Боздиди Вазири кишоварзӣ аз пойгоҳи таълимии ДАТ
Санаи 12 апрели соли ҷорӣ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъди Ғаффор, раиси Дафтари ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии Барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон Иброҳим Эрбӣ бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои саҳроӣ дар боғи интенсивӣ ва ниҳолпарварии таҳқиқотӣ ва таҷрибавии навтаъсис, ки дар ҳамкорӣ миёни Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар доираи Барномаи рушди боғпарварӣ дар Тоҷикистон дар масоҳати 2,5 гектар дар пойгоҳи КВТТ “Ҳисор”-и Донишгоҳи аграри Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур воқеъ дар шаҳри Ҳисор ташкил карда шудааст, дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ аз ҷониби Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ. ба масъулини донишгоҳ ҷиҳати тақвияти корҳо ва самарабахш ба роҳ мондани технологияи парвариши ниҳолҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Шуъбаи матбуот ва иттилооти ВКҶТ