Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати корҳо

18 июня 2018 г., понедельник


Раёсати корҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Раёсати корҳо воҳиди сохтори марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишу супоришҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.
  2. Раёсат ҷиҳати амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои худ бо сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва ташкилоту муассисаҳои системаи вазорат ҳамкориро ба роҳ мемонад.

Аз ҷумла:

  1. Таъмини шароити ташкилӣ-техникии фаъолияти Вазир, муовинони Вазир, Мушовараи вазорат ба мақсади самаранок анҷом додани вазифаҳое, ки ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
  2. Саривақт ба қайдгирӣ ва барои баррасӣ ба роҳбарияти вазорат, пешниҳод кардани санадҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии қонунгузор, иҷроия, додгоҳи идораю муассиса, ташкилоти гуногун ва шахсони алоҳидаи ватанию хориҷӣ, ҳамчун назорати иҷрои супоришҳо.
  3. Талаб намудани маводҳо аз сохтори идоракунӣ, ташкилотҳои системаи Вазорати кишоварзӣ барои тайёр намудан ва омода сохтани маҷлисҳои ҳайати мушовараи вазорат, маҷлисҳои назоратӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва ба расмият даровардани қарорҳои маҷлиси ҳайати мушовара, фармону фармоишҳои вазир ва саривақт ба иҷрокунандагон расонидани онҳо.
  4. Дар маҷлисҳои ҳарҳафтаинаи назди вазир иштирок намуда, супоришҳои аз тарафи вазир гузошташударо ба шахсони масъул расонида, оид ба иҷроиши онҳо ба вазир маълумот ирсол менамояд.
  5. Назорати фаъолияти воҳидҳои сохтории вазорат, ҷиҳати иҷрои қарорҳои ҳайати мушовара, фармону фармоишҳои вазир, таҳияи пешниҳодот оид ба таҳкими интизоми иҷроия.
  6. Дар асоси супоришу фармонҳои вазир тамоми фаъолияти сохторҳои таркибии дастгоҳи марказии вазоратро, ки аз Низомномаи онҳо бармеояд, зери назорат мегирад ва аз онҳо ҷиҳати иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ ахбор талаб менамояд.
  7. Тартиби ягонаи баррасии ҳуҷҷатҳоро ба вазир ва мўҳлати иҷрои онҳоро бо супориши вазир назорат намуда, аз масъулин ва иҷрокунандагон ахбои саривақтӣ талаб менамояд.
  8. Вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ ва фаъолияти кормандон дар ҳолатҳои зарурӣ бо супориши вазир дар охири моҳ бо сардорони таркибии вазорат маҷлисҳо баргузор намуда, барои беҳбудии кор тадбирҳо меандешад.
  9. Тайёр намудани маърўзаҳои баромади асосии вазирро дар ҳайати мушовара ва маҷлисҳои дигаре, ки дар он вазир ширкат меварзад.

Илова кунед: