Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоГузориши матбуотӣ 28.03.2022

Гузориши матбуотӣ 28.03.2022

28.03.2022

Рафти шудгор ва кишти  зироатҳои кишоварзӣ

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат барои истеҳсоли соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ бояд дар майдони 611797 гектар шудгор гузаронида шавад. Ба ҳолати 28.03.2022 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 593990 гектар шудгор гузарониданд, ки  рафти корҳои саҳроӣ бо маром идома дорад.

Дар ҷумҳурӣ кишти тирамоҳӣ тибқи дурнамо 158019 гектар буда, тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2022 170189 гектарро ташкил медиҳад, 108% мебошад.

Дар асоси маълумотҳои Раёсати растанипарварии вазорат тибқи дурнамо дар ҷумҳурӣ 114657 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 29087 гектар зироатҳои равғандеҳ, 40000 гектар картошка, 18579 гектар полезӣ ва 41533 гектар сабзавот мебошад.

Ба ҳолати 28.03.2022 дар ҷумҳурӣ 68268 гектар кишти баҳории ғалладонагиҳо, 9620 гектар зироатҳои равғандеҳ, 9491,3 гектар картошка, 3133 гектар полезӣ ва 18890 гектар сабзавот кишт карда шудааст.

Аз ҷумла дар вилояти Хатлон нақшаи кишти ғалладонагиҳо 27364 гектар, иҷро шуд 12642 гектар, сабзавотҳо нақша 20520 гектар, иҷро шуд 13452 гектар, картошка нақша 7800 гектар, иҷро  шуд 5772 гектар,  дар вилояти Суғд нақшаи кишти ғалладонагиҳо 67336 гектар, иҷро шуд 44256 гектар, сабзавотҳо нақша 9720 га, иҷро шуд 2976 гектар, картошка нақша 18500 гектар, иҷро шуд 2001 гектар ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ нақшаи кишти ғалладонагиҳо 16067 гектар, иҷро шуд  11360 гектар, сабзавотҳо нақша 10886 гектар, иҷро шуд 2463 гектар, картошка нақша 11700 гектар, иҷро шуд 1715 гектар.

Рафти бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёви бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор

Дар асоси маълумоти фаврии Раёсати растанипарварӣ ба ҳолати 28.03.2022 рафти бунёди боғу токзори нав ва коркарди кимиёви бар зидди ҳашаротҳои зараррасону касалиҳои боғу токзор дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ оғоз ёфта, дар майдони 1861 гектар боғу токзори нав бунёд намуданд, ки аз он боғ 1748 гектар, токзор 113 гектар буда, боғҳои интенсивӣ 86  гектар ва барқароркунии боғу токзори куҳна 1229 гектарро дар бар мегирад.

Инчунин ба ҳамин давра дар майдони 68378 гектар коркарди байни қаторҳо, 85579 гектар буриши навдаҳо ва дар майдони 35622 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст.

Фаъолияти гармхонаҳои доимамалкунанда

То санаи 28.03.2022 дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамовии ҷумҳурӣ дар майдони 111 гектар кишти сабзавот дар  гармхонаҳои доимоамалкунанда гузаронида шудааст, ки аз он  помидор 57,1 гектар, бодиринг 28,7 гектар  ва дигар сабзавотҳо 25,2 гектарро ташкил медиҳад.

Ба ҳамин давра ба миқдори 928,8 тонна сабзавот аз гармхонаҳои доимоамалкунанда истеҳсол намуданд, ки аз он помидор 385,1 тонна, бодиринг 266,5  тонна ва дигар сабзавотҳо 277,2 тонна мебошад.

Воридот ва вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ

Мувофиқи маълумоти фаврӣ оид ба воридоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар ду моҳи соли 2022 ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 319 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардида, аз он: тракторҳо 113 адад, комбайни ғалладарав 6 адад, испори тракторӣ 100 адад, мошини алафдаравӣ 1 адад, кулухмайдакунак (фреза) 10 адад, култиватор 4 адад, тойбанду тагрезчин 20 адад, дорупошак 7 адад, нурипошак 5 адад , картошкаканак 3 адад ва картошкашинонак 12 адад.

Инчунин, техникаи ёрирасони соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла: экскаватор 23 адад, боркунак (погрузчик) 16 адад, булдозер 8 адад ва техникаҳои роҳсозӣ 3 адад ворид гардидааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ оид ба вазъи техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба ҳолати 01.01.2022 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 27600 адад тракторҳои  гуногунтамға мавҷуд буда, 77%-и он омодаи кор мебошад.

Аз он 1613 адад (66%) тракторҳои шудгоркунанда, 1100 адад (83%)  комбайни ғалладарав, 8591 адад (82%) ядакҳои тракторӣ, 10315 адад (87%) испорҳои тракторӣ, 3387 адад (85%) култиваторҳо, 2246 адад (88%) тухмипошакҳо аз он: 1885 адад (89%) тухмипошакҳои пахта, 1459 адад (88%)  достҳои тракторӣ, 801 адад (90%) тойбанду тагрезчин, 142 адад (68%) комбайнҳои хӯроки чорвоғундор, 21 адад (74%) комбайнҳои ҷуворимаккағундор, 493 адад (83%) картошкаканакҳо, 191 адад (95%) картошкашинонакҳо, 36 адад (62%) мошини пахтачинӣ ва 285 адад (84%)  алафҷамъкунакҳо дар кишту кор иштирок намуда истодаанд.

Наслгирии чорвои майда

Бо мақсади муташаккилона гузаронидани маъркаи наслгирї аз чорвои майда фармоиши Вазорат аз 31 январи соли 2022, №11 ба тавсиб расида, гурўҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Дар асоси фармоиши мазкур ташкилотњои зертобеи самти чорводории вазорат, сарраёсату раёсат ва шўъбаҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, барои омодагӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи наслгирӣ чораҷўӣ намоянд.

Боиси зикр аст, ки мутобиқи маълумоти оморӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)- и ҷумҳурӣ 395323 сар меш ва модабуз мавҷуд буда, дурнамои наслгирӣ дар соли ҷорӣ 355924 сарро ташкил дода ба 100 сар меш ва модабуз 90 сари рост меояд.

Аз рўи маълумоти фаврӣ ба ҳолати 28.03.2022 дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ 255510 барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17695 сар зиёд буда, ба 100 сар меш ва модабуз 32 сар рост меояд. Айни замон маъракаи наслгирӣ бо маром идома дорад.

Шуъбаи матбуот ва иттилоот

Тел: 2-35-39-23