Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Пресс-релиз 29.07.2019

29.07.2019

Танҳо мутахассисе, ки касби пешакардаи худро дар ҳамбастагӣ бо дигаргуниҳои дар шароити истиқлолоият ба амаломада ба хубӣ сарфаҳм рафта, ба вазъияти мавҷудаи истеҳсолоти кишоварзӣ баҳои дуруст медиҳад ва дар баробари ин эҳсоси гарми ватандўстӣ ва масъулият дорад, қодир аст, ки дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот саҳмгузор бошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъоварии ҳосили ғалла  босуръат идома дорад.

Тибқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварии вазорат имрўзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо босуръат идома дорад. Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишоварзон дар майдони 291510 га кишти ғалладонагиҳо гузарониданд, ки то санаи 26.07.2019 майдони 208531 гектарро даравида, майдони 204050 га куфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7417 га зиёд буда, 72 %-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Ҳосили умумии ҷамъовардашуда, 636163 тоннаро ташкил дода, дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108634 тонна зиёд мебошад. Айни ҳол дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо, 1105 адад комбайнҳо мавҷуд буда, 352 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ

Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ баъди ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ба кишти такрорӣ оғоз намуданд.

Тибқи дурнамо соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 82016 гектарро ташкил дода, то санаи 26.07.2019 дар майдони 79471 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 4120 га зиёд буда, 96,9%-и иҷроиши дурнаморо ташкил медиҳад.

Майдони умумии кишти такрории зироатҳои ғалладонагиҳо, ки 31510 гектарро ташкил медиҳад аз он 12560 га ҷуворимакка барои дон, 8343 га кишти шолӣ, 10608 га кишти дигар ғалладонагиҳо ва инчунин, дар майдони 8359,5 га сабзавот, 3771 га полезиҳо, 2667,5 га кишти зироатҳои техникӣ ва 33056 га кишти хўроки чорво ба роҳ монда шудааст, ки кор дар ин самт бо маром идома дорад.

Ҷамъоварии ҳосили картошка.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ 33659 га кишти картошка гузаронида шуда, то санаи 26.07.2019 дар ҷумҳурӣ майдони 10077 гектари он ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1504 га зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар як га 183,6 сентнериро ташкил медиҳад. Ҳосили умумии ҷамъоварикардашуда 184994 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31242 тонна зиёд мебошад.

Ҷамъоварии ҳосили картошка дар ҷумҳурӣ босуръат идома дошта, то санаи 26.07.2019 дар вилояти Хатлон аз майдони 5694 га 97366 тонна, вилояти Суғд аз майдони 2016 га 36918 тонна ва дар НТМ бошад аз майдони 2347 га 50390 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Ҷамъоварии меваю ангур.

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ то санаи 26.07.2019 ба миқдори 116569 тонна мева ва 3305 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта мева 21724 тонна ва ангур 83 тонна зиёд мебошад.

Дар мавсими имсола кишоварзони вилояти Хатлон то имрўз ба миқдори 48045 тонна мева, 2823 тонна ангур, вилояти Суғд 55141 тонна мева, 22 тонна ангур, ва дар НТМ ба миқдори 13383 тонна мева ва 460 тонна ангур ҷамъоварӣ карда шудааст.

Захираи хўроки чорво.

Дар асоси маълумотҳои оморӣ то санаи 01.07.2019 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ҷумҳурӣ 729654 тонна хўроки дурушти чорво захира карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 95505,4 тонна зиёд буда, 115,1%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Имрўзҳо ҷамъоварӣ ва захираи хўроки чорво дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои ҷумҳурӣ босуръат идома дошта кишоварзон кўшиш бар он доранд, ки аз ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, ҳарчи бештар дусола хўроки чорворо захира намоянд.

Истеҳсоли сабзавот сол аз сол меафзояд.

Самаранок истифода бурдани заминҳои корам ва дуруст риоя намудани агратехникаи парвариши зироатҳои кишоварзӣ боис гаштааст, ки имрўзҳо ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ баланд гардида, маҳсулотҳои он фаровон гардад. То санаи 26.07.2019 дар ҷумҳурӣ ҳосили майдони 23462 га сабзавот ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 155 га зиёд мебошад. Ҳосили умумии ҷамъовардашуда дар ҷумҳурӣ 655777 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 49649 тонна зиёд буда, ки ҳосилнокӣ аз ҳар га 279,5 сентнерро ташкил медиҳад.

Имрўзҳо кишоварзон аз ҳисоби ҳосили умумии сабзавотҳо, ки 655777 тоннаро ташкил медиҳад: 355732 тонна пиёз, 28240 тонна карам, 91166 тонна помидор, 58049 тонна бодиринг, 57027 тонна сабзӣ ва 65563 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ намуда, пешкаши харидорон гардониданд.

Ҳосилнокии полизиҳо меафзояд.

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Раёсати растанипарварӣ соли ҷорӣ дар майдони 18620 га кишти полизиҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 2017 га зиёд мебошад.

То санаи 26.07.2019 майдони 10088 га кишти зироатҳои полизӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 485 га зиёд мебошад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ ба миқдори 282085 тонна полизиҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 48569 тонна зиёд мебошад. Ҳоло зироатҳои полизӣ дар саҳро хуб нашъунамо дошта, ҳосилнокии ҳама намуди полизиҳо фаровон аст. Имрўзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ аз ҳар як га 279,6 сентнериро ҳосил ба даст оварда истодаанд, ки нисбат ба соли гузашта 36,5 сентнерӣ зиёд аст. 

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзӣ тел: 235-39-23

Илова кунед: