Тухмипарварӣ

Кишти зироатҳои кишоварзӣ

 Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат кишти зироатҳои кишоварзиро дар майдони 662330 га гузарониданд, ки аз он ғалладонагиҳо 313332 га, зироатҳои техникӣ 197968 га, картошка 22730 га, сабзавот 31344 га, полизӣ 16907 га ва зироатҳои хӯроки чорво 80050 га-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта кишти зироатҳои техники 12384 га, картошка 339 га, сабзавот 884 га, ва полизӣ 125 га зиёд мебошад.

Хоҷагиҳои пахтапарвари ҷумҳурӣ дар масоҳати 173979 га кишт гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11421 га зиёд мебошад. Кишти пумбадона дар вилояти Хатлон 119550 га, вилояти Суғд 50765 га ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3663 га гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 4015, 6571 ва 834 га зиёд мебошад. Аз ҳисоби ҳосили соли 2016 хоҷагиҳои пахтапарвар ба миқдори 19388 тонна чигити тухмӣ таъмин карда шуданд.

Баҳри самаранок истифода бурдани заминҳои корам хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ ба ҳолати 01.07.2017 дар майдони 55943 га кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузарониданд, ки ба 75 %-и дурнамо баробар мебошад.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муккамал гардонидани қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи муаллиф ба талаботҳои байналмиллалӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ»  тибқи талаботи Конвенсияи ҒPOV таҳия намуд, ки 29 декабри соли 2010  таҳти № 672 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Қонуни мазкур замина ба вуҷуд овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Иттиҳоди  байналмиллалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ (ҒPOV) гардида ҳифзи навъҳои нави растанӣ ва ҳуқуқи моликияти зеҳнии селексионер таъмин карда шавад.

Қабули қонуни мазкур, аъзогӣ ба УПОВ ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ба рушди соҳаи селексия ва тухмипарварӣ мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки навъҳои беҳтарин ва ояндадори зироатҳои кишоварзӣ дар байни давлатҳои аъзо бемомоният дар гардиш буда, дар истеҳсолот васеъ ҷорӣ карда шавад. Аз ҷониби дигар навъҳо дар доираи давлатҳои аъзо ҳимоя гардида,  селексионеронро барои натиҷаи маҳсули кориашон ҳавасманд мегардонанд.

Айни замон барои аъзогӣ ба УПОВ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати УПОВ мактуб ирсол намудааст.  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси  Оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аъзогии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Иттиҳоди байналмиллалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ (UPOV) аз 20 июни 2012 сол № 887 қарор қабул кард.

Ҳифзи навъҳои растанӣ ва ҳимояи ҳуқуқӣ селексионерон ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи заҳмати селекионерони ватанӣ дар самти  ихтирои навъҳои нави хушсифату серҳосил мувафақиятҳои назаррасӣ олимони тоҷик дида мешаванд.

Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзӣ  дар 21 соли охир 219 навъҳои нави зироатҳои кишоварзиро барои санҷиши расмӣ қабул намудааст, ки дар натиҷа 98 навъ минтақабоб гардидаанд. Ба муалифон 200 патент ва 379 шаҳодатнома дода шудааст.

Аз соли 1991 то инҷониб дар зарфи 21 соли охир  68 навъи пахта барои санҷиш қабул гардида 26 навъ минтақабоб гардидааст, ки  20 навъи селексионерони ватанӣ мебошанд. Аз он ҷумла 5 навъи пахтаи маҳиннах мебошад.

Аз тарафи Муассисаи навъсанҷӣ дар 21 соли охир ҳамагӣ 16 навъи гандум минтақабоб гардонида шудааст, ки дар натиҷаи заҳмати олимони тоҷик 9 навъи гандуми селексияи ватанӣ аз ҷумла навъҳои гандуми мулоим : Зафар, Алекс, Норман, Ормон, Сомонӣ, Зироаткор-70, Садоқат ва гандуми сахти Шамъ ва Президент мебошад.

Дар давраи 21 соли охир 4 навъи ҷав, 3 навъи третикале, 4 навъи ҷуворимакка, 2 навъи шолӣ, 3 навъи сулӣ, 2 навъи ҷавдор, 5 навъи юнучқа, 3 навъи зироатҳои хуроки чорво, 2 навъи нахуд, 1 навъи соя, 2 навъи зағир, 2 навъи масъар, 1 навъи мушунг, 1 навъи кунҷут минтақабоб гардонида шудааст, ки аслан маҳсули меҳнати Институти зироаткории АИКТ  мебошад.

Аз зироатҳои сабзавотӣ ва полезӣ бошад дар 21 соли охир ҳамагӣ 12 навъ минтақабоб гардидааст, ки танҳо 4 навъи он маҳсули селексияи ватанӣ мебошад: 1 навъи бодиринг ( Беназир), 1 навъи пиёзи Аброрӣ, 1 навъи сабзии Тиллоранг, 4 навъи картошка Зарина, Романсе, Ҷелли ва Белороза, ки 9 ададаш маҳсули олимони Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ мебошад.

Аз тарафи Муассисаи навъсанҷӣ дар 21 соли охир ҳамагӣ 17 навъи нави зироатҳои меваи тухмдор ва донакдор  минтақабоб гардидааст, ки аз он 11 тоаш: 1 навъи нок (Дилрабо), 4 навъи зардолу (Серҳосил, Хуҷандӣ, Аҳмадӣ, Ленинободӣ) 5 навъи шафтолу (Гулдор, Сумбула, Равшан, Озода , Зарнигор), 1навъи ангур (Миёна)  маҳсули институти боғпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ мебошад.

Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ муайян гардидааст вазифадор аст, ки ҳифзи навъҳои растанӣ ва ҳимояи ҳуқуқӣ селексионеронро таъмин намояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба селексионери навъи растанӣ ҳуқуқи селексионери навъи растаниро пешниҳод мекунад ва шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро медиҳад, ки он ҳуқуқи селексионерро барои ҳифзи навъи растанӣ тасдиқ менамояд.