Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ

18 июня 2018 г., понедельник


Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ яке аз воҳиди асосии сохтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қонунҳои конститутсионӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои  Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармону амрҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома ва қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи худ ба амал мебарорад.

Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз сардор, муовини сардор, сармутахассисон (самти ҳуқуқӣ 2 нафар, самти кадрӣ 2 нафар), мутахассисони пешбар (самти ҳуқуқӣ 1 нафар, самти кадрӣ 1 нафар), мутахассис (самти кадрӣ) иборат мебошад. сардор, муовини сардор, сармутахассисон, мутахассисони пешбар ва мутахассиси раёсат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешаванд.

Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ масъалаҳои дахлдорро оид ба таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдори соҳавӣ, таҳия ва мувофиқсозии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, баррасӣ намудани мактубу дархости шахсони ҳуқуқӣ ва арзу шикоятҳои хаттию шифоҳии шаҳрвандон ва амсоли инҳо дар бар мегирад.

Бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинигардида Раёсати кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ функсияҳои зеринро  дорост:

-  таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии роҳбари мақоми давлатӣ;

-  иштирок дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор;

-  тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузории кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ, ба расмият даровардани санадҳо, инчунин расонидани дастуру супоришҳои роҳбари мақоми давлатӣ ба  шахсони  масъул, назорати иҷрои онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбари мақоми давлатӣ пешниҳод намудани нақшаи кории солона;

-  мусоидат барои ташкилу баргузории чорабиниҳои дахлдори соҳа;

- омода ва пешниҳоди маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба роҳбарияти Вазорат;

-  назорати риояи интизоми меҳнат дар дастгоҳи марказӣ ва воҳиди сохтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротии кадрӣ-ҳуқуқӣ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба таъин ва озод намудани кормандони дастгоҳи марказӣ,  пешбурду нигоҳдории делоҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон;

- таҳияи лоиҳаи басти корӣ, ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ ва ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ;

              - бакайдгирии варақаҳои корношоямии хизматчиёни давлатӣ ва ҳайати хизматрасон;

- ташкил ва дуруст истифода намудани маҳоррати касбии кадрии (ҳайати) мақоми давлатӣ бо назардошти дурнамои инкишофи он;

- риояи тартиби қабул ба хизмати давлатӣ ва бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ;

- назорати риояи талаботи тахассусӣ ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ, гузаронидан ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар доираи як категория;

- омода намудани маводҳои зарурӣ барои таъмини фаъолияти комиссияҳои аттестатсионӣ ва озмунӣ;

- ташкили озмунҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ;

- шиносонидани роҳбарони воҳидҳои сохторӣ бо тартиби таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  назорати риояи тартиби баҳодиҳии фаъолияти хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 - бароҳмонии раванди баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкили аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ;

-таъмини татбиқи муқаррароти Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии  Ҷумхурии Тоҷикистон;

-  таҳияи мавод оид ба додани рутбаҳои тахассусӣ ба хизматчиёни давлатии дастгоҳи марказӣ;

- ташкили захираи кадрҳо ва кор бо онҳо;

-ташкили тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии хизматчиёни давлатӣ;

- мусоидат ба фаъолияти комиссияҳои танзимкунандаи масъалаҳои кадрии хизмати давлатӣ;

         - ташкил ва назорати пешниҳоди маълумот дар бораи даромад ва вазъи амволи хизматчии давлатӣ;

         - риояи Фехристи мансабҳои давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти давлатӣ;

         -  таҳлили вазъи таъминоти кадрӣ;

         -  назорати риояи талаботи синни ниҳоӣ дар хизмати давлати будан;

         - таъмини  фаъолияти ҳайати техникӣ ва хизматрасонии  мақоми давлатӣ;

         - гузаронидани мониторингӣ ҳолати кадрҳои хизмати давлатӣ ва банақшагирии талабот ба кадрҳо, пешбарии истифодаи технологияҳои муосир ва манбаъҳои таълиму тарбияи кадрҳо дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

         - банақшагирии чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав ба кор қабулшуда,  махсусан ҷавонон;

         - мониторинги сабабҳои аз корравии кадрҳо, ҷараёни тағйирёбии сифатии ҳайати коллектив;

         - сари вакт (дар якҷоягӣ  бо Раёсатии молия ва муҳосибот) таҳлил намудани шаклҳои самараноки амалкунандаи ҳавасмандгардоиии моддию маънавии хизматчиёни давлатӣ, пешниҳоди тавсияҳо оид ба баланд бардоштани фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ;

         - баҳисобгирии ҳайати шахсӣ ва пешниҳоди ҳисобот, пешбурди махзани иттилоотӣ оид ба захираи кадрҳо ва ҷорӣ намудани шаклҳои муосири идоракунӣ;

         - таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, моддӣ ва ҳуқуқии кормандон дар мавридҳои ихтисоршавӣ, тағйироти ташкилӣ, штатӣ ва сохторӣ;

         -  гузаронидани санҷиши фаъолияти кадрӣ, ҳуҷҷатгузории  воҳидҳои сохтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва системаи он оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаҳои ҳифзи меҳнат, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, хизмати давлатӣ ва дигар соҳаҳо ;

         -  гузаронидани санҷиши такрории маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳрвандон ҳангоми таъин намудан ба мансаби давлатии хизмати давлатӣ;

         -  амалӣ намудани тадбирҳо оид ба таҳлили ҳайати кадрӣ, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботи омори давлатии шакли №1 - ХД оид ба вазъи кор бо кадрҳо ба мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ;

        -  ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои таъминоти ҳуқуқӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- расонидани ёрии методию ҳуқуқӣ ба  корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар сохторҳои зертобеъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 - таҳияи созишномаҳо, протоколҳо, лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ва байнидавлатӣ дар якҷоягӣ бо раёсату шуъбаҳои  дахлдори дастгоҳи марказӣ;

           - назорати риояи талаботи қонунгузории соҳавӣ дар корхона ва ташкилотҳои зертобеъ;

- расонидани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ  ба кормандони соҳаи кишоварзӣ;

- баррасии  арзу шикоятҳои кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар шаҳрвандон ва корхонаву муассисаҳо  ва пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ;

-тибқи тартиби муқаррарнамуда доир ба масъалаҳои кадрӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои тобеи вазорат машваратҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳоро мегузаронад;

-дигар вазифаҳое, ки санадҳои меърии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикитон манъ накардаанд,  амалӣ  намояд.

Илова кунед: