Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии амиқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати молия ва муҳосибот

18 июня 2018 г., понедельник

Фаъолияти Раёсати молия ва муҳосибот

Фаъолияти Раёсати молия ва муҳосибот дар асоси Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳосибот», Низомномаи раёсат ва нақшаи кории раёсат ба роҳ монда  шудааст.

Тақсимоти вазифаҳо дар байни кормандон вобаста ба самти соҳа ба роҳ монда шудааст, яъне  ҳар як мутахассис бо ташкилоту муассисаҳои  самти  худаш   масъул  буда,  ҳамкорӣ  менамояд.

Ҳуҷҷатҳое, ки таъмини иҷрои онҳо асоси  фаъолияти Раёсати молия ва муҳосибот мебошад.

  - фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №108-ф аз 29 декабри соли 2018,

-қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  29 декабри соли 2018 таҳти №594 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

-таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30 августи соли 2013 «Дар бораи Стратегияи  муқовимат ба  коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»,

-таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон №168 аз 3 марти соли 2006 «Дар бораи хариди давлатии мол,  кор  ва  хизматрасонӣ»;

-таъмини иҷрои нақша чорабинии вазорат вобаста ба вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 бармеоянд;

-пешниҳод намудани ҳисоботи ҷамъбастии «Шакли -1Т Меҳнат» Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-омода намудани маълумотҳо вобаста ба қарздорӣ  аз пардохти музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ;

-дигар супоришҳои роҳбарияти вазорат.

Корҳое, ки вобаста ба таъмини иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №108-ф аз 29 декабри  соли 2018,  анҷом дода мешаванд;

-таъсиси гурўҳи корӣ оид ба таҳияи Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ барои солҳои 2020-2022 ва лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2020;

-таҳияи Дастурамали соҳавӣ,

-пешниҳод намуданимаълумотҳо  оид ба  воридоти андозӣ, аз ҷумла андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, воридоти ғайриандозӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет барои солҳои 2020-2022 ҳисоби пешгўии   воридоти  андозӣ  дар зерсохторҳои Вазорати кишоварзӣ,

-таҳияи Нақшаи  стратегии  вазорат,

-таҳияи  Буҷети  заминавӣ

-пешниҳоди  самтҳои  афзалиятноки  соҳа,

-пешниҳоди дархостҳои буҷетии ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2020-2022»,

-иштирок дар ҳимояи буҷет дар Комиссияи байниидоравии буҷетии назди Вазорати молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ;

          Таъмини иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  29  декабри соли 2018 таҳти №594 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»;

          -таҳияи фармоиш ва нақша- чорабиниҳои вазорат;

          -баррасии сметаҳои хароҷотӣ ва басти вазифаҳо;

          -таҳияи фармоиши вазорат вобаста ба муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои муҳосибии солона ва фосилавӣ;

          -пешниҳод намудани ахборот оид ба истифодабарии маблағҳои бучетӣ ба  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон;

          - омода намудани маълумотҳо оид ба таъмини иҷроиши Буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсус дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии зертобеи вазорат дар давраи ҳисоботӣ

-қабули ҳисоботҳои муҳосибӣ ва ба Вазорати молия пешниҳод намудани онҳо;

Вобаста ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30 августи соли 2013 «Дар бораи Стратегияи  муқовимат ба  коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»,

- пешниҳод намудани ахборот ба Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия  ахборот оид  ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30 августи соли 2013 «Дар бораи Стратегияи  муқовимат ба  коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»,

-таҳияи нақша-чорабинии вазорат оид ба таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1504 аз 30 августи соли 2013 «Дар бораи Стратегияи  муқовимат ба  коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои  2013-2020»  барои  солҳои  2019-2020 .

-назорати таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар ташкилоту муассисаҳои зертобеи вазорат, анҷом дода мешавад.

Иҷрои дигар супоришҳои роҳбарияти вазорат вобаста ба масъалаҳои самти Раёсат таъмин карда мешавад.

 

 

Илова кунед: