Эълон! Озмун!

Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмуни кушода эълон менамояд:
1. Сармутахассиси шуъбаи Бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзӣ дар вилояти Суғд маоши мансабӣ 2320 сомонӣ;
ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ (муҳандис-механик), 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.
ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРИИ ПЕШНИҲОДШАВАНДА:
- ариза ба унвони роҳбари мақомот;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо бо 2 адад акси 4х6;
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ (СИН);
- маълумотнома аз мақомоти андоз оид ба андоз аз даромад ва оид ба вазъи молу мулкӣ;
- нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- маълумотнома (объективка);
- папка файли 60 варақа(кабуд);
- Тавсифнома аз ҷойи кори охирон;
Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо, на камтар аз 21 рӯз, пас аз чопи эълон дар бораи
гузаронидани озмун.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ - 23.
Телефонҳо барои маълумот: 233-30-85, 233-30-85.