Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоМулоқоти Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани лоиҳаи Барномаи рушди кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Мулоқоти Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани лоиҳаи Барномаи рушди кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

31.03.2022

Рўзи 29-уми марти соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ бо Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба омода намудани лоиҳаи Барномаи рушди кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баргузор гардид.

Ҳадаф аз таъсисёбии Гурўҳи кории байниидоравӣ баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад.  

Шуъбаи матбуот ва иттилоот