Тамос бо мо: +992 783-99-88-77
    АсосӣХабарҳоБойгонии хабарҳоШиносоии муовини якуми вазири кишоварзӣ аз рафти корҳо дар соҳи кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

Шиносоии муовини якуми вазири кишоварзӣ аз рафти корҳо дар соҳи кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

08.04.2022

Бо мақсади шиносоӣ аз вазъи корҳои соҳаи кишоварзӣ ва ҳолати омодагии иншоотҳои ҷашнии соҳаи кишоварзӣ муовини якуми Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Музаффар Бурҳон дар вилояти Суғд  сафари корӣ анҷом дод.

Боиси зикр аст, ки санаи 5 апрел аз ҷониби муовини якуми вазир Музаффар Мирзозода  ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода  рафти маъракаи наслгирӣ аз моли майда дар якчанд хоҷагиҳои ноҳияҳои Б.Ғафуров ва  Мастчоҳ аз наздик дида баромада шуда ба сарчупонҳое, ки дурнамои наслгириро сари вақт ва барзиёд иҷро намудаанд, туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Ҳамзамон дар ин рўз Ситоди вилоятии мубориза бар зидди малах баргузор гардид, ки дар кори он масъулини мақомотҳои иҷроияи окимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои дахлдор, сардорони раёсатҳои кишоварзии аксари шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар ин чорабинӣ муовини якуми вазир ва раиси вилояти Суғд баромад намуда, барои дастгириҳои пайваста ҷиҳати мубориза бар зидди малах ба роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ миннатдорӣ баён намуданд. Ҳамзамон иброз намуданд, ки масъулини Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро зарур аст, ки барои эмин нигоҳ доштани майдони зироатҳои кишоварзӣ ва чарогоҳҳо аз зарар малах тамоми чораҳо андешида шаванд.

Инчунин муовини якуми вазири кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо муовини раиси вилояти Суғд аз ҳолати иншоотҳои ҷашнии соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ашт ва шаҳри Панҷакент боздид ба амал оварданд. Бояд зикр кард, ки омодагии иншоотҳои соҳаи кишоварзӣ барои ифтитоҳи дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, аз ҷониби масъулини соҳа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои зикргардида тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодааст.   

Шуъбаи матбуот ва иттилооти ВКҶТ