Занбурпарварӣ

Беҳтарин ангубин он аст, ки ба ростӣ ширин ва хушбӯй бошад ва ба тезию сурхӣ бигарояд, сахт буда, начандон тунуки часпак бошад, ки бурида нагардад. Беҳтарини он ангубини баҳорӣ, сипас тобистонист. Ангубини зимистонӣ, чунон ки гуфтаанд, бад бувад.

Ангубини занбӯр андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст. Ангубини табарзад ва най андар дараҷаи якум гарм буда, хушк нест ва шояд андар дараҷаи якум тар бошад. Ангубин зудоянда буда, даҳони рагҳоро бикушояд, рутубатҳоро аз қаъри тан бикашад ва гӯштро гандидану табоҳ шудан нагузорад. Ангубин торикии чашмро бизудояд.

Аз китоби «Қонуни тиб»-и Ибни Сино.\

Рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар соли 2017

Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 218990 оилаи занбӯри асал парвариш ёфта истодааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5539 оила зиёд мебошад. Аз ҳисоби зиёд гардидани оилаҳои занбӯри асал истеҳсоли асали молӣ нисбат ба соли гузашта 106 тонна зиёд гардид. Бо мақсади рушди соҳаи занбӯрпарварӣ тибқи супориши Протоколи №1с/28-3 машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.08.2016 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии ёрирасони Канаск»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 600 оилаи занбӯри асал бо асбобу анҷомҳояш, аз ҳисоби КВДЗ “Асали Тоҷикистон” дастрас карда шуд.

         Занбӯрпарварӣ

 Идораи занбӯри асали ҷумҳуриявӣ соли 1952 ташкил шуд, то соли 1958 дар шаҳри Душанбе ҷойгир шуда буд. Аз соли 1958 то ҳозир дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ҷойгир шуда, фаъолият дорад. Соҳаи занбӯрпарварӣ таърихи куҳан дорад.     Оид ба аҳмияти асал ва заҳри занбӯр дар адабиётҳои тибии қадими тоҷикон маълумоти зиёд мавҷуд аст. Нахустин кандуҳо (қутии занбӯри асал) дар колхозу совхозҳо солҳои 1932-1934 (дар ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Хуҷанд, Конибодом) пайдо шуданд. Соли 1932 аз Кавказ ба ҷумҳурӣ 140 оилаи занбӯри асал оварда шуд, вале қисми зиёди онҳо бинобар номусоид будани шароит нобуд шуданд. Занбӯрпарвариро дар заминаи парвариши занбӯрҳои ваҳшии маҳаллӣ тарақӣ додан лозим меомад. Ба ҷустуҷӯи оилаи занбӯрҳо мактаббачаҳо сафарбар карда шуданд. Дар натиҷа дар дараҳои Қаратоғ оилаҳои калони занбӯрҳои хокистарранг (ишкамашон рахҳои зард дошт) ёфт шуданд. Худи ҳамон сол аз ин занбӯрҳо 170 оила (ҳар оила қариб 100 ҳазор занбӯр ) ташкил карда шуд. Соли 1946 дар мавзеи Варзоб ва соли 1949 дар Ғарм оилаҳои занбӯри асал ёфт шуданд.

Ҳамин тавр, шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ҷумҳурӣ соли 1947 ба 4 ҳазор, соли 1950 ба 7 ҳазор ва соли 1960 ба 70 ҳазор расид. Занбӯрпарварӣ дар ҷумҳурӣ чун соҳаи мустақили кишоварзӣ ривоҷ ёфта, тадриҷан дар Ленинобод, Хатлон ва ВМКБ низ ҷорӣ гардид. Идораи занбӯрпарварӣ, ки хоҷагиҳо ва занбӯрпарварони ҳавасмандро бо лавозимоти зарурӣ таъмин мекунад, хеле ривоҷ ёфт. То солҳои 90 дар ҷумҳурӣ бештар аз 200 ҳазор оилаи занбӯр мавҷуд буд, ки аз он 130 ҳазор оилааш ба аҳолӣ мансӯб буд.

Марҳилаи гузариш ба иқтисоди бозсозии сохтор дар иқтисодиёт ва муносибатҳои истеҳсолӣ ва пешравии занбӯрпарварӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳим ва фоидаовари иктисодиёти ҷумҳури ба ҳисоб меравад, бетаъсир намонд. Дар натиҷаи аз 250 ҳазор оилаи занбӯри асали дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар соли 1992 мавҷуд буда, то 1 январи соли 2005 ҳамагӣ 49 ҳазор оила боқӣ мондааст.

Кам шудани оилаҳои занбӯри асал ба дараҷаи гардолудшави ва ҳосилнокии зироатҳои асосии дар ҷумҳури парваришёбанда ,аз қабили пахта, юнучқа, растаниҳои ҷангалу чарогоҳо, сабзавот, дарахту буттаҳои мевадиҳандаи бо ҳашарот гардолудшаванда (энтомофилӣ) таъсири манфи расонид. Таҷрибаҳои илмию истеҳсолӣ нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили пахта, боғот, офтобпараст ва дигар растаниҳои энтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд. Ғайр аз ин ба фурӯш баровардани маҳсулоти занбӯри асал (асал, мум, прополис, гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр ва ғайра) дар дохил ва хориҷи кишвар боиси даромади зиёд, ворид гардидани асъори хориҷӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми ҷумҳурӣ мегардад.

Захираҳои мавҷудбудаи растаниҳои шаҳддиҳандаи ҷумҳурӣ (зиёда аз 5млн .га) имконият медиҳад, ки дар ҷумҳури зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда, соле 10-12 ҳазор тонна асал ва ба миқдори зиёд маҳсулоти дигари он истеҳсол карда шавад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудан ва рушди мунбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ иҷро намудани чорабиниҳои зеринро ҳатмӣ мешуморад.          Имрӯз дар ҷумҳурӣ ягона корхонае, ки ба парвариш ва афзун намудани миқдори оилаҳои занбӯри асал машғул аст, Корхонаи воҳиди занбӯрпарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.Вазифаи асосии ин корхона таъмин намудани занбӯрпарварони ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли моликияташон бо тамоми асбобу анҷоми занбӯрпарваронӣ , тайёр ва коркарди маҳсулоти занбӯри асал , барқарор намудани оилаҳои хушзоти занбӯри асал мебошад. Инчунин корхонаи мазкур корҳои зеринро амалӣ менамояд:

-ҷорӣ намудани технологияи нав барои баланд бардоштани ҳосилнокии асал ва дигар маҳсулоти он;                                       —

-расонидани ёрии байтори, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва дар оянда хоҷагиҳои занбӯрпарвар ва дӯстдорони занбӯри асал паҳн намудани он;

-ташкили семинарҳо ва гузаронидани дарсҳои омӯзиши соҳаи занбӯрпарварӣ;

-ташкил намудани манбаи устувори хӯроки занбӯри асал ҷонноккунонии хизматрасонии агроветеринарӣ дар соҳаи соҳаи занбӯрпарварӣ бо роҳҳои гузаронидани чорабиниҳо барои гардолудкунии зироатҳои кишоварзӣ ва мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал якҷоя бо Сарраёсати байтори бо Инспексияи байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Бояд тазаккур дод, ки ҳолати имрӯзаи базаи моддиву манави Корхонаи воҳиди занбӯрпарварӣ хароб хароб гардида эҳтиёҷоти аҳолиро асбобу анҷом технологи таъмин карда наметавонадаз сабабҳои асосии ба занбӯри асалпарварӣ машғул нагардидани хоҷагиҳо ва аҳолӣ мебошад.

Барқарор кардани сехҳо оид ба тайёр асбобу анҷоми технологӣ таъмин карда наметавонад. Ин яке аз сабабҳои асосии ба занбӯри аслпарвари машғул нагардидани хоҷагиҳо ва аҳолӣ мебошад.

Барқарор кардани сехҳо оид ба тайёр кардани асбобу анҷоми занбӯрпарварӣ дар Корхонаи воҳиди занбӯрпарварӣ , барқарор кардани онҳо дар вилоятҳо ва шаҳрҳои калон ва ба онҳо таъмин намудани эҳтимёҷоти ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Дар сеху корхонаҳо истеҳсоли аролбаҳо (присепҳо)-ро барои аз як ҷо ба ҷои дигар бурдани занбӯрҷойҳо (пасека) ба роҳ мондан даркор аст.

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи занбӯри асал Маркази ҷумҳурявии дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо ҳангоми татбиқи Барномаи инкишофи истеҳсолоти кишоварзии маҳаллӣ ва идораи ҳавзаю дарёҳо дар ноҳияҳои Ванҷ, Данғара, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Рашт, Нуробод, Мастчоҳи Кӯҳи, Айни ва Панҷакент мусоидат хоҳад кард.

Бояд қайд намуд, ки корхонаву сехҳои истеҳсоли асбобу анҷоми занбӯрпарварӣ моликияти давлатӣ мемонанд.

Барои таъмини кори зотпарварӣ дар ҷумҳурӣ ба Корхонаи воҳиди занбӯрпарварӣ лозим аст, ки камаш 1000 оилаи занбӯри асал дошта бошад, ки ба шароити табии Тоҷикистон мутобиқ бошанд.

Корҳои тадқиқоти илмӣ, назорати тозагии зот, ноҳиябандии он аз тарафи Институти тадқиқоти илмии чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар заминаи Корхонаи воҳиди занбӯрпарварӣ анҷом дода шаванд. Омӯзиши касалиҳои занбӯри асал аз ҷониби Институти тадқиқоти илмии ветеринарияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

 Барномаи занбӯри асал

 КВДЗ «Асали Тоҷикистон» дар миқёси ҷумҳури ягона корхонаи занбӯрпарвариест, ки мақсади асосии он ёрӣ расонидан ва таъмин намудани занбӯрпарварони ҷумҳури сарфи назар аз шакли моликият ва фаолияташон, бо ҳама гуна асбобу анҷомҳои занбӯрпарварӣ, коркарди мум, таёр кардани муми варақин (вашина), оилаҳои хурди занбӯри асал, баланд бардоштани маҳсулнокии он ва пурқувват гардонидани истеҳсолоти маҳсулоти занбӯри асал, ҷорӣ намудани техналогияи ҳозиразамон, ба роҳ мондани корҳои хушзоткунӣ, расонидани ёрии зооветеринари, инчунин гузаронидани чорабини ва семинарҳои ҷумҳуриявӣ, ташкил намудани содироти маҳсулоти занбӯри асал махсусан асали хушсифат мебошад.

Бо назардошти он, ки 93%-и ҷумҳуриро кӯистон ишғол менамояд барои ташкил ва парвариш намудани занбӯри асал қулай мебошад. Захирахои зиёди растанихои асалдихандаи ҷумҳурӣ, ки зиёда аз 4-млн гектарро ташкил медиҳад имкон дорад, ки зиёда аз 600-ҳазор оилаи занбри асал парвариш карда, соле 8-10-ҳазор тонна асали аз ҷиҳати экологи тоза ва миқдори зиёди махсулоти дигари занбури асал, аз қабили мум, гарди гул, шири модарзанбӯр, ширеш ва заҳри занбӯр истеҳсол карда шавад.

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ ва қонеъ гардонидани бозори дохили ва хориҷи, инчунин афзоиши ҳаҷми содироти ҳама гуна маҳсулоти занбӯри асал Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010»-ро қабул кард, ки ба пешравии соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Чунки то қабули Барнома дар ҷумҳурӣ ба 01.01.2006 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ ҳамагӣ 49600 оилаи занбӯри асал парвариш меёфту халос. Тасдиқи барномаи соҳа ба зиёд гардидани оилаҳои занбӯр ва истеҳсоли асал замина гузошт. Мувофиқи замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №338 аз 1.09.2005 нишондиҳандаи дурнамои зиёд кардани миқдори оилаҳои занбӯри асал дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар солҳои 2006- 63527, 2007- 79500, 2008- 99300, 2009- 124148 оила расонида мешуд, локин дар асл ин нишондод дар солҳои 2006- 64800, 2007- 94600, 2008- 119000 ва ба 1.01.2009 140000 оила расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраҳои солҳои гузашта дар соли 2006 15200, соли 2007 29800, соли 2008 18906, соли 2009 15852 оилаи занбӯри асал зиёд гардид.

Аз 140000 оилаи занбӯри асали дар ҷумҳурӣӣ парваришёбанда дар ВМКБ 5,5-ҳазор оила, вилояти Суғд 21.5-ҳазор, вилояти Хатлон 39,85-ҳазор ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад 73,2 ҳазор оилаи занбӯри асалро ташкил медиҳад.

Асал, ки яке аз маҳсулотҳои асосии занбӯри асал ба шумор меравад бо зиёд гардидани шумораи оилаҳои занбӯри асал истеҳсоли ин маҳсулот низ сол ба сол зиёд гардида истодааст. Мувофиқи замимаи 3-и қарори мазкур ҳаҷми истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ дар солҳои 2006- 1272, 2007- 1590, 2008- 1986, 2009- 2482 тонна зиёд мегардид, аммо ин нишондод тавре, ки аз маълумотҳои оморӣ бар меояд дар соли 2006- 1523,4, 2007- 1964,7, 2008- 2058,7 ва ба 1.12.2009 ба 2700 тонна расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраҳои соли 2006- 251,4, 2007- 374,7, 2008- 72,7, ба 1.12.2009 218 тонна зиёд мебошад. Аз ҳисоби барномаи соҳавӣ барои барқарор ва зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал, хариди асбобу анҷом ва занбӯри зотти дар давраи солҳои 2006-2009, 900-ҳазор сомонӣ аз буҷети ҷумҳури ҷудо гардид, ки ба ин маблағ 1804 оилаи занбӯри асал бо ҳама гунна асбобу анҷомҳои барои занбӯрпарварӣ лозим буда харидори шуда дар 41 боғчаҳои занбӯрпарварӣ парвариш ёфта истодаанд. Инчунин 100 сар модарзанбӯри зотӣ «Карпатӣ», ки ба шароити ҷумҳурӣ мутобиқ аст ба занбӯрпарварон дастрас карда шуд.

Аз ҳисоби модаршоҳи зотӣ «Карпати»-и соли 2007-ум ба ҷумҳурӣ ворид гардида, соли 2008 дар корхона 55 сар ва соли ҷори бошад 104 сар модаршоҳи бордоршуда бароварда шуд, ки аз ин 75 сар бо оилаҳои хурд ва занбӯрпарварони ҳаваскори ҷумҳурӣ ба фуруш бароварда 29 сари дигарро бе оила ба боғчаҳои занбӯрпарварии Корхона барои зиёд намудани зоти «Карпатӣ» ва пурмаҳсул гардонидани оилаҳои дар ихтиёри корхона буда равон намудем.

Тавре, ки маълум аст соли 2010 анҷоми Барномаи «Барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» мебошад. Дар давоми чор соли фаъолияти Барнома нақшаи чорабиниҳо барои рушди соҳа, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоҷикистон» дар мӯҳлатҳои нишондода шуда иҷро гардиданд.

Бо мақсади дар оянда зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал, бо ҷойҳои нави кори таъмин намудани оҳолии деҳот, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти занбӯри асал, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти бозори дохила ва ба хориҷ баровардани асали аз ҷиҳати экологӣ тоза лозим меояд, ки Барномаи нави соҳаро барои солҳои 2011-2015 таҳия намуда, шумораи оилаҳои занбӯри асалро то 200 ҳазор оила ва истеҳсоли асалро ба 4 ҳазор тонна расонем.

Бо ин мақсад ба мо лозим меояд, ки занбӯрпарварони ҷумҳуриро бо асбобу анҷомҳои занбӯрпарвари, муми варақин ва дорувори таъмин намоем ва ба занбурпарварон имконият фароҳам созем, ки асали аз ҷиҳати экологи тоза истеҳсол намуда барои ба хориҷи кишвар ба фуруш баровардан ҷавобгу бошад.

Барои ба хориҷи кишвар баровардани маҳсулоти занбӯри асал лозим меояд, ки дар корхона лабораторияи махсуси санҷиши сифати асал, дастгоҳи тозакунии асал (филтр), дастгоҳи хушккунии гарди гул, дастгоҳи бастабандии маҳсулоти занбӯри асал ва дастгоҳи навтарини истеҳсоли муми варақин харидори намоем.

Барои амалӣ гардидани Барнома лозим меояд, ки маблағгузории Барномаро ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷети ба 800 (ҳаштсад) ҳазор сомони расонида ва зиёда аз 1000 нафаро бо ҷои нави кори таъмин намоем.

Соҳаи занбӯрпарварӣ дар шароити кӯҳсори ҷумҳурӣ соҳаи сердаромад ба ҳисоб меравад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.09.2005 №338 тасдиқ гардидани Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 ба пешравии соҳа мусоидат намуд.

Дар асоси қарори мазкур соли ҷорӣ 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Бо ин маблағ зиёда аз 500 оилаҳои занбӯри асал харидори гардида, дар мувофиқа бо роҳбарияти вазорат ба вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 80, Суғд 70, Хатлон 150 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 200 оила дастрас гардид. Дар ин давра бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти вазорат сехи истеҳсоли муми варақӣ ба кор дароварда шуд. Ҳоло барои фурӯш дар корхона 1628 кг муми варақӣ тайёр карда шудааст.

Инчунин дар корхона машварати васеи корӣ бо иштироки роҳбарияти вазорат ва занбӯрпарварони корхона доир гардид, ки он барои пешравии кори занбӯрпарварон мусоидат хоҳад кард.

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 134,5 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд аст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 16000 оила зиёд мебошад.

Дар асоси супориши Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.05.2009 №6 соли ҷорӣ санаи 8-уми август дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва санаи 15-уми август дар шаҳри Душанбе Озмуни «Рӯзи асал-2009» баргузор гардид.

Инчунин санаи 31-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Тавилдара Семинари Ҷумҳуриявии занбӯрпарварӣ баргузор гардид, ки дар он намонядагони тамоми минтақаҳои ҷумҳури ширкат варзиданд.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Протоколи мазкур дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санаи 8-ум ва дар шаҳри Душанбе санаи 15-уми август Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзи асал-2009» баргузор гардид. Ин анъана ба хотири рушди минбаъдаи соҳаи мазкур ҳамасола дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад.

Бо қабул гардидани «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» барои таъмини пешрафти соҳа соли 2010 250 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. (Соли 2006 — 200 ҳаз., 2007 — 156 ҳаз., 2008 – 321 ҳаз., ҷамъ дар 4 сол 927 ҳаз. сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст).

Дар асоси барномаи мазкур соли 2009 250 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Бо ин маблағ зиёда аз 500 оилаҳои занбӯри асал харидори гардида буд.

Соли 2010бошад, ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ 400 оилаи занбӯри асал бо тамоми таҷҳизоташ харидорӣ шуда, ба асалпаварони вилояти Хатлон 210 адад, вилояти Суғд 50, ВМКБ – 90 ва НТҶ – 50 оилаи занбӯр тақсим карда шуд. Дар натиҷаи татбиқи барнома давоми панҷ соли ахир миқдори истеҳсоли асал аз 850 тонна дар як сол ба 2700 тонна ва миқдори оилаҳои занбӯри асал бошад, аз 49 ҳазор ба 140 ҳазор расонида шудааст.

Таҷрибаҳои илмию истеҳсолӣ нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бо занбӯри асал гардолуд шудан ҳосили пахта, боғот, офтобпараст ва дигар растаниҳои энтомофилӣ аз 30 то 50 фоиз меафзояд. Захираҳои мавҷудбудаи растаниҳои шаҳддиҳандаи ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда, соле 10-12 ҳазор тонна асал ва ба миқдори зиёд маҳсулоти дигари он истеҳсол карда шавад.       Бо мақсади боз ҳам тарқкӣ додани соҳаи мазкур, аз тарафи мутахассисони вазорати кишоварзӣ лоиҳаи Барномаи соҳаи занбурпаарварӣ барои панҷ соли минбаъда таҳия гардида, рӯзҳои наздик ба ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

Вазорати кишоварзӣ дар навбати худ барои таъмини пешрафти соҳа аз тамоми имконияту воситаҳо истифода мебарад. Зиёд намудани оилаҳои занбӯри асал ва майдони кишти зироатҳои асалдеҳ,ба вуҷуд овардани зотҳои нав, истифодаи таҷрибаи пешқадам, чопи маводҳои методӣ, бунёди мағозаву дӯконҳои махсусгардонидашуда ва дастгирии ҳамаҷонибаи занбӯрпарварон минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.