Сафари кории Вазири кишоварзӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
17.04.2022
18-уми апрели соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Каримзода Саъдӣ Ғафор бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сафар намуданд.
Дар рафти сафар вазири кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо муовини раиси ноҳия Абдуллозода Ф. ва Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Ҳакимбоев Х. аз рафти кишти зироатҳо, самти чорводорӣ ва растанипарварии Ҷамоатҳои деҳоти Зарзамин ва Унҷӣ дидан намуданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот