Мо шароити бисёр мусоиди табиӣ ва захираву имкониятҳои зарурие дорем, ки дар сурати истифодаи пурра ва самараноки онҳо метавонем аҳолии кишварро бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кунем, яъне масъалаи озуқаворӣ – яке аз ҳадафҳои миллиамонро ҳал намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Шӯъбаи матбуот ва иттилоот

18 июня 2018 г., понедельник

Шуъбаи матбуот ва иттилооти
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 26 апрели соли 2008, №191 тасдиқ шудааст таҳия гардида, вазъи ҳуқуқӣ, ташкили сохтор, функсия, вазифа, тартиби фаъолияти Шуъбаи матбуот ва иттилоотро муайян намуда, масъалаҳои умумиро вобаста ба фаъолити шуъба ба танзим медарорад.

Шуъба дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қорорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори ҳайати мушовара ва инчунин Низомномаи мазкурро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.

Шуъба таҳти роҳбарии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў фаъолият мекунад.

Шуъбаро сардор, ки тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад, роҳбарӣ менамояд. Ба ҳайати Шуъба мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ шомиланд, номгўйи онҳо дар басти вазифаҳо аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардидаанд, пешбинӣ шудаанд.

Шуъба дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти давлатӣ  ташкилоту корхонаҳо вобаста ба масъалаҳои ба салоҳияти он дахл дошта ҳамкорӣ намуда, тибқи тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба онҳо  мувофиқ мекунад.

Шуъбаи матбуот ва иттилооти дар асоси дастуру супоришҳои дар боло зикргардида, ва Дастурамали худ амал намуда фаъолияти худро баҳри амалӣ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, тавассути ВАО-и ватанию хориҷӣ пайваста ҳамкори менамояд ва аз дастовардҳои соҳа кишоварзон ва ВАО-ро воқиф мегардонад.

Кормандони шўъба ҳамарўза аз фаъолияти Вазорат ва зерсохторҳои он хабару гузоришҳо омода намуда, ба пурсишу дархостҳои рўзноманигорон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод менамоянд. Тибқи фармоиши вазири кишоварзӣ бо мақсади амали намудани нақшаи Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар як сол ду маротиба нишасти мабтуотӣ бо иштироки васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ инчунин чорабиниҳои милливу сиёсӣ дар садҳи баланд баргузор намуда аз рафти он тариқи воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ, радио ва телевизионҳои ҷумҳурӣ гузориш ва намоишҳои махсус омода намуда, дар саҳифаҳои рўзномаю маҷаллаҳо маводҳо чоп мегардонад.

Бо мақсади амалӣ намудани фармоиши вазири кишоварзӣ оид ба ташкили ярмарка фурўши ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан, тухмии зироатҳои кишоварзӣ гулу буттаҳо ва дигар корҳои мавсимии кишоварзӣ видио ролики тарѓиботи омода карда тариқи шабакаҳои радиоиву телевизиони Тоҷикистон пахш кадамешавад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот, дар оянда низ фаъолияти худро ба он равона менамояд, ки баҳри татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқавории кишвар тамоми чораҳоро меандешад ва иттилоотонии аҳолиро аз фаъолияти Вазорати кишоварзӣ боз ҳам ҷоннок менамояд.

Сардори шуъбаи матбуот ва иттилоот Ёқубҷон Уроқов

 

Илова кунед: