Сафари кории вазири кишоварзӣ ба ноҳияи Ҷ.Расулов
18 апрели соли равон Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Саъдӣ дар доираи сафари корӣ бо максади дидан намудан аз рафти корҳои саҳроӣ, кишти ғалладонагиҳо, сабзавот, ҳолати гармхонаҳо ба ноҳияи Ҷ.Расулов ташриф оварданд.
Вазири кишоварзӣ Каримзода Саъдӣ ҳангоми боздид аз рафти корҳои саҳроӣ ва нашъу намои зироатҳо ба масъулин, Сардори раёсати чорводории вилояти Суғд Шарифиён Маъруф, муовини раиси ноҳия Аҳмадзода Илҳом ва сардори раёсати кишоварзии ноҳия Бобозода Хайрулло барои меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавот дар шароити гармхона ҳама фасли сол фаъолияти назаррас ва дар таъмини бозор бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда доранд, ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру пешниҳод ва тавсияҳои муфид доданд.
Шуъбаи матбуот ва иттилоот