Боздиди Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ аз рафти корҳои саҳроӣ дар Конибодом
Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ якҷоягӣ бо муовини Раиси шаҳри Конибодом Фирдавс Ёдгорӣ ва сардори Шуъбаи чорводории Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Шарифиён Маъруфҷон аз рафти кишти пахта, ҳолати нашъунамои зироатҳои ғалладонагӣ ва вазъи боғҳои мевадиҳанда аз ҷумла зардолу дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд боздид намуданд.
Бояд қайд кард, ки тибқи дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2022 дар шаҳри Конибодом кишти пахта дар майдони 5400 гектар ба нақша гирифта шудааст, ки то ба имрӯз зиёда аз 4100 гектар кишти пахта гузаронида шудааст, ки 76%-и иҷрои нақшаи дурнаморо ташкил дода, кишт бо маром идома дорад.
Дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии шаҳри Конибодом тибқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 01.01.2022 кишти ғалладонаи тирамоҳӣ (гандум ва ҷав) дар майдони 703 гектар (109%) гузаронида шудааст.
Инчунин тибқи маълумоти фаврӣ то имрӯз дар майдони 231 гектар зироатҳои ғалладонаи баҳорӣ (гандум ва ҷав) кишт гардидааст, ки 136%-и иҷрои нақшаро дар бар мегирад.
Ҳамзамон дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр майдони боғи зардолу зиёда аз 11350 гектар, аз он ҳосилдеҳ 8450 гектарро ташкил дода, айни замон дар ҳолати ғуррабандӣ қарор доранд.
Дар рафти боздид Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ барои ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани кишти пахта тибқи нақшаи дурнамои сохтори кишт, ҷоннок намудани ғизодиҳии зироатҳои ғалладонагиҳо ва пешгирӣ кардани боғҳо аз касалию ҳашаротҳои заррасон ба масъулини соҳа дастуру фаҳмондадиҳиҳо гузаронида шуд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот