Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Шӯъбаи аудити дохилӣ

18 июня 2018 г., понедельник

Тибқи фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02.2008, №5 ҷиҳати  иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.06.2007, №603 «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» такмили сохтори идоракунии Дастгоҳи марказии вазорат, Шуъбаи аудити дохилӣ таъсис дода шудааст.

Шуъбаи мазкур дорои вазифаҳои  зерин мебошад:

- таҳлили фаъолияти молиявӣ, мақсаднок ва самаранок  истифодабарии даромаду хароҷот дар Дастгоҳи марказии вазорат, хадамотҳо, муассисаю корхонаҳои тобеъи он, раёсатҳои кишоварзии вилояту шаҳр ва ноҳияҳо тибқи қонунҳои амалкунанда, барои рушд ва такмил додани соҳаи кишоварзӣ;

- дастгирӣ ва амалӣ намудани сиёсати молиявию муҳосибӣ ва аудити дохилии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи  кишоварзӣ;

- расонидани кумаки амалии методию назариявӣ ба хадамотҳо, муассисаю корхонаҳои  тобеъи вазорат, раёсатҳои кишоварзии вилояту шаҳр ва ноҳияҳо оид ба масъалаҳои мақсаднок ва самаранок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ ва ғайри буҷетӣ, интизоми молиявӣ, муҳосибӣ ва аудити дохилӣ мебошад.

Илова кунед: