омма омода ва пахш карда шудааст.

Инчунин дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ, дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ зиёда аз 107 хабару мақолаҳои гуногун доир ба соҳаи кишоварзӣ нашр гардиданд, ки бештари онҳо тавсияҳои олимону мутахассион оид ба рушди соҳа мебошад.

Ҳуҷатгузорӣ ва қабули шаҳрвандон

 Дар давраи ҳисоботӣ ба унвонии Вазорати кишоварзӣ 3492 мактуб, қонун, қарор, ариза ва дигар ҳуҷҷатҳо ворид гардиданд, ки аз он 700аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳамаи санадҳо зери назорат гирифта шуда, дар муҳлатҳои муайянгардида ба супоришҳо ҷавоб гардонида шуда истодааст.

Ҳамзамон қабул ва баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон таҳти назорати роҳбарияти вазорат қарор дошта, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 67 нафар шаҳрвандон қабул гардида, нисбати масъалаҳои рўзмараи онҳо ҷавобҳои мушаххас манзур карда шудааст.

Бартараф намудани мушкилиҳои болозикр метавонад барои ҳавасманд намудани исФтеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати афзун намудани маҳсулот, коҳиш додани маҳсулотҳои воридотивазкунанда, баланд бардоштани неруи содиротии кишвар мусоидат менамояд.

Вазорати кишоварзӣ, баҳри афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати таъминоти бештари аҳолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ҷамъбаст намудани фаъолияти соҳа аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Илова кунед: